СОЛИ ХОНИШИ НАВ ДАР БИНОИ НАВИ МАКТАБ

Дар 65 мактаби таълими умумии ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах таҳти шиори “Дар Ӯзбекистон халқ азиз, инсон азиз” чорабиниҳои занги аввал баргузор гардид.

Дар мактаби миёнаи рақами 12-уми маҳаллаи Қӯлба, ки аз маркази Фориш он қадар дур нест, занги аввал ботантана садо дод. 
– Дар 65 мактаби миёнаи ноҳияамон 15 ҳазору 525 нафар хонанда мехонад ва ба онҳо 1 ҳазору 600 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳад, – мегӯяд мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Собир Ваққосов. – Дар соли хониши нав 1 ҳазору 838 нафар хонанда ба синфи якум қадами аввалини худро гузоштанд. 
Хонандагони мактаби рақами 20-уми деҳаи Анамуна, рақами 22-юми Сайёд, рақами 72-юми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Қарабдол” соли хониши навро дар биноҳои нави замонавӣ оғоз намуданд. Ғайр аз ин, 14 филиал, ки бо роҳи ҳашар аз гилу похса сохта шуда буданд, тамоман вайрон карда, аз хишти пухта сохта шуданд. Дар паҳлуи бинои мактаби рақами 20-ум бинои нави дорои 120 ҷой бунёд ёфта, филиали мактаб, ки дорои 24 ҷой мебошад, аз нав таҷдид гардид. 
– Барои бинои мактаби мазкур 2 миллиарду 107 миллион сӯм маблағ сарф гардид, – мегӯяд директори мактаби таълими умумии рақами 20 Ҷамшед Сувонов. – Хонаҳои фаннӣ, лаборатория, синфхонаҳо, китобхона, маҷлисгоҳ, хонаи муаллимон пурра ҷиҳозонида шуда, бухориҳои ангиштсӯз гузошта шуданд. Барои хониши нави хонандагон тамоми қулайиҳо офарида шуданд.

А. ҚАЮМОВ, 
мухбири ӮзА.  
        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: