Ба қарибӣ Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Куриёи Ҷанубӣ дар Сохтори умумиҷаҳонии мақомоти интихоботӣ (СУМИ) бо иштироки котиби генералии он Чой Ҷонг Хюн «мизи мудаввар» баргузор кард.
Ба қарибӣ Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Куриёи Ҷанубӣ дар Сохтори умумиҷаҳонии мақомоти интихоботӣ (СУМИ) бо иштироки котиби генералии он Чой Ҷонг Хюн «мизи мудаввар» баргузор кард.
Бояд зикр сохт, ки СУМИ ба сифати созмони байналхалқӣ моҳи октябри соли 2013 бо ситодхонааш дар шаҳри Инчони Куриёи Ҷанубӣ таъсис шудааст. Он сохтори бузургтарини мақомоти идораи интихобот дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад ва Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи он маҳсуб меёбад. Ҳоли ҳозир СУМИ 115 мақомоти интихоботии 106 кишвар ва ҳудудҳо, ҳамчунин 16 сохтор (созмон)-и минтақавиро ба сифати аъзои ҳамфикр муттаҳид менамояд.
Мақсади асосии СУМИ пешбурди ҳамкории байналхалқӣ бинобар мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи созмон, ҳамчунин баргузор кардани интихоботи кушоду шаффоф, дастгирӣ намудани мақомоти интихоботӣ бобати таҳким ва рушди асосҳои ташкиливу ҳуқуқии баргузор кардани интихоботи демократӣ ба шумор меравад.
Дар ҷараёни «мизи мудаввар» ба намояндагони СУМИ доир ба корҳои васеъмиқёсе, ки тӯли солҳои охир бинобар минбаъд такмил додани қонунгузории интихоботӣ ва амалиёт дар Ӯзбекистон гузаронида мешаванду ба татбиқ сохтани интихоботи ошкоро, ҳақиқӣ ва софдилона нигаронида шудаанд, маълумоти муфассал пешкаш гардид.
Бо мақсади беш аз пеш шинос кардани иштирокдорони чорабинӣ бо низоми интихоботӣ ва қонунгузории Ӯзбекистон ҳисоботи Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон дар шакли рисола «Интихобот – 2019: дастовардҳо, мушкилот, таклифҳо», ки ба интихоботи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ 22 декабри соли 2019 бахшида шудааст, тақдим карда шуд.
Дар доираи мулоқот ба коршиносон ҳамчунин пешниҳодҳои асосии Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис аз 29 декабри соли 2020-ум, ҳамчунин маълумоти мукаммал дар бораи чораҳое, ки ҳукумат бобати пешбурди интихобот дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва судиву ҳуқуқӣ меандешад, пешкаш гардид.
Иштирокдорони «мизи мудаввар» маълумотро дар бораи воқеаҳои ҷории Ӯзбекистон, ҳамчунин тадбирҳоеро, ки аз ҷониби сарвари давлат бинобар беш аз пеш амиқ сохтани ислоҳот амалӣ мешаванд, бо рағбати зиёд қабул карданд. Бинобар баҳои онҳо роҳбарияти мамлакат амалан «роҳи нави сиёсӣ ва иқтисодӣ»-ро, ки барои рушди бомуваффақияти Ӯзбекистон асоси мустаҳкамро таъмин мекунад, эълон кард.
Дар навбати худ Чой Ҷонг Хюн ба сатҳи ҳамкориҳои СУМИ бо Ӯзбекистон баҳои баланд дод ва манфиатдориашро аз минбаъд амиқ сохтани ҳамкорӣ бо ҷумҳурии мо, ҳамчунин сафарбар кардани намояндагони худ ба сифати мушоҳидони байналхалқӣ ба интихоботи пешистодаи президентӣ изҳор намуд.
Бинобар ақидаи котиби генералии СУМИ «Ӯзбекистон собитқадамона бо роҳи бунёди ҷамъияти демокративу ҳуқуқбунёд меравад. Вай аз он хусус изҳори эътимод кард, ки интихоботи пешистода дар сатҳи баланд мегузарад ва бешубҳа, ба кори минбаъд татбиқ намудани тағйироти демократӣ ва пешрафти мамлакат хидмат менамояд».
Чой Ҷонг Хюн ба Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон дар гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ комёбӣ орзу кард.
АИ «Дунё»,
шаҳри СЕУЛ.