СОЛИ ХОНИШИ НАВ – ДАР МАКТАБИ НАВ

Аз боиси набудани мактаб дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҷари ноҳияи Косонсой фарзандони маҳалла дар мактабҳои рақами 2-юм ва 25-ум, ки аз ҳудуди маҳалла дар масофаи 3-4 километр дуртар воқеъ буд, таҳсил мегирифтанд.

Аз боиси набудани мактаб дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҷари ноҳияи Косонсой фарзандони маҳалла дар мактабҳои рақами 2-юм ва 25-ум, ки аз ҳудуди маҳалла дар масофаи 3-4 километр дуртар воқеъ буд, таҳсил мегирифтанд. Сокинони маҳалла то аз мактаб баргаштани фарзандонашон дар хавотир мемонданд. Барои ҳамин ҳам онҳо солҳои дароз дар ҳудуди маҳалла сохта шудани мактабро орзу мекарданд.

Ба муносибати соли хониши нав орзуи деринаи бошандагони маҳалла ҷомаи амал пӯшид. Аз ҳисоби 8 миллиарду 200 миллион сӯм маблағи давлат, дар маркази маҳалла мактаби рақами 54-ум дар рӯзҳои карантин ба пандемияи коронавирус нигоҳ накарда, аз ҷониби бинокорони гулдасти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кушон само юлдузи» дар муддати кӯтоҳ қад рост намуд. Аз ин хурсандии падару модарон ва хонандагон ҳадду канор надошт.
Мактаб толори маҷлис, зали варзиш дошта, ҳар як синфхона бо асбобу анҷомҳои зарурии гуногун ҷиҳозонида шудааст. Мактабиён метавонанд бо ёрии устодонашон дар машғулиятҳои назарӣ ва амалӣ иштирок кунанд.
Мактаб ба 420 нафар хонанда пешбинӣ шуда, ҳозир ин ҷо 722 нафар хонанда таҳсил мегиранд. Ба онҳо 46 нафар омӯзгорон ва мураббиёни соҳибистеъдод таълим ва тарбия медиҳанд. Ҳар яки онҳо аз тариқи санҷиш интихоб гардида, ба кор қабул шуданд.
– Камина 12 сол аст, ки вазифаи директори мактабро дар ӯҳда дорам. То ҳол дар мактаби дигар директор будам. Худ сокини ҳамин маҳаллаам. Вақте ки маро ба ин мактаби навбунёд ба вазифаи директор пешниҳод карданд, бе ҳеҷ гуна дудилагӣ розӣ шудам. Дар ҳудуди маҳаллаамон писарону духтарони боистеъдод бисёранд, – гуфт директори мактаб Алишер Абдурашидов.
– Хушбахтона, ба таълими анъанавӣ рухсат дода шуд. Мо мактаб ва устодонамонро пазмон шуда будем. Дар дарси аввалини соли хониши нав ҳокими ноҳия Баҳодур Юсупов аз фанни кимиё дарс гуфт, ки ба мо писанд омад, –  мегӯяд хонандаи синфи 11-ум Фарзона Абдумаҷидова.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: