СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ ОФТОБИИ БАРҚ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА АМАРАТИ МУТТАҲИДАИ АРАБРО БА САТҲИ НАВ МЕБАРДОРАД

Алҳол ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва АМА ба сатҳи нав бардошта мешаванд.

Алҳол ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва АМА ба сатҳи нав бардошта мешаванд.
Аморати Муттаҳидаи Араб аз муҳимтарин кишварҳои минтақа барои мо буда, дорои имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва таҷриба бобати татбиқсозии технологияҳои муосир ва лоиҳаҳои азими сармоягузорӣ мебошад.
Бо Аморати Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла дар бораи татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак ба маблағи зиёда аз 10 миллиард доллар, ки лоиҳаҳои бузурги соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, нафту газ, кимиё ва нафту кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва ғайраро пешбинӣ менамоянд, мувофиқа ба имзо расидааст.
Яке аз бузургтарин ширкатҳои ин кишвар Masdar барои сохтани як истгоҳи барқии офтобӣ дар Ӯзбекистон 100 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Моҳи октябри соли 2019 он ғолиби аввалин озмуни кушод дар таърихи мамлакатамон барои ҷалби сармоягузорӣ ба шарикии давлатию хусусӣ дар соҳаи энергияи офтобӣ эълон карда шуд. Оғози корҳои сохтмонӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар чоряки аввали соли 2021 бояд ба истифода дода шавад.
Моҳи ноябри соли гузашта дар Тошканд байни Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ва ширкати Masdar бобати сохтмони истгоҳи фотоэлектрӣ дар вилояти Навоӣ  бо иқтидори 100 МВт созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Masdar бо пешниҳоди барои як киловатт-соат ҳамагӣ ба 2,679 сенти ИМА  интиқол додани энергияи офтобӣ баромад, ки ин яке аз нархҳои пасттарин дар бозорҳои рушдёбанда мебошад.
Ширкат тарҳрезӣ, маблағгузорӣ, сохтмон ва истифодабарии нерӯи барқро дар тӯли татбиқсозии  лоиҳа амалӣ мекунад.
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) ба ҳайси мушовир оид ба муомила ҷалб шуд, ки ба Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани тендерҳо бо иштироки зиёда аз 40 ширкат аз кишварҳои мухталиф кӯмак намуд.
Дар моҳҳои оянда тендерҳо дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ бинобар ду лоиҳаи дигар дар соҳаи нирӯи офтобӣ дар минтақаҳои Самарқанд ва Ҷиззах бо иқтидори то 200 МВт оғоз меёбад. Баъд аз ин давраи иловагӣ барои иқтидори 500 МВт дар назар дошта шудааст. Дар маҷмӯъ, ба бахши энергетика тақрибан 1 миллиард доллар сармояҳои мустақими хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.
Masdar ширкати фа-ръии холдинги сармоягузории ҳукумати давлатии Абу-Даби “Mubadalain-vestmentCompany” ва яке аз ширкатҳои пешбари байналмилалии энергияи барқароршаванда мебошад. Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшудаи ширкат зиёда аз 4000 МВт иқтидори муқарраршудаи тавлиди нерӯи барқи  манбаъҳои барқароршавандаро дар бар мегирад.

М. КОМИЛОВ. 
АИ “Дунё”.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: