СОКИНОНИ МАҲАЛЛА ХУРСАНДАНД

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Оқариқободи шаҳри Фарғона маросими кушоиши бинои нави ҷамоати шаҳрвандон ва толори варзишии мактаби таълимоти умумии рақами 39 баргузор шуд, ки бар асоси шарикии давлативу хусусӣ бунёд ёфтаанд.

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Оқариқободи шаҳри Фарғона маросими кушоиши бинои нави ҷамоати шаҳрвандон ва толори варзишии мактаби таълимоти умумии рақами 39 баргузор шуд, ки бар асоси шарикии давлативу хусусӣ бунёд ёфтаанд. 
– Аз он бояд хурсанд шуд, ки мунтазам дар қаламрави вилоятамон дигаргуниҳои бузург ба вуқӯъ мепайванданд, биноҳои наву замонавӣ сохта мешаванд. Ин ду бино ва биноҳои поликлиникаи оилавии рақами 2, инчунин сехи дӯзандагие, ки қаблан ба фаъолият оғоз намудааст, танҳо дар як ҷамоати шаҳрвандони шаҳри Фарғона сохта шудаанд. Тасаввур кардан душвор нест, ки дар садҳо ҷамоатҳои шаҳрвандони вилоят чунин бунёдкориҳои азим ба мушоҳида мерасанд ва намои маҳаллаҳо беш аз пеш зебову гуворо мегарданд, – гуфт ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.
Маълум шуд, ки ин ҷамоати шаҳрвандон марбути сектори чорум мебошад, ки ба идораи андози шаҳр тааллуқ дорад. Соли ҷорӣ маҳаллаи мазкур ба Барномаи давлатии “Маҳаллаи обод” ворид шудааст. Барои бунёди ин биноҳо аз ҳисоби маблағи давлатӣ 531 миллион, аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон 1,67 миллиард сӯм ва аз ҳисоби маблағи буҷа 2,62 миллиард сӯм харҷ шудааст.
Бар асоси Барномаи “Маҳаллаи обод” чаҳор километр роҳи дохилии он мумфарш гардидааст ва барои пиёдаҳо роҳравҳои махсус сохта шудаанд. Гузашта аз ин, барои дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ 7 километр лӯлаҳо хобонида, барои тақсими оби он манораи об бунёд кардаанд. Барои таъмини аҳолӣ бо барқи доимӣ трансформатори нав насб гардида, тавассути 57 симчӯби нав хати барқ кашида шудааст, ки дарозии он 2 километрро ташкил мекунад.
– Шабонгоҳ биёеду маҳаллаи моро тамошо кунед. Шаб мисли рӯз равшану чароғон мебошад. Аз номи ҳаммаҳаллаҳоям барои чунин ғамхориҳои беназир ба сарвари давлат ва ҳукумати кишвар арзи миннатдорӣ баён мекунам, – мегӯяд сокини маҳалла Аъзамҷон Гадоев. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: