Содироти тамашки Водил меафзояд

Дар Водили ноҳияи Фарғона зиёда аз 500 гектар майдон барои парвариши тамашк ё малинаи навъҳои маҳаллӣ ҷудо карда шудааст.

Солона миқдори умумии ҳосили он ҳудуди 4 ҳазору 400 тоннаро ташкил медиҳад. Барои боз хам тараққӣ  додани он ва зиёд кардани даромади аҳолӣ, кам кардани сафи бекорон шинондани ниҳолҳои ин намуди растании буттамева барномарезӣ шудааст.

Яке аз роҳҳои зиёд кардани ҳосили растании буттамеваи тамашк истифодаи майдонҳои байни қатори  350  гектар боғ мебошад. То ин замон аллакай дар байни қатори ниҳолҳои 222 гектар боғ растании тамашкро шинонидаанд. 
Барои ба манбаи даромади ҳақиқӣ табдил додани ин соҳаи кишоварзӣ бонкҳои тиҷоратӣ ба 94 нафар бошандагони ин минтақаи вилоят 2,6 миллиард сӯм қарзҳои имтиёзнок ихтисос додаанд. Онҳо аз шумори оилаҳое мебошанд, ки дар «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд ва ба ҳар кадоми онҳо 10-15 сотихӣ замин ҷудо карда шудааст. 
Барои он ки ҳосили ҷамъоваришуда нобуд нашавад, дар корхонаи оилавии “Файзи Дадахон Мурод” як анбор бо яхдони замонавӣ, ки зарфияти он 300 тоннаро гунҷоиш медиҳад, ташкил карда шудааст. Инчунин, корхонаи хусусии “Little Bakery house” анбор бо яхдони замонавии гунҷоишаш 350 тоннаро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Соли гузашта вилояти Фарғона ба Полша, Русия ва мамолики дигари дуру наздик тамашк содир намудааст, ки даромади умумии он баробари 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Дар ояндаи наздик миқдори содирот то  ба 3-4 миллион доллар боло бурда хоҳад шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: