Сохтмони нерӯгоҳи навбатӣ дар асоси энергияи муқобил оғоз ёфт

  • Сохтмони нерӯгоҳи навбатӣ дар асоси энергияи муқобил оғоз ёфт
  • Сохтмони нерӯгоҳи навбатӣ дар асоси энергияи муқобил оғоз ёфт
  • Сохтмони нерӯгоҳи навбатӣ дар асоси энергияи муқобил оғоз ёфт
  • Сохтмони нерӯгоҳи навбатӣ дар асоси энергияи муқобил оғоз ёфт
  • Сохтмони нерӯгоҳи навбатӣ дар асоси энергияи муқобил оғоз ёфт

Президент Шавкат Мирзиёев 24 феврал ба ноҳияи Берунии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон омад.

Дар ин ҷо дар ҳамкорӣ бо ширкати саудии ACWA Power бунёди нерӯгоҳи бодӣ дар назар аст. Ба ин муносибат маросими гузоштани санги аввали ин маҷмаа баргузор шуд.

– Қароқалпоқистон халқи меҳнаткаш, замини бой дорад. Акнун шамоли ин ноҳия ба иқтисодиёт нафъ мебахшад. Агар гӯем, ки корхонаҳои калон месозем, шарикони мо аввал мепурсанд: «Оё шумо энергетика, роҳ, инфрасохтор доред?». Аз ин рӯ, бунёди нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори 100 мегаватт кумаки иловагӣ барои иқтисоди минтақа хоҳад буд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Нерӯгоҳи барқии дар Қароқалпоқистон ягона — нерӯгоҳи барқи обии Тахиатош 65 сол пеш сохта шуда буд ва эҳтиёҷоти минтақаро қонеъ карда натавонист. Аз ин рӯ, нерӯгоҳ ба маблағи 680 миллион доллар таҷдид шуда, иқтидори иловагии 560 мегаватт ба кор андохта шуд.

Имрӯз сохтмони нерӯгоҳи нави аз ҷиҳати экологӣ тозаи барқӣ оғоз меёбад. Лоиҳа бо иқтидори солонаи 360 миллион киловатт соат аз ҳисоби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба маблағи 108 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.

Дар сурати ба кор даромадани ин лоиҳа имкон пайдо мешавад, ки 110 ҳазор хонавода бо нерӯи барқ ​​таъмин карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки соле 106 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад.

– Мо дар асоси тамоюли «Барои шаъну шарафи инсон» дар назди худ дар бобати тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Қароқалпоқистон вазифаҳои калон гузоштаем.

Дар панҷ соли наздик барпо намудани 2,5 ҳазор корхонаи нав ва қариб ду баробар зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноат ба нақша гирифта шудааст. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои ин такони пурқувват мебошанд. Аз ин фарзандонамон ва авлоди оянда баҳраманд мегарданд, – гуфт Президент.

Ширкати ACWA Power аз Арабистони Саудӣ дар тендери байналмилалӣ бо ширкати тақрибан 20 даъвогарон, ки бо кумаки техникии Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо эълон шудааст, ғолиб омад. Ин ширкат тарифи пасттаринро –  2,56 сент барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ пешниҳод кард, ки дар чаҳорчӯби шарикии давлатию хусусӣ тавлид мешавад.

Инчунин муҳим аст, ки дар сохтмони нерӯгоҳ ҳазорҳо ҷавонони қароқалпоқ иштирок кунанд. Баъди ба кор андохта шудан 100 нафар коркунони муҳандисӣ-техникии соҳибихтисос бо кори баландмузд таъмин карда мешаванд.

Лоиҳа насбии 25 осиёби бодӣ, сохтани хатти 20-километраи электрикии иқтидораш 220 киловаттро  пешбинӣ намудааст, ки он ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ пурра дохил карда мешавад. Президент зарурати эътибори алоҳида додан ба маҳаллигардонии ҷузъҳои барои лоиҳа заруриро таъкид намуд. Масалан, дар заводи «Конструксияи маъдани Тахиатош» истеҳсоли конструксияҳои ёрирасон, дар корхонаи «Нуқус электр аппарат» трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ, дар дигар корхонаҳо кабел ва даҳҳо хелҳои дигари маҳсулотро ба роҳ мондан мумкин аст.

Қайд карда шуд, ки иқтидори энергетикаи шамол дар Қароқалпоқистон хеле бузург аст.

– Ин лоиҳа, ки дар минтақаи баҳри Арал оғоз шуда, минтақаи навовариҳо ва технологияҳои экологӣ эълон шудааст, қадами аввалин дар истеҳсоли энергияи «сабз» мебошад. Дар панҷ соли оянда дар минтақа се нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори ҳудуди 1800 мегаватт ба истифода дода мешавад, – гуфт сарвари давлат.

Сипас, Президент Шавкат Мирзиёев ба таҳкурсии нерӯгоҳ капсула гузошт.

Дар маросим директори ширкати ACWA Power Муҳаммад Абдулло Абунаян, коршиносони соҳа ва намояндагони ҷомеа ширкат доштанд.

Дар мамлакат барои зиёд кардани истеҳсоли кувваи барқ бисёр лоиҳаҳо ба амал бароварда мешаванд. Соли гузашта дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ аввалин нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони ҳамин гуна нерӯгоҳ дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё оғоз ёфт.

Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба маблағи 3 миллиард доллар 10 нерӯгоҳи офтобӣ ва шамолӣ бо иқтидори умумии 2900 мегаватт сохта мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: