Президент Шавкат Мирзиёев Ҳангоми сафараш ба вилояти Самарқанд, ки 26 июли соли равон ба вуқӯъ пайваст, бо лоиҳаи сохтмони маркази сайёҳӣ дар ҳудуди канали қаиқронии ноҳияи Самарқанд шинос шуда, бобати дар ин ҷо ташкил кардани ҷойи истироҳат бо шароитҳои хуб барои сайёҳони хориҷӣ, маҳаллӣ ва аҳолии вилоят супоришҳо дода буд.
Алҳол дар ин ҳудуд, ки 360 гектарро ишғол менамояд, корҳои сохтмон оғоз ёфтанд. Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гардид, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Раматов, ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов, кормандони масъули як қатор вазорату идораҳо, намояндагони ширкатҳои ваколатдори сохтмон иштирок карданд.
Мувофиқи суханони масъули лоиҳа Темур Сой маркази сайёҳӣ аз ду ҳудуд таркиб ёфта, дар қисмати шимолии канали қаиқронӣ қасри замонавии анҷуманҳо, ду меҳмонхонаи панҷситорадор ва ду меҳмонхонаи чаҳорситорадор, ҳамчунин иншооти дигар бунёд меёбанд. Ҳудуди мазкур минтақаи тиҷоратии марказ хоҳад шуд.
Қисмати ҷанубӣ барои сайёҳии дохилӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо шаш меҳмонхона, аквапарк, иншооти варзишӣ, тарабхона ва қаҳвахонаҳо, нуқтаҳои савдо оид ба фурӯши маснуоти миллӣ ҷойгузин мешаванд. Аз ҳама муҳимаш дар ин минтақа дендропарк бунёд мекунанд, ки ҷойи истироҳати оилаҳо хоҳад шуд. Дар ин ҷо се ҳазор нафар дар як вақт саёҳат ва истироҳат карда метавонанд.
Роҳҳои ин ҳудуди маркази сайёҳӣ асосан барои электромобилҳо пешбинӣ гардидаанд. Барои саёҳат пайроҳаҳои велосипедронӣ ва пиёдагард сохта мешаванд.
Сохтмони маркази нав бо нигоҳ доштани шароит ва имкониятҳои табиии канали қаиқронӣ ба фароҳам оварда шудани имкониятҳои беш аз пеш мусоиде, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ бошанд, ҳамчунин барои баргузор кардани мусобиқаҳои бузурги байналхалқӣ мусоидат хоҳад кард.
Корҳои сохтмон бояд то охири соли 2021-ум анҷом ёбанд.
Ғолиб ҲАСАНОВ,
хабарнигори ӮзА.