Боз як соли хонишро ба охир расондем.
Боз як саҳифае дар китоби таърих бо пешрафту дарсҳои ҳаётӣ пур карда шуд. Чун соли хониш ба охир мерасад, ҳама сарҳисоби солро мекунад, ки ин ҳолати табиӣ аст. Ҳоло ман ҳам мехоҳам, қатраеро аз баҳри пурталотуму серҷӯшу хурӯши ҳаёти ҷамоаи мактаби рақами
17-уми шаҳри Ангрен нақл кунам.
Ман ин ҷо фақат зинаи ҷумҳуриявии озмунҳоро номбар мекунам. Зеро дар зинаи шаҳриву вилоятӣ бурдбориҳои мо хеле зиёд аст, ки ҳамаи онҳоро ин ҷо овардан имконнопазир мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ба наздикӣ дар Фарғона зинаи ҷумҳурии озмунҳои фаннии забон ва адабиёти тоҷик баргузор шуд. Дар ин озмун аз мактаби мо чор нафар хонанда иштирок намуданд.
Комёбиҳои хонандагони мо бо ҳамин ба охир намерасанд. Моҳи октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ озмуни эссеҳо гузаронида шуд. Дар ин озмун хонандаи мактаби мо – Ҳамида Эргашбоева дар ҷумҳурӣ ҷойи аввалро соҳиб гашт.
Дар мактаб гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони адабиёт ба ҳукми анъана даромадааст. Хонандагони шеърхону шеърдони мо моҳи феврал дар озмуни «Бӯстони шеърият», ки дар шаҳри Тошканд гузаронида шуд, соҳиби ҷойҳои фахрӣ гаштанд. Таманно Мараҷапова, Сумая Соаталиева, Сабина Абдумаҷидова, Таҳмина Абдуллоева, Марҷона Асадуллоева аз ҷумлаи хонандагони фаъол мебошанд. Дар ин озмун на танҳо хонандагон, балки муаллимони мо Зебо Бегматова ва Муаттар Ниёзматова низ иштирок намуда, соҳиби мукофотҳо гаштанд, ки ин хеле хурсандиовар аст. Ин натиҷаҳо маҳсули меҳнати омӯзгорони фанҳо Зебо Бегматова, Ҳуснида Набиева, Дилафрӯз Исмоилова, Зарифа Турсунбоева ва Маҳина Нуриддинова аст.
Ба наздикӣ хонандаи синфи 5 А Беҳрӯз Ҳасанбоев дар озмун аз арифметикаи менталӣ иштирок намуда, дар ҷумҳурӣ ҷойи сазоворро соҳиб гашт.
Хонандагони мо на фақат дар таълим, балки дар варзиш ҳам ба муваффақиятҳо сазовор гаштаанд. Дар мусобиқаи санъати ҷанги миллӣ, ки дар Қазоқистон гузаронида шуд, хонандаи синфи сеюм – Ҷонибек Абдуламитов ҷойи якумро соҳиб гашта бошад, хонандаи синфи ҳафтум – Озодбек Қаҳ-ҳоров дар бисёр мусобиқаҳои байналхалқиву ҷумҳурӣ ҷойи намоёнро соҳиб гашт.
Ҳоло хонандагони мо ба зинаи ҷумҳурии озмуни «Светофор» тайёрӣ дида истодаанд. Бояд қайд намуд, ки ин гурӯҳ соли гузашта низ бо роҳбарии муаллим Ҳусниддин Ҳасанов дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи якумро соҳиб гашта, бо тӯҳфаҳои қимматбаҳо ва диплом мукофотонида шуда буд.
Ин ҳама муваффақиятҳо аз они ҷамоаи аҳлу меҳнаткаши мо аст, ки бо сардории роҳбари мактаб – Зебо Маҳкамова вазифаҳои худро аз сидқи дил иҷро мекунанд.
Чун соли хониш ба охир мерасад, ҳар як омӯзгор таҳлили кори худро мекунад, камбудӣ ва пешрафташро дарк мекунад ва барои худ нақша месозад. Ҷамоаи мо низ ба назди худ барои соли хониши дигар нақшаҳои калонро пеш гузоштааст.
Фирӯза МАЪРУФОВА,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 17-уми
шаҳри Ангрени вилояти Тошканд.