СОЛИ ПУР АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТ ВА КОМЁБИҲО ПАСИ САР ШУД

Бо соли 2019 хайрбод гуфтем.

Агар ба таърихи соли сипарӣ назар афканем, мебинем, ки он барои сокинони шаҳру деҳоти вилояти Фарғона низ ҳамчун соли бурдбориҳо, пешрафтҳо, ғалабаҳои азим ва  бозсозиҳову  ободиҳои назаррас сабт мегардад.
Дар соли 2019 деҳқонони зарбдори ноҳияҳои Ёзёвон, Қӯштеппа ва Риштони вилоят дар муддати 15 рӯз дар ҷумҳурӣ аввалин шуда аз иҷрои супоришоти шартномавии пахтасупорӣ мужда доданд ва барои фатҳи марраи вилоят саҳми калон гузоштанд. Ба дунболи ин ноҳияҳо супоришоти шартномавии пахтасупориро ноҳияҳои Тошлоқ, Фурқат, Учкӯприк ва Бувайдаи вилоят ба иҷро расониданд.
Пахтакорон то 12 октябр бештар аз 238 ҳазору 600 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ карда, ба хирманҳо рехтанд. Дар як қатор хоҷагиҳои вилоят  аз тарзи кластер фаровон истифода бурда шуд,  ба ин далел дар таърихи истиқлолияти кишварамон вилояти Фарғона аввалин шуда ба фатҳи марра расид.
– Яке аз далелҳои муҳими чунин муваффақияти вилояти Фарғона таваҷҷӯҳи сарвари давлатамон ба соҳаи кишоварзӣ, роҳи васеъ барои ҷорӣ гардидани низоми нави кластер мебошад. Нӯҳ ноҳияи вилоятамон чунин тарзи инноватсиониро корбаст намуданд. Таҷриба нишон дод, ки он тарзи беҳтарин барои ривоҷу равнақи соҳаи кишоварзӣ мебошад ва дар беҳбуди тарзи ҳаёту зиндагии мардум хеле мусоидат менамояд, – мегӯяд роҳбари хоҷагии фермерии “Нурли обод”-и ноҳияи Олтиариқ, Қаҳрамони Ӯзбекистон Лолахон Муротова. 
Ҳодисаи дигаре, ки шуҳрати вилояти Фарғонаро афзун намуд, роҳандозии Форуми байналхалқии сармоягузории “Фарғона-2019” мебошад. Ба ин форум аз 28 кишвари дунё, аз ҷумла, Русия, Куриёи Ҷанубӣ, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Белорус ва ҳамсоякишварҳо – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон сармоягузорон ва соҳибкорону тоҷирон ташриф оварданд. Дар ҷараёни он аҳдномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки аз он ҳарду ҷониб манфиатдор хоҳанд буд.
Интизор меравад, ки аз соли нав дар вилояти Фарғона 643 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ карда хоҳад шуд, ки иҷрои он 26 триллиону 400 миллиард сӯмро тақозо менамояд. 
– Аз тарафи Президенти мамлакатамон ба ҳокимияти вилоят иҷрои чунин суръати баланди ҷалби сармояҳои хориҷӣ супориши махсус мебошад, ки мо барои иҷро намудани он тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар кардаем. Танҳо дар соли 2019 мо бунёди якчанд корхонаи муштаракро шурӯъ кардем, сохтмони корхонаҳои дигари саноатиро барномарезӣ намудем, ба тавсеаи фаъолияти корхонаҳои муштараки фаъол ноил гардидем, – мегӯяд ҷонишини ҳокими вилоят оид ба сармояҳо, инноватсияҳо, кӯмак ба корхонаҳои хусусигардондашуда, масъалаи ривоҷ додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ, ҳамчунин туризм Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов.
Бо қарори Президент “Дар бораи ташкил намудани фестивали байналхалқии санъати халқиву амалӣ” аз 1 ноябри соли 2018 10-15 августи соли 2019 дар шаҳри Қӯқанд фестивали байналхалқии ҳунармандӣ баргузор шуд. Дар ин фестивал, ки бори нахуст дар шаҳри куҳани Қӯқанд баргузор гардид, аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупову Амрико ва мамолики дигар ҳунармандони зиёд ширкат карданд. Онҳо ба намояндагӣ аз корхонаҳои мухталиф, муассисаҳои фарҳангу ҳунарҳои миллии кишварҳои худ шуҳрати ин фестивалро ба чанд карат афзун гардонданд. 
– Дар соли 2019 аз тарафи роҳбари Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон Рози Гринлис шаҳри Қӯқанд мақоми “Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон”-ро касб намуд ва ба шумори 30 шаҳре ворид гардид, ки ба ин мақоми баланд соҳиб шудаанд. Акнун ин шаҳр дар ду сол як маротиба дар баробари ҳунармандони дохиливу хориҷӣ коршиносони маъруф, олимон ва мутахассисони соҳаи ҳунармандиро аз чаҳор гӯшаи олам гирдиҳам меорад ва фестивали байналмилалии ҳунармандӣ баргузор мекунад, — мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки «Фарғона ҳақиқати» ва «Ферганская правда» Гулбаҳор Саидғаниева.
– Соли гузашта барои мардуми ноҳияи тоҷикнишини Сӯх соли пурфайз буд. Аз кишти ғаллаву картошка ва мева деҳқононамон нисбати солҳои пеш ҳосили пурсамар ҷаъоварӣ карданд. Нуктаи дигаре, ки мехоҳам ин ҷо зикр кунам, дар таърихи солҳои истиқлолият бори аввал аст, ки зодаи ноҳия ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис пешбарӣ шуд ва пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ Аҳмадҷон Ғаниев мебошад, ки ба ҳайси  депутати Олий Маҷлис интихоб гардид, – изҳор кард мудири Қабулхонаи халқи ноҳияи Сӯх Маъмурҷон Ботиров.
– Ман аз соли сипаришуда ягон шиква надорам. Аммо наметавонам гӯям, ки дар он сол ҳамаи масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мо ҳаллу фасл гардиданд ва ҳаёти мо комилан рӯ ба беҳбуду фаровонӣ овардааст. Агар чунин гӯям, ин ҳарфҳоям ғайри лофу дурӯғ чизи дигар нахоҳад буд. Дуруст аст, ки мулоқотҳои зиёд сурат гирифт ва дарду доғи мардуми зиёд шунидаву ҳаллу фасл шуд. Вале ҳанӯз мушкилоти ҳалношуда кам нестанд, – мегӯяд сокини шаҳри Қувасой Улуғбек Муродов.
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки мехост минбаъд низ роҳбарони идораҳо на барои фиреби мардум ё гирифтани “галочка” мулоқотҳо баргузор кунанд, балки бештар дар байни мардум ва бо мардум бошанд. Улуғбек Муродов тазаккур дод, ки умедвор аст ана ҳамин орзуву ормонҳои ӯ дар соли  2020 ҷомаи амал мепӯшанд. 
Бешак, барои кӣ соли 2019 соли фаромӯшнопазир ва барои кӣ ин сол ҳанӯз соли ормонҳо боқӣ хоҳад монд. Дар ҳар сурат, сол аз сол мамлакатамон ҷиддан пешрафт мекунад, ислоҳоти доманфарох пиёда мегарданд, корхонаҳо бунёд карда мешаванд, манзилҳои зиёд дар ихтиёри эҳтиёҷмандон қарор мегиранд ва ғайра. Ин раванд дар соли 2020 низ идома пайдо хоҳад кард ва мардум аз ҳаёту зиндагӣ розӣ хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”
дар вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: