Агар гӯем, ки дар ҳаёти кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ, пеш аз ҳама деҳқонон имсол воқеаҳои таърихӣ рух доданд, муболиға нахоҳем кард.
Беш аз ду баробар афзудани нархи хариди пахта, ғалла, пардохти музди меҳнат, ба маблағ таъмин гардидани тадбирҳои агротехникӣ, давраи ҳосилғундорӣ созмон ёфтани отрядҳои ғунучини пахта, ба чинакчиён бори аввал дода шудани маблағи рекордии музди меҳнат барин омилҳо, қадршиносиҳои адолатнок, бешубҳа, нафақат мо роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ, балки тамоми мардуми моро шоду рӯҳбаланд намуд. Ин ғамхориҳои мислаш диданашуда ҳар як инсони поквиҷдонро ба фидокорӣ, ҷасорат ва ватандӯстӣ водор месозанд.
Банда шодам, ки хидматҳои бисёрсолаам ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ бо мукофоти навбатии давлатӣ тақдир ёфт.
Рустам ФАЙЗИЕВ,
роҳбари хоҷагии фермерии «Файз»-и ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро,
соҳиби ордени «Фидокорона хизматлари учун».