СОХТОРИ НАВИ КОРӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ВА ҶАВОНОН МУАЙЯН ГАРДИД

8 октябр таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир ба муҳокимаи чораҳои баланд бардоштани нақши бонувону ҷавонон дар ҷамъият ва таъмини онҳо бо шуғл ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

8 октябр таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир ба муҳокимаи чораҳои баланд бардоштани нақши бонувону ҷавонон дар ҷамъият ва таъмини онҳо бо шуғл ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Занону духтарон ва ҷавонон – қисми калони аҳолӣ, аксарияти масъалаҳои иҷтимоӣ низ ба онҳо вобаста.
Солҳои охир бино ба ҳамин самт дар Ӯзбекистон сохтори вертикалие офарида шуд, ки сиёсати давлатиро то дараҷаи маҳалла пеш мебарад. Оиди масъалаҳои ҷавонон дар ҳар ноҳия алоҳида ҷонишини ҳоким, то 3 нафар мутахассиси он, 3 нафар ходими шуъбаи Агентии корҳои ҷавонон, дар вилоят низ ҷонишини ҳоким, 4 мутахассиси он, 11 нафар ходими идораи Агентии корҳои ҷавонон ҷудо карда шуд.
Оиди масъалаҳои занону духтарон дар ҳар як маҳалла алоҳида ҷонишини раис, дар ноҳия – ҷонишини сардори шӯъбаи маҳалла ва оила ва 2 нафар мутахассиси он, дар вилоят бошад то 8 нафар воҳиди штатӣ дода шуд.
Ғайр аз ин, барои ҳалли масъалаҳои  ҷавонон Қабулхонаҳои халқи Президент, ба ҳалли масъалаҳои занону духтарон бошад, иттиҳодияҳои касабавӣ вобаста гардиданд. 
Лекин дар ҷойҳо ташкил нашудани ин идораҳо ва самаранок кори худро пеш набурдани чаҳор сектор пинҳон нест.
Аз ин боис дар ҷамъомади видеоселекторӣ оиди масъалаҳои занону духтарон ва ҷавонон ҷорӣ карда шудани сохтори нав таъкид ёфт. 
Маълум, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ рӯйихати оилаҳои ба ёрдам ва кӯмаки моддӣ муҳтоҷ, яъне «дафтари оҳанин» ташкил карда шуда буд. Мисли ҳамин дар доираи ҳар маҳалла, ноҳия, шаҳр ва вилоят «дафтари ҷавонон» ва «дафтари бонувон» ташкил меёбад. Ин рӯйихатҳо аз «дафтари оҳанин» алоҳида мешаванд. Ба он ҷавонон ва занону духтарони бекор, ки ба дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, психологӣ эҳтиёҷманд буда, ба дониш ва касбомӯзӣ иштиёқ доранд, дохил карда мешаванд. Дар натиҷаи ҳамин бо онҳо корҳои муттасил ва манзилнок ба роҳ гузошта мешавад.
Дар ҷамъомад сохтори кор бо ҷавонон ва занону духтарон дар мисоли ноҳияи Хатирчӣ ва шаҳри Янгиер муҳокима гардид.
Ба мутасаддиён вазифаи кор карда баровардани шакли намунавии ин сохтор, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва яктоӣ дар ҳар шаҳр ва навоҳии ҳар як вилоят, яъне дар 28 ҳудуд аз санҷиш гузаронидани он гузошта шуд. 
Ба роҳбарони сектор ва вакилони идораҳои мутасаддӣ аз рӯйи омӯзиши ҳолати ҳар як маҳалла, таҳти мулоқоти ҷудогона бо ҷавонону бонувон аниқсозии эҳтиёҷу таваҷҷуҳи онон, дар ҳамин асос андешидани чораҳои манзилнок супоришҳо дода шуданд.
– Баъд аз ин ба хонаи одамон рафта, сохтори бо кор таъминсозии шахсони ба шуғл муҳтоҷро ба вуҷуд оварданамон даркор. Акнун дар кадом ҷое, ки роҳбар хона ба хона гашта, масъалаҳоро ҳал кунад, дар ҳамон ҷо вазъият тағйир меёбад. Мақсади аз ҳама асосӣ – ба натиҷадории барқарории иқтисодӣ гузаштан, – гуфт Президент. 
Дар ҷавонон ва занону духтарон муҳимияти бедорсозии мотиватсия, ташаккул додани малакаҳои касбӣ, расонидани кӯмаки психологӣ, ҳуқуқӣ, тиббию молиявӣ таъкид ёфт.
Масалан, тавассути хидмати психологии оилавӣ ва шуъбаи адлияи ноҳия маслиҳатҳои ҳуқуқиро бепул ташкил кардан мумкин. Бо занону куҳансол лозим будани корбарии ҳамшираҳои патронажӣ, шуъбаҳои ҷавонон, маҳалла ва оила қайд карда шуд.
Гуфта шуд, ки таъмини ҷавонон ва занон ба кор муҳимтарин вазифаи ҷонишини ҳоким оиди инвеститсия, шуъбаи шуғли ноҳия ва шаҳр, Маркази дастгирии соҳибкорон, Қабулхонаҳои Сарвазир ва бонкҳо қарор гирифтанаш лозим. 
Бо шахсони машҳур, ки бо меҳнат ва иродати хеш комёбиҳои калон ба даст овардаанд, вохӯриҳо ташкил карда, ба ҷавонон ва занону духтарон мотиватсияи пурзӯр додан, омода ва паҳнсозии маводҳои аудио ва видеоии забони хориҷӣ, касбу ҳунар ва тиҷорат омӯзонанда низ самараи хуб мебахшад.
Дар ҷамъомад муҳимии васеъ дастгирисозии таҷрибаи «шартномаи иҷтимоӣ» гуфта шуд. Дар он, аввало, барои касб омӯхтан, ба кор ҷойгир шудан, худбандкунии шаҳрванд аз ҷониби давлат кӯмаки моддию иҷтимоӣ расонда мешавад.
Дар кор бо «дафтар»-ҳо лозим будани истифодаи самаранок аз имкониятҳои созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ қайд карда шуд. Муҳим будани ҳамкории  васеъ бо онҳо, мосшавии иҷтимоии ҷазоро гузашта баргаштагон, дастгирии психологии ҷавонону бонувон, омӯзондани забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар ба онҳо гуфта шуд. 
Ба ин корҳо «Институти илмӣ-тадқиқотии «Маҳалла ва оила», салоҳияти Институти омӯзиши мушкилоти ҷавонон ва омодасозии кадрҳои истиқболнок сафарбар карда мешавад. Ғайр аз ин барои ба амал баровардани барномаҳои маҷмӯӣ иборат аз омӯзондани аҳолӣ ба соҳибкорӣ ва расонидани хидматҳои микромолиявӣ ба созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ бо ставкаи 4 фоизаи солона маблағҳои қарзӣ ҷудо карда мешавад.
Дар ҷамъомад баҳри ба амал баровардани чорабиниҳо масъалаи бо манбаъҳои молиявии барқарор таъминсозии онҳо низ дида баромада шуд. 
Ба масъалаи таъмини ҷавонон ва занон ба шуғл эътибори алоҳида нигаронида шуд. 
Дар натиҷаи омӯзишҳо маълум гашт, ки 55 фоизи занону духтарони эҳтиёҷманд маълумоти миёна доранд.  Аксарияти ҷавонони бекор низ соҳиби дониш ва ҳунар нестанд.
– Дар бозори меҳнат сохтори омодасозии ҷавонон ва занону духтарон ба касбу ҳунарҳои  серталабро ба роҳ гузорем, ба кори муносиб ёфтани онҳо кӯмак кунем, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ҳал мешаванд. Барои ин нафақат муассисаҳои таълимии давлатӣ, балки ҳазорон марказҳои таълими касбу ҳунари ғайридавлатиро низ ҷалб кардан зарур, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Тавре  қайд карда шуд, дар ин бобат сохтори куллан нав ҷорӣ шуда, тавассути марказҳои таълимии касбу ҳунари ғайридавлатӣ, барои ташаккули малакаҳои касбии ҷавонон ва бонувон, дастгирии молиявии онҳо аз Бунёди барқарорӣ ва тараққиёт ба миқдори 100 миллион доллар маблағ сафарбар карда мешавад. Аз он 10 миллионаш ба касбу ҳунаромӯзии ҷавонон ва занону духтарон, 90 миллион бошад чун воми имтиёзнок ба курсҳои таълимиро хатм карда, соҳиби сертификат шудагон сарф карда мешавад. Тавассути «шартномаи иҷтимоӣ» барои харҷи таълими ҷавонон ва бонувони курсҳои таълимии касбу ҳунари ғайридавлатиро тамомкунанда, то 1 миллион сӯм субсид дода мешавад. 
Боз як масъала – классификатори касб ва лавозимҳо ба талаботи замон ва бозори меҳнат ҷавоб намедиҳад. Мисолан, дар он 2 ҳазору 484-то, яъне 70 фоиз ходим бояд соҳиби  маълумоти олӣ бошад. Хусусан, аз мутахассисоне, ки бо базаи маълумотҳо кор мекунанд, веб-дизайнерон малакаи олӣ талаб карда мешавад. Ин гуна касбҳоро дар марказҳои IT тӯли ним сол омӯхтан мумкин.
Ба китобдор, тарҷумон, агенти бонк, мутахассиси реклама барин вазифаҳои зиёд низ талаби маълумоти олӣ гузошта шудааст. Дар бозори меҳнат оиди ин касбҳо наздик 4 ҳазор вакансия мавҷуд.
Дар назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар классификатори касб ва лавозимҳо вазифаи ихтисор кардани мутахассису лавозимҳое гузошта шуд, ки маълумоти олӣ талаб мекунанд. 
Масъулияти ҷонишинҳои ҳокимон оиди масъалаҳои иҷтимоӣ ба «дафтари ҷавонон», ҷонишинҳо оиди масъалаҳои оила ва маҳалла ба «дафтари бонувон» муайян карда шуд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ ахбори ҷонишинҳои Сарвазир, вазирон ва ҳокимон шунида шуд.
ӮзА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: