Муовини вазири нақлиёт Ҷасур Чориев гуфт, ки мӯҳлати сохтмони роҳи пулакии Тошканд-Андиҷон 6 солу 3 моҳро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа дар роҳ 10 туннел сохта мешавад.
Муовини вазири нақлиёт Ҷасур Чориев дар бораи ҷанбаҳои асосии лоиҳа бо Бонки Ҷаҳонӣ оид ба роҳи пулакии Тошканд-Андиҷон маълумот дод, хабар медиҳад Gazeta.uz.
Мувофиқи маълумоти муовини вазир, 64 дарсади роҳҳо нав сохта шуда, 36 дарсад аз нав таъмир мешаванд. Роҳи категорияи I-а, ки дарозиаш 314 километр аст, аз 6 қатор иборат хоҳад буд. Мухлати сохтмони роҳ 6 солу 3 моҳ аст.
Раванд аз се марҳила иборат хоҳад буд: дар марҳилаи аввал Тошканд-Ангрен (78 км), дар марҳилаи дуюм Ангрен-Поп (93 км) ва дар марҳилаи сеюм қитъаҳои Поп-Андиҷон (143 км) бунёд мешаванд. Рох бо сементу бетон сохта мешавад.
Дар ин роҳ 10 нақб сохта шуда, дарозии умумии онҳо ба 33 километр мерасад. Туннели дарозтарин 6787 метр аст.
Сохтмони ин роҳ вақти сафар аз Тошканд то Андиҷонро 2 соату 14 дақиқа кам мекунад. Арзиши лоиҳа 4,28 миллиард долларро ташкил медиҳад (бо нархи номиналии соли 2023). Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар бораи сохтмони ин роҳ барои 49 сол эътибор дорад.