СОХТОРИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ ҲАРБӢ ТАКМИЛ ЁФТ

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Гвардияи миллӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Артиши миллии мо ба ҷузъи ҷудонопазири ҷамъият, неруи пешбари кишвар табдил ёфта, барои дар руҳи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва хидматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкамсозии мавқеи фаъоли онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии шаҳрвандон хидмат мекунад. Ҳифзи Ватан новобаста ба синну сол, касб ва фаъолият вазифаи шарафноки ҳар як шаҳрванд мебошад.

Чунин андешаҳо дар рафти нишасти матбуотие, ки дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Гвардияи миллӣ баргузор гардид, гуфта шуд.

Зикр гашт, ки ҳоло дар мамлакатамон бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи системаи таълим ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар низоми таълими олӣ ва марказҳои таълимии ҳарбӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд. Инчунин низоми омодасозии кадрҳо барои Гвардияи миллӣ куллан ислоҳ гардида, ба тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Роҳбари садорати корҳои тарбиявӣ ва мафкуравӣ, полковник Зафар Алимов таъкид кард, ки бо қарори роҳбари давлат аз 15 апрели соли 2021 «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи низоми омодасозии кадрҳои касбӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҷамъиятӣ» Донишгоҳи бехатарии ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ҳоло дар он факултети такмили ихтисос фаъолият дорад. Хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони соҳа дар се сол як маротиба дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси факултет аз рӯйи 10 соҳа сабақ мегиранд. Дар ин ҷо раванди таълиму тарбияи афсарони оянда ба талаботи замони ҳозира комилан ҷавоб дода, дар асоси таълимӣ-техникӣ ва маънавию ахлоқӣ ба роҳ монда шудааст.

– Дар ҳафт соли охир ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳофизони Ватан пурзӯр шуда, бисёр оилаҳо бо манзили зист таъмин гардиданд, фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси имтиёз дохил шуданд, – гуфт роҳбари садорати шуъбаи кадрҳо полковник Аббос Муродуллоев. – Хусусан, дар маҳаллаву ноҳия, шаҳру вилоят чорабиниҳо баргузор гардида, ба ҷамъомадҳои таълимии «Мактаби темурбекҳо» бештар аз 3 ҳазор нафар ҷавонон даъват шуданд. Имрӯзҳо ҳарбиёни мо дар амал исбот мекунанд, ки аз ҷиҳати омодагии касбӣ аз ҳарбиёни артиши мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон кам нестанд. Онҳо чун давомдиҳандагони арзандаи ниёгони бузург, маҳорат, неруи маънавӣ, азму иродаи худро нишон медиҳанд.

Таъкид гардид, сохтори омода кардани кадрҳои ҳарбӣ – воситаи асосии тайёр кардани мутахассион ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор меравад. Сохтор алҳол дар масъалаҳои омӯзонидани хидматчиёни ҳарбӣ, такмили ихтисос ва аз нав тайёр кардани онҳо, омодасозии кадрҳои педагогӣ ва илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

Кормандони соҳа оид ба дигаргунӣ ва навигариҳо дар қабули довталабон ба муассисаҳои таълими олии ҳарбӣ маълумот доданд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: