СОЛИ ИСЛОҲОТИ ВАСЕЪМИҚЁСИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ

Муборакбодии солинавии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба халқи Ӯзбекистон ба воситаи «оинаи нилгун» тамошо карда хеле сарфароз гардидам.

Чӣ хеле ки сарвари давлатамон таъкид намуд, дар ҳақиқат мо дар Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Баробари болоравии иқтидор ва имкониятҳои рақобатбардории кишварамон соҳа ва ҷанбаҳои пешқадами иқтисодии миллӣ инкишоф меёбад.
Деҳқонон ва фермерони кишварамон бо вуҷуди душвориҳои обу ҳаво, гармии аз ҳад баланди фасли тобистон ҳосили фаровон ба даст дароварданд. Дар мамлакат бобати рушди тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ қулаиҳо фароҳам омад. Симои шаҳру деҳот торафт пурҷозибатар мегардад. Дар маркази вилоятамон шаҳри Бухоро ва ноҳияҳо ҷараёни бинокорию ободгардониҳо ба дараҷаи мислаш диданашуда вусъат меёбад. Орзуи деринаи одамон бобати дастрасшавии манзил ҷомаи амал мепӯшад. Бобати таълиму тарбияи наврасон, васеътар намудани имкониятҳои мактабҳои олӣ, ғамхориҳо ба ҷавонон, ҳифзи тандурустии аҳолӣ шароити дилхоҳ фароҳам меояд. Соли гузашта дар ДДБ эҳё гардидани гурӯҳи тоҷикии забон ва адабиёт ба ин мисоли оддӣ аст. Хуллас, соҳае нест, ки дар он дигаргунӣ ба амал наомада бошад. Интихоботи ба қарибӣ баамаломада дуруст будани роҳи пешгирифтаи мамлакати моро бори дигар исбот кард. Обрӯю эътибори Ватанамон дар арсаи байналхалқӣ беш аз пеш меафзояд. Чӣ хеле ки сарвари давлат гуфт: «Мо ба даврони муҳими рушди худ – давраи пешрафти миллӣ ворид мегардем» ва ислоҳоти васеъмиқёси иҷтимоиву иқтисодӣ, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз қулайтар, инчунин ғамхориҳо баҳри зиндагии фаровон дар соли 2020 идома меёбад.

Солибой СОЛИЕВ, 
Муаллими халқии Ӯзбекистон,
омӯзгори нафақагир, ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: