СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ АБРЕШИМ МЕАФЗОЯД

Корхонаҳои зиёди саноатии вилоят барои содири маҳсулот ва афзоиш додани ҳаҷми он талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Корхонаҳои зиёди саноатии вилоят барои содири маҳсулот ва афзоиш додани ҳаҷми он талоши зиёд ба харҷ медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосӣ ишғоли бозорҳои мамолики хориҷӣ мебошад. Кластери кирмакпарварии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Нурли тонг силк”-и шаҳри Марғелон дар ин раванд хеле пешдаст шудааст.
Ин корхона ба хориҷ аз кишвар маҳсулоти худро содир менамояд. Ҳиндустон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ветнам ва Миср аз шумори кишварҳое мебошанд, ки маҳсулоти ин корхонаро ворид мекунанд. Соли гузашта корхонаи кластерӣ ба маблағи 3 миллион доллари ИМА маҳсулоти абрешимии тайёр ва нимтайёри худро содир намудааст. 
Ба гуфтаи раҳбари корхонаи мазкур Мақсудҷон Қосимов то ин давраи соли равон ҳаҷми маҳсулоти содирнамудаи он 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил менамояд. Кластери кирмакпарварии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Нурли тонг силк”-и шаҳри Марғелон бо шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавриди парвариши пилла шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Мувофиқи ин шартнома соли равон шаҳри Қувасой ва ноҳияҳои Ӯзбекистон, Фурқат, Риштон ва Қӯштеппа барои корхонаи кластерӣ 561 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол кардаанд. 
– Корхонаи мо дар панҷ минтақаи вилоят 1 ҳазору 300 гектар ба парвариши майдонҳои тутзор машғул мебошад. Барои он ки ҳосили кирмакпарварӣ боз ҳам афзоиш ёбад, ҳудуди 80 дарсади тутзорҳои собиқа вайрон карда шуданд ва ба ҷои он ниҳолҳои нав шинонидем. Аз кишвари Чин ба маблағи 700 ҳазор доллари амрикоӣ ниҳолҳои тут харид кардем. Барои он ки истеҳсоли маҳсулотамон боз самаранок гардад, парвариши кирмакро маҳаллӣ кунондем ва лабораторияи замонавии худро ташкил намудем, – мегӯяд Мақсудҷон Қосимов.
Маълум шуд, ки бо ташкили кластери кирмакпарварӣ дар як мавсим 13 ҳазор қуттӣ кирмак парвариш карда мешавад. Бар ин асос корхонаи мазкур тавонистааст 13 ҳазор ҷои кори мавсимӣ фароҳам оварад. Ин шуморро асосан занҳои хонанишин ташкил менамоянд.
– Мо бо соҳибкорони Чин барои содири маҳсулоти абрешим шартнома имзо намудем. Мо ӯҳдадор ҳастем, ки ба миқдори зиёд маҳсулоти шоҳӣ, сатин, атлас ва адрасро ба ин кишвар содир намоем. Ҳадафи мо аз ҳамин иборат аст, ки дар бозори Чин мавқеи худро пайдо кунем. Баъд аз он фаъолияти худро дар Куриёи Ҷанубӣ тавсеа хоҳем бахшид, – изҳор кард Мақсудҷон Қосимов.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: