СОЛИ НАВ НИЗ СОЛИ КОМЁБИҲОИ БЕШТАР ХОҲАД ШУД

Мардуми ноҳияи мо соли 2019-ро хеле хуб ҷамъбаст намуданд.

 Метавон соли сипаришавандаро барои риштониён соли пешрафтҳои иқтисодӣ, фатҳи марраҳои нав ва муваффақиятҳои бузург унвон кард. Хоссатан, соли 2019 барои хоҷагиҳои фермерӣ соли фаромӯшнашаванда гардид, зеро аз кишти майдонҳои пахта ҳосили баланд рӯёниданд ва дар саросари ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда супоришоти шартномавии пахтасупориро иҷро карданд. 
Деҳқонони хоҷагиҳои фермерӣ кишти ғалла ва парвариши онро низ хеле хуб ба роҳ монданд ва супоришоти солонаи шартномавиро пеш аз муҳлат ба иҷро расониданд. Дар ин сол обу ҳаво низ хеле хуб омад ва барои расонидани ҳосили бобаракати пахтаву ғалла мусоидат намуд.
Мо соли дуюм аст, ки аз тариқи истифодаи усули кластер ба комёбиҳои назаррас муваффақ мешавем. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев истифодаи ин усулро барои якчанд хоҷагиҳо тавсия додаанд. Хоҷагиҳои фермерии мо  ин ташаббуси сарвари давлатро дастгирӣ мекунанд ва собит намуданд, ки усули кластер беҳтарин усули замонавӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. 
Як сол муқаддам ба туфайли истифодаи усули кластер деҳқонони пухтакори мо дар ҷумҳурӣ аввалин шуда аз ӯҳдаи иҷрои супоришоти шартномавии пахтасупорӣ баромаданд. Соли равон низ аз ин усул пурсамартар истифода намудем ва дар муддати 15 рӯз фатҳи марраи пахтасупориро таъмин кардем. 
Ноҳияи Риштон бо зарфҳои сафолинаш низ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфу машҳур гаштааст. Шояд дар дунё шумори ками кишварҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки сайёҳони он ҳадди ақалл як дона аз зарфҳои кулолони риштонӣ нахаридаву бо худ набурда бошанд. 
Ҳар сол фестивалҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналхалқӣ баргузор мегарданд. Дар он кулолони риштонӣ бо маҳсулоти худ фаъолона ширкат мекунанд, ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд. Дар давоми сол дар шаҳрҳои Марғилон, Қӯқанд, Шаҳрисабз, Самарқанд фестивалҳои гуногуни байналхалқӣ баргузор шуданд, дар шаҳри Тошканд намоишгоҳҳои зиёд роҳандозӣ гардиданд. Ба туфайли он  устоҳои моҳиру чирадасти риштонӣ низ маҳсулоти худро дар ин фестивалҳо ва намоишгоҳҳо ба намоиш гузоштанд ва ин бахши муҳими ҳунари мардумиро муаррифӣ намуданд.
Риштониён бо лауреатҳои мукофотҳои гуногуни ватаниву байналхалқӣ, дипломати ЮНЕСКО, узви Академияи бадеии Ӯзбекистон Шарофиддин Юсуфов ҳамеша ифтихор мекунанд. Вай дар давоми фаъолиятҳои бисёрсолаи худ шогирдони зиёд низ тарбия кардааст, ки дар пайравӣ бо устоди худ шуҳрати Риштонро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он боз ҳам боло мебаранд.
Ҳамчунин ҳайкалтароши моҳир, узви Академияи бадеии Ӯзбекистон, яке аз  асосгузорони хонаи эҷодии хусусии кулолгарӣ Бахтиёр Назиров низ аз иштирокчии фаъоли фестивалҳои зиёди ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мебошад. Аз ҷумла, вай дар як гӯшаи майдони фестивали байналхалқии ҳунармандии Қӯқанд маҳсулоти худро ба маърази тамошову харидорон гузошта буд ва тавонист, ки бо чанде аз ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Риштони куҳанбунёд бо пизишкони худ низ ҳамеша ифтихор мекунад. Дар айни ҳол бо дастони дармонбахши пизишкони номии ин шаҳр Ийбатуллоҳ Саидов, Маъруфхӯҷа Турсунхӯҷаев ва дигарон беморони зиёд саломатии худро барқарор карда, ба назди пайвандони худ бармегарданд. Ҳоло шифохонаи марказии ноҳия бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ комилан муҷаҳҳаз мебошад ва пизишкон шабу рӯз дар хидмати мардум қарор доранд.
Дар як соли охир Риштон ба таври куллӣ бозсозӣ шуд. Ҳоло аз иморатҳои кӯҳнаи сари роҳи калон, дӯкону мағозаҳои тоҷирону соҳибкорон, ки ҳусни ин шаҳрро коста мегардонид, нишоне боқӣ намондааст. Бозори марказии шаҳр аз нав сохта шуд, роҳҳо бозсозӣ шуданд. Дар асоси шарикӣ муассисаи томактабӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бори нахуст мактаби хусусии омӯзиши чуқури фанҳои кимиё ва риёзиёт бунёд гардид. Таъминоти оби ошомиданӣ барои мардуми зиёд беҳтар гардид. Ҳоло ду тарафи роҳи калонро иморатҳои дуқабата оро медиҳанд. 
Метавон устуворона гуфт, ки ҳаёти мардум беш аз пеш фаровон мегардад, зиндагӣ беҳбуд меёбад. Ҳамаи ин аз сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ва меҳнати зарбдоронаи мардум маншаъ мегиранд. Соли кӯҳнаро хеле хуб ҷамъбаст кардем. Акнун барои он талош хоҳем кард, ки дар соли нав барномаҳоямон амалӣ гарданд, ҳаёти мардум фаровонтар шавад, ислоҳотҳоро собитқадамона пиёда кунем.
Зимнан ҳамаи мардуми кишварамро ба воситаи  рӯзномаи “Овози тоҷик”  бо соли нави 2020 табрик мегӯям. Умедворам, ки дар ин сол низ супоришоти пахтаву ғалласупориро сарбаландона иҷро мекунем ва ноҳияи худро боз ҳам бештару беҳтар обод менамоем.

Субҳонҷон СОЛИЕВ,
ҳокими ноҳияи Риштони вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: