СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ ВА МО

Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар кишвари мо, Соли нави милодиро шурӯъ аз нимаи аввали садаи ХХ, он ҳам дар мактабҳои типи нави шӯравӣ ҷашн гирифтаанд.

Ёдам ҳаст, овони мактабхонӣ мо кӯдакони аз одаму олам бехабар, бо шавқи дучанд дар атрофи арча банавбат шеъру сурудхонон Соли нави милодиро ҷашн мегирифтем. Бобои барфӣ барои шеърхонӣ аз халтаи калонаш туҳфа бароварда медод. Он солҳо чунин манзара дар ҳамаи мактабҳои шӯравӣ ба назар мерасид. Китобҳои алифбою хониш пур аз шеърҳои солинавӣ буданд, супориш мешуд, ки мо хонандагон онҳоро аз ёд кунем. Пораҳое аз он шеърҳо дар ёд мондаанд:
Соли нав омад,
Шоду ғазалхон.
Табрик созед,
Онро, рафиқон.
***
Ин духтаракро бингаред,
Дар тан либоси сап-сафед.
Меҳмон ба назди мо шудаст,
Шодӣ кунед, шодӣ кунед.
Ҳоло дар васфи Соли наву бобои барфӣ ин гуна шеъргунаҳо эҷод намешаванд...
Мо – бачаҳо ба фарқи соли нави миллию милодӣ намерафтем. Дар деҳаи мо русҳо низ ба сар мебурданд. Онҳо Соли нави милодиро васеъ ҷашн мегирифтанд, вақте ақрабакҳои соат рӯйи 12-и шаб қарор мегирифт, аз милтиқҳои шикорӣ ба осмон пасу пеш тир андохта мешуд. Калонсолон мегуфтанд, ки соли куҳнаро парронда истодаанд. Ба майзадагон Худо медод, «водка»-ро ба серӣ хӯрда, дар кӯчаҳо калавида мегаштанд.
Мардум Соли навро ҳар сол ду бор пешвоз мегирифтанд: дар рӯзи фарорасии Наврӯз – 21-уми март ва 1-уми январ. Наврӯз дар мактабҳои миёнаи ҳамагонӣ, мисли Соли нави милодӣ, пуршукӯҳ ҷашн гирифта намешуд. Онро дар хонаҳо бо пухтани хуришу хӯрокҳои баҳорӣ истиқбол мегирифтанд. Инак, соли нави миллӣ – Наврӯз низ, баъди истиқлолиятро ба даст даровардани кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн мегирифтагӣ шуд. Он бо саъю кӯшиш ва пофишории сарони кишвар ва халқҳои мо, тибқи қарори СММ, ба ҷашни байналхалқӣ табдил ёфт.  Вале бояд таъкид намуд, ки тӯли солҳои зиёд соли нави милодиро танҳо ба сифати анҷом ёфтани соли куҳна ва оғози соли нав ҷашн мегирифтанду мегиранд...  
Озодии сухан имкон дод, ки тавассути расонаҳои ахбори оммавӣ ҳама фикри худро доир ба ин ё он мушкил ё рӯйдоди зиндагӣ баён кунанд. Ин хуб аст, тасодуми афкор парда аз рӯйи ҳақиқат мебардорад, ба ҳалли ин ё он масъала кӯмак мерасонад. 
Солҳои охир тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ фикрҳое  интишор меёбанд, ки одатҳое, мисли истиқболи Соли нави милодӣ, ба ин муносибат табрику шодбошиҳои якдигар гӯё хилофи таълимоти исломиянд. Аммо дар ин хусус Шайх Абдулазиз Мансур чунин ақида дорад:
– Оятҳои Қуръони карим бар онанд, ки Исо ибни алайҳиссалом бо қудрату муъҷизаи Худованд бе падар таваллуд ёфт, ӯ дар овони тифлӣ ба гап даромада худ изҳор дошта, ки писари Худо нест, балки яке аз бандаҳои Ӯ буда, тибқи китоби илоҳӣ ба қавми бани Исроил ба сифати набӣ фиристонда шудааст. Биноан, мо мусалмонон Исо алайҳиссаломро, дар қатори ҳамаи паёмбарон,  ба сифати бандаву расули Худо эътироф мекунем ва имон меоварем.
Таассуф, дар байни аҳолӣ кам нестанд нафароне, ки мегӯянд: «Исо писари Худо аст». Мо – мусалмонон ба дунболи ин ақидаи ботил намеравем. Мегӯянд, ки «Насрониён Соли нави милодиро ба сифати рӯзи таваллуди Исо ҷашн мегиранд». Чунин ақида,  гоҳ-гоҳ аз ҷониби «шайхони интернет» интишор дода мешавад. Мусалмонони Ӯзбекистон ва милёнҳо нафар мусалмонони дунё дар арафаи Соли нави милодӣ якдигарро табрик менамоянд. Дар чунин шароит набояд натиҷа гирифт, ки ҷашн гирифтани Соли нави милодӣ моро ба дунболи христианҳо мекашад.
Ӯзбекистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд месозад. Бинобарин, дар баробари ҷашнҳои динӣ, дар кишвари мо идҳое ҷашн гирифта мешаванд, ки дунявианд. Табрикоти сарвари давлатамон ба муносибати ҷашнҳои Рамазону Қурбон ва доир гардидани қарорҳо дар ин хусус, ташкили тартиби Ҳаҷҷу Умра, афзудани теъдоди масҷидҳо, ҳар субҳ баланд шудани садои муаззинҳо, бо теъдоди зиёд чоп шуда истодани адабиёти динӣ имону ихлоси халқи муътақидамонро таҳким мебахшад.
Ҷонишини раиси идораи мусалмонони Ӯзбекистон Иброҳимҷон Инъомов, барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан, ба суолҳои  «Соли нав чӣ гуна ҷашн аст?», «Оё арчаро метавон оро дод?» мухтасар чунин посух додааст:
– Ҳар як санаю ҷашн, аз он ҷумла Соли нав, таърихи худро дорад. Соли нав дар Рим аз ҷониби Юлий Сезар ҷорӣ карда шудааст. Дертар ин ҷашн дар байни халқҳои тобеи Рим низ интишор  ёфт. Бад-ин тариқ, дар қаламрави Юнон, Миср, кишварҳои Шарқи Наздик ва Аврупои Ҷанубӣ доман паҳн кард.            
Дар Ӯзбекистон Соли нав тибқи қарори Президиуми Шӯрои Олии СССР  аз 1 январи соли 1947 расман ҷашн гирифта шуд. Дар нимаи дуюми асри ХХ қариб дар ҳар як хонадону ташкилот ба ҷашнгирии Соли нав шурӯъ карданд.  
Муъмин инсони бофаросатест, ки ба моҳияти ҳар як масъала рӯйи эътибор мегардонад, аз ҳар як кор некиро чашмдор аст. Пас, чӣ бадӣ дорад агар дар поёни сол ба роҳи тайкарда назаре биафканем, аз бурду бохтҳои худ натиҷа гирем, барои Соли нав нақша кашем, дасторхони неъмат биороем...
Арчаро на аз нуқтаи назари динӣ, балки бо назардошти тандурустии инсон оро медиҳанд. Дар таркиби арча рӯғани эфир, қатрон, қанд ва ишқори органикӣ мавҷуд аст. Ба мақсади наздиктар шудани бачаҳо ва баҳрабардории онҳо ба шохҳои арча бозича ва шириниҳои гуногунро меовезанд...

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: