СОЛЕ, КИ НАКӮСТ, АЗ БАҲОРАШ ПАЙДОСТ...

Рӯзҳо мегузаранд, рӯзҳо пайваст мешаванд ба моҳҳо, табдил меёбанд ба солҳо.

Чун соле ба охир мерасад, ҳама чун одат соли сипаришударо таҳлил мекунанд, ки чӣ соле буду чӣ дастовардҳо дошт. Соли сипаришуда дар ҳаёти мактаби таҳсилоти ҳамагонаи рақами 17-уми шаҳри Ангрен ва фаъолияти муаллимону хонандагони он низ нақши муҳим гузошт. 
Бинобар таъкиди ҳамкорамон, омӯзгор Ҳусниддин Ҳасанов, воқеан, соли 2018 эътибор ба таълиму тарбия ва муаллимон даҳчанд зиёд гашт. Аз фаъолияти омӯзгорон дур карда шудани ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кор бурдан бо хонандагони фавқулқобилият, ҷалб накардани муаллимон ба корҳои дигар, аз ҷиҳати моддӣ рағбатонидани онҳо, зиёд шудани маоши муаллимон – ин ҳама самараи худро медиҳад. 
Бояд гуфт, ки чун ҳамасола роҳандозӣ шудани олимпиадаҳои фаннӣ ва озмуни «Баҳси донишҳо» барои дарёфти бачагони болаёқат нақши муҳим мегузоранд. Аз ин рӯ, солҳои охир таваҷҷӯҳи хонандагон ба илмҳои дақиқ бештар шуда, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ меафзояд. Аз ҷумла, соли гузашта бори аввал байни хонандагони мактаб олимпиадаҳои инноватсионӣ низ гузаронида шуд, ки дар он хонандаи мактаби мо Меҳридил Мирзоназаров аз фанни математика ширкат варзида, дар миқёси вилоят соҳиби ҷойи дуюм гашт. Бояд гуфт, ки вай ба санъати тасвирӣ низ шавқу рағбати зиёд дошта, дар озмунҳои расмкашӣ ширкат меварзад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2018 дар озмуни «Маърифат бар зидди чаҳолат» дар вилоят ҷойи дуюмро соҳиб гашт. Ҳамчунин, дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Конститутсия – пойдевори бахти мо» аз рӯйи номгӯйи «Мусаввири қалби зебо» пирӯз шуд. 
Дар ин бобат муваффақиятҳоеро, ки дар соҳаи варзиши мактаб ба даст омадаанд, метавон қайд кард. Зеро он эътибор ва шароитҳои мусоиде, ки солҳои охир аз ҷониби ҳукумат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нигаронда мешавад, дар ин ҷода меваҳои худро медиҳад. 
Эътибори хонандагон нисбат ба варзиш сол аз сол меафзояд. Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки хонандагони мо дар ҳама мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзанд ва шарафи мактабу шаҳрро ҳимоя намоянд.  
Бояд гуфт, ки соли гузашта дастаи волейболбозонамон дар мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла «Умид ниҳоллари» аз рӯйи ҳисоби умумӣ ҷойи якумро ишғол кард. Ҳамчунин, моҳи ноябри соли 2018 ин даста дар турнире, ки дар шаҳри Чирчиқ баргузор гардид, ширкат варзида ҷойи аввалро соҳиб гашт. Дар тамоми намудҳои варзиш солҳои охир хонандагони боиқтидор обутоб ёфта, дар мусобиқаҳои гуногун шарафи мактабро ҳимоя мекунанд. Соли 2018 дар ин соҳа, аз ҷумла бокс соли хотирмон буд. Дар ҳамин маврид, комёбиҳои хонандаи синфи 9-ум Илҳом Қаҳҳоровро метавон қайд кард. Вай аз хурдсолӣ ба ин намуди варзиш шавқу ҳаваси зиёд дорад ва тӯли чанд сол аст, ки дар дастаи «Динамо»-и шаҳр маҳорати ҷисмонии худро сайқал медиҳад. Вай дар мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар шаҳри Нуқус баргузор гардид, иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал гашт. Вай мекӯшад дар оянда муштзани номвар гардад. 

Фирӯза МАЪРУФОВА,
омӯзгори мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен. 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: