СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ ЧОТҚОЛИ ПОЁН САР ШУД

25 ноябри соли равон ҳамчун нахустин воқеаи бастани пеши оби Неругоҳи барқи обии Чотқоли Поён дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд тавассути дарвозаҳои он дар таърихи Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» барои муддатҳои дур боқӣ хоҳад монд.

Тибқи қарори Девони Вазирон аз 31 январи соли 2020 ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Чотқоли Поён дар дарёи Чотқол шурӯъ шуда, сохтмони онро Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» бар дӯш дорад.
Неругоҳи барқи обӣ аз 4 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадоми он 22,5 МВт хоҳад буд. Иқтидори иншооти гидротехникӣ 90 МВт, истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ 11292,24 миллион киловатт/соатро ташкил медиҳад. Инчунин, пурра ба кор даромадани НБО имкон медиҳад, ки то 91,28 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад. Сохтмони нерӯгоҳ ба низоми гидрологӣ ва объектҳои гидробиологӣ, муҳити зист ва табиат ягон таъсири манфӣ намерасонад. Роҳҳое сохта шудаанд, ки ба сӯи иншооти барқи обӣ мебаранд ва барои анҷоми корҳои сохтмон аҳамияти калон доранд. 
Дар ҳудуди неругоҳ корҳои заминканӣ, насби таҷҳизоти коммуникатсионӣ, ки барои истифодабарии НБО заруранд, аллакай ба охир расидаанд. Сохтмони нақб низ, ки аз майдони сохтмони НБО обро берун интиқол медиҳад, муваффақона анҷом ёфтааст. 
Мувофиқи лоиҳа баландии обанбори Чотқоли Поён 50 метр буда, ҳаҷми умумии он 6,8 миллион метри мураббаъ мебошад. Интизор меравад, ки ин сохтмон дар давоми 60 моҳ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар он сурат зиёда аз 125 ҳазор хонавода бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Ин иншооти гидротехникӣ барои мардум муддати сад сол хизмат хоҳад кард.
Ба гуфтаи дастандаркорони сохтмони мазкур сабаби дар дарёи Чотқоли Поён сохтани иншоот сарбанди калонтарини ҷумҳурӣ – обанбори Чорбоғ мебошад, ки ба ҳисоби миёна 65 фоизи захираи оби худро аз дарёи Чотқол мегирад. Дар як сол аз дарё 4-4,5 миллиард метри мукааб об мегузарад. НБО-и сохташаванда 11 моҳ метавонад бе танаффус ва пай дар пай машғули фаъолият бошад.
Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни анҷоми корҳои сохтмон бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ омехтаи бетони махсус ба кор бурда мешавад ва аввалин сарбанди пуриқтидори типи бетонӣ унвон хоҳад гирифт. Натиҷаи ҳамин аст, ки неругоҳи барқи обӣ, ки дар ин сарбанд сохта мешавад, ҳатто дар давраи хеле афзудани талабот нисбати неруи барқ вақтҳои пурҷӯшу хурӯш мадди назар гирифта шудааст, қодир аст, ки ба қадри кофӣ неруи барқ истеҳсол кунад.
 Бо дарназардошти он, ки ҳалли техникии сарбанди асосӣ мураккабтар ва аз нигоҳи геологӣ мушкилтар аст, мутахассисони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили «Долсар инжиниринг»-и туркӣ, «U SUV ALAN»-и эронӣ ва ғайра ба кори лоиҳакашӣ ҷалб карда шудаанд. Корҳои асосии лоиҳаро Ҷамъияти саҳҳомии “Гидропроект”-и марбут ба  ҶС “Ӯзбекгидроэнерго” иҷро менамояд.
Дар ин сохтмон зиёда аз се ҳазор нафар коргарон кор мекунанд. Ба шароити душвори табиӣ нигоҳ накарда, кор дар ду баст пеш меравад. Пас аз анҷом ва мавриди истифода қарор гирифтани ин тарҳ беш аз 120 нафар мутахассисони ҷавони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.  Дар баробари ин, НБО-и Чотқоли Поён нисбат ба неругоҳҳои барқии ҳароратӣ бартариҳои зиёд дорад ва ин тафовут марбут ба он аст, ки НБО ҳатто дар давраи хеле зиёд шудани талабот ба неруи барқ бе душворӣ онро расонида метавонад. Инунин, он  дар як сол то 91283,4 метри мукааб  гази табииро сарфа менамояд, барқи аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол мекунад ва ба ҳаво пошхӯрии партовҳои зарарнокро коҳиш медиҳад, 8-10 баробар неруи барқи арзон тавлид мекунад, таҷҳизоти он ба мӯҳлати дароз мавриди истифода қарор мегирад ва амсоли он.
Бояд гуфт, ки иштироки нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар истеҳсоли қувваи барқ дар мамлакати мо сол то сол меафзояд ва имрӯз ҳиссаи он дар маҷмӯъ 15 фоизро ташкил медиҳад. Ислоҳоти пай дар пай дар соҳаи гидроэнергетика, инчунин корҳои сохтмону монтаж, ки бо суръати тез пеш бурда мешаванд, барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои саноат нисбати неруи барқ хизмат мекунанд.
Ҷиҳати дигари муҳимтарини масъала он аст, ки нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ барои таъсиси шумораи зиёди ҷойҳои нави кор заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар маркази ҳамаи ин корҳои бузург ва азим мақсадҳои наҷиб низ ҳастанд. Яъне баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ва афзун намудани иқтидори иқтисодии мамлакат аз ҳамин мақсадҳо мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”. 

Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: