СОЛИ НАВ — ДАР ХОНАҲОИ НАВ

Дар Чирчиқ, дар мавзеи Ӯзбекистони Нав 12 бинои бисёрошёнаи иқоматӣ ба истифода дода шуд.

 750 оила соҳиби хонаи нав шуданд. 
Ҳокими шаҳри Чирчиқ Даврон Ҳидоятов дар назди соҳибони хушбахти хонаҳои ободу зебо қайд қард, ки манзилҳои зисти бо ташаббуси Сарвари давлат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бунёдгардида, бояд ба ороиши меъмории шаҳру кишварамон табдил ёбанд.
12 бинои 9 ошёна – танҳо марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва рушди маҷмӯи мавзеи Ӯзбекистони Нав мебошад, ки то соли 2024 дар назар дошта шудааст. 
Дар мавзеи нав 32 бинои иқоматии баландиаш гуногун, боғчаҳои бачагона, мактабҳои таълими умумӣ, поликлиникаи оилавӣ, нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ сохта мешаванд.
Бояд гуфт, ки манзилҳо бо назардошти истифодаи технологияи «зеҳнӣ» ва «сабз», ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, сохта мешаванд.
— Мо муддати дароз орзу доштем, ки манзили шахсии худамонро харем ва ниҳоят муяссар шудем, ки нақшаҳоямонро амалӣ гардонем, – мегӯяд хидматчии ҳарбӣ Бекзод Иброҳимов. – Ҳамроҳи ҳамсарам ду фарзандро тарбия карда истодаем. Дар хонаи сеҳуҷрагии барҳаво бачаҳо хонаи алоҳида доранд. Ташаккури зиёд ба Президент, барои дастгирии оилаҳои ҷавон.
Шаҳру ноҳияҳои вилояти Тошканд тағйир меёбанд. Бинокорон аз рӯйи лоиҳаҳои мукаммал афзоиши минбаъдаи аҳолӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии одамонро ба ҳисоб гирифта, манзил, марказҳои савдо ва идораҳо месозанд, роҳҳо ва алоқаҳои навро барқарор мекунанд.
Тамоюли «Одамон имрӯз зиндагии нағз гузаронанд, на фардо» дар амал татбиқ шуда истодааст.
 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: