СОХТМОНИ КОНТЕЙНЕРҲОИ ТАБОБАТӢ

Ҳоло вазъияти муташанниҷи эпидемиологии ҷаҳон касеро бефарқ намегузорад.

Ҳоло вазъияти муташанниҷи эпидемиологии ҷаҳон  касеро бефарқ намегузорад. Пӯшида нест, ки дар ин бобат, бо вуҷуди чорабиниҳои мунтазами давлату ҳукумат, аҳвол ҳамоно мураккаб аст. Тавре ки Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев 8 июл аз тариқи видеоселектор иброз дошт, вазъияти кунунии эпидемиологии кишвар собит месозад, ки мо то ҳанӯз ба пешгирӣ ва бартараф кардани пандемия ба таври бояду шояд омода нестем.

Ҳанӯз ибтидои моҳи апрел дар маҳаллаи “Қорахон”-и ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарё барои бунёд кардани минтақаи махсуси карантин корҳои сохтмон оғоз ёфта буданд. Он 15 гектарро ташкил намуда, барои 1000 нафар миҷоз пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар ин минтақа ба таври иловагӣ шифохонаи махсус, ки дорои 100 ҷойи табобатӣ мебошад, бунёд мегардад. Маҷмӯи мазкур аз контейнерҳои махсуси ҷиҳозонидашуда иборат буда, айни замон корҳои сохтмон дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Дар ин ҷо барои беморон ва ба карантингирифташудагон тамоми шароитҳои лозимӣ муҳайё карда мешавад. Дар он шуъбаҳои ҷарроҳӣ, эҳё, муолиҷа, лаборатория мавҷуд буда, дорухона, ошхона ва дигар хонаҳои зарурӣ дорад. Барои шифокорон низ хонаҳои алоҳида сохта ва тамоми шуъбаҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ таъмин карда мешаванд. Барои зудтар сохта ба истифода супурдани ин маҷмӯи тиббӣ қариб 200 нафар бинокорон шабу рӯз дар ду баст кор мекунанд.


ТАЪМИРИ ХОНАДОНҲО ДАР ДОИРАИ ИҚДОМ
То ба вуҷуд омадани пандемия одатан дар арафаи ягон иду айём ба хонадонҳои камтаъмин, бепарастормонда, ё худ ногироҳо кӯмак расонида, баъзе мушкили онҳо осон карда мешуд. Ҳоло бошад шароит тамоман дигар аст. Давр тақозо дорад, ки шароити ҳар хонадон мунтазам ва пурра омӯхта, ба дармондагон сари вақт кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида шаванд.

Айни замон дар вилояти Сурхондарё бо қатъиян риоя намудан ба тартибу қоидаҳои карантин дар доираи иқдоме, ки таҳти шиори “Ба ободонии кишвари ҷоноҷон ҳиссаи худро мегузорам” баргузор мегардад, корҳои бунёдкориву ободонӣ бурда мешаванд. Дар муддати кӯтоҳ як қатор корҳо дар ин ҷода ба анҷом расиданд. Маълум аст, ки ҳусни кӯчаву гузарҳои баъзе маҳаллаҳоямон бинобар  бетартибу бенақша сохтани хонаву ошхона, молхона, ё худ иншооти дигар халалдор шудааст. Дар доираи иқдоми зикршуда бартараф намудани чунин камбудиҳо дар мадди аввал буда, кӯмак ба оилаҳои муҳтоҷ ва таъмири хонадонҳои онҳо низ аз масъалаҳои ҳалталаб маҳсуб меёбад.
– Мувофиқи нақша дар муддати се моҳ, яъне то иди Истиқлол бояд хонадонҳоро таъмир намоем, – мегӯяд муовини ҳокими вилоят, раҳбари Садорати маҳалла ва дастгирии оила А. Хӯҷақулов. – Дар вилоят 721 маҳалла мавҷуд буда, то имрӯз 12 ҳазору 342 хонадон пурра таъмир гардид, боми 247 хонадон, ки аз офатҳои табиӣ осеби зиёд дида буданд, низ ба эътидол оварда шуд. Ин корҳои хайру савобро ба ҳамин тартиб давом дода, то даҳаи аввали моҳи август озмунҳои “Обод хонадон”, “Обод кӯча” ва “Обод маҳалла”-ро ҷамъбаст мекунем ва дар арафаи ҷашн ғолибонро сарфароз менамоем.
Оре, новобаста аз шароити пандемия дар маҳаллаҳои вилоят бо ҷалби ҳомиёни саховатпеша  корҳои ободонӣ авҷ мегиранд. Зеро дар ҷое, ки ободӣ, тозагиву озодагӣ ҳаст, дар он ҷо фаровонӣ, файзу барака ҳам мешавад.
Олим ПАНҶИЗОДА, 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: