СОЛИ ПУРБАРАКОТ БУД...

Инак соли 2018-ум низ ба таърих мубаддал гардида, соли 2019-уми милодӣ фаро расид. Соли сипаришуда, бешубҳа, дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавию сиёсии кишвар ва халқи мо соли дигаргуниҳои куллӣ, комёбиҳои назаррас буд.

Чун дар тамоми соҳаҳои дигар, дар ҷанбаи таълими халқ низ дастовардҳо фаровон буданд. Қабул гардидани бисёр фармону қарорҳои Президент доир ба рушди соҳаи таълим далели ин гуфтаҳост. Мо аз ин хусус бо чанд нафар кормандони соҳа, ки дар мактабҳои гуногуни вилояти Тошканд фаъолият мебаранд, ҳамсуҳбат шудем.  
Назокат ЧОРИЕВА, директори мактаби рақами 15-уми ноҳияи Пискент.
– Соли 2018 дар соҳаи таълими халқи ҷумҳурӣ, ба хусус дар арафаи соли хониши нав бисёр дигаргуниҳо амалӣ шуданд. Аз ҷониби Президенти мамлакат доир ба рушди соҳа ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон қарору фармонҳои махсус қабул гардиданд. Аз ҷумла, дар соли хониши 2017/2018 ба таълими 11-сола баргаштани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз дастовардҳои муҳими соҳа буд. Мувофиқи қарору фармонҳои Сарвари давлат эътибор ба омӯзгорон ва ходимони соҳа афзуд. Метавон, зиёд шудани моҳона, озод шудани муаллимон аз ҳар гуна меҳнати ба соҳаи таълим новобаста, кам карда шудани ҳуҷҷатбозиҳоро, ки вақти зиёди муаллимонро мегирифт, қайд кард. Роҳбарони мактаб аз ҳар гуна ҷамъомадҳои нодаркор озод шуданд. Алҳол дар мактабамон 150 нафар хонанда таълим мегиранд, ба онҳо 20 нафар омӯзгорон сабақ меомӯзонанд. Пойгоҳи моддию техникии мактаб низ рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегардад. Барои гузарондани маҳфилҳои берун аз дарс шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Бинобар таъкиди Сарвари давлат «Роҳбари мактаб имрӯз бояд мутахассис, соҳибкор ва мененҷер» бошад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, дар мактабамон дастурҳои инноватсиониро татбиқ намоем. 
Абдуҷаббор ЛАТИФОВ, директори мактаби рақами 47-уми ноҳияи Чиноз.
– Метавонам, бигӯям, ки соли 2018 на фақат барои омӯзгорону хонандагони мактаби мо, балки дар ҳаёти аҳолии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тонг юлдузи» ҳам соли хотирмон буд. Зеро, соли ҷорӣ дар доираи Барномаи давлатии «Деҳаи обод», ки бо ташаббуси Президенти мамлакат дар тамоми ҷумҳурӣ амалӣ мешавад, симои деҳаамон ранги дигар гирифт. Мактаби мавҷуда аз таъмиру тармим бароварда, барои 180 хонанда боз як бинои дуошёна ва толори варзишӣ сохта шуд. Рӯбарӯи мактаб муассисаи таълими томактабии рақами 8-ум қад афрохт, ки дар он ду гурӯҳ – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ташкил мешавад. Маркази маданияти ӯзбеку тоҷик ба истифода супурда шуд, дар он маҷлисгоҳ, китобхона ва дигар хонаҳое, ки барои фаъолияти маҳфилҳои гуногун муқаррар гаштааст, мавҷуданд. Дар шафати он мағозаву боғи истироҳат, сеху ҳаммом, ҳамчунин барои мардуми маҳаллӣ ба истифода супурда шудани 28 иморати нави замонавӣ воқеан хотирмон ва хурсандибахш буд. Алҳол дар мактабамон қариб 400 нафар хонанда сабақ меомӯзанд, ба онҳо 27 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Бояд бигӯям, ки дар мактаб масъалаи норасоии муаллимони маълумоти олидор дарднок аст. Кадрҳои ҷавон намерасанд ва аз маҳалҳои дур даъват кардани омӯзгорон мушкилот дорад. Албатта, мо кӯшиш мекунем ин масъалаҳоро якҷо бо омӯзгорон ҳаллу фасл намоем.    
Иброҳим ҲОҶИЕВ, омӯзгори собиқадори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯка.
– Дар соли сипаришуда, дар соҳаи таълими халқ, аз ҷумла дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавӣ ва фаъолияти меҳнатии омӯзгорон воқеан дигаргуниҳои васеъмиқёс амалӣ шуданд. Дар арафаи соли хониши 2018/2019 ба истифода супурда шудани бинои дуошёнаи мактаби нави замонавӣ, ки барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст, бешубҳа, барои омӯзгорон ва хонандагони наврас туҳфаи гаронбаҳо гардид. Алҳол дар ин ҷо беш аз 210 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ба онҳо 36 нафар муаллимон сабақ медиҳанд. Ман беш аз 42 сол аст, ки дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯям. Алъон, гарчанд ба нафақа баромадаам, мехоҳам таҷрибаи чандинсолаи худро дар фаъолияти минбаъдаам истифода бубарам. Бо омӯзгорони ҷавон таҷриба иваз мекунем. Маърӯзаи Президенти мамлакат дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Сарқонуни кишвар, дар қатори дигар омӯзгорони собиқадор барои ман низ хурсандиовар буд. Дар ин бобат, фармони махсус қабул гардид ва мувофиқи он аз 1 январи соли 2019 нафақа дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад. Барои чунин ғамхориҳо ва эътибор ба Сарвари давлат миннатдорӣ изҳор мекунам ва саъй менамоям дар фаъолияти минбаъдаи хеш ба чунин эътимоду боварӣ сазовор бошам.  
Зебо МАҲКАМОВА, директори мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен.
– Бо ташаббуси Роҳбари давлат ба ҳамаи соҳаҳо, махсусан ба соҳаи таълим ва тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ дода, барои пешрафт ва соҳиби обрӯю эътибор ва мақоми боз ҳам арзанда гаштани омӯзгорон ва ходимони соҳа чораҳои судманд андешида мешаванд. Ба намояндагони соҳаи таълими халқ, яъне муаллимон бобати пешрафти кор ва рушди малакаву таҷриба, баланд бардоштани қобилияти касбиашон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Ба мактабҳо ҷалб кардани мардон- омӯзгорон, бешубҳа, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши алоҳида хоҳад дошт. 
Бояд таъкид кард, ки имсол ба ташкилёбии мактабамон 50 сол пур шуд. Дастовардҳое, ки имсол насиби мо гашт, туҳфаест ба ин ҷашни мактаб. Соли сипаришуда барои мактаби мо соли ниҳоят пурбаракат буд. Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои фаннӣ ва «Баҳси донишҳо» дар соли хониши 2017-2018 мактаби мо дар шаҳр ҷойи аввалро ишғол намуд, ки дар он саҳми роҳбари собиқ – Абдураҳмон Юлдошев калон аст. Дар зинаи вилоятӣ бошад, хонандагони зиёдамон аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони давлатӣ, математика, забони русӣ ва ҷуғрофия бомуваффақият иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ҷоизавӣ шуданд. Ин албатта натиҷаи меҳнати муаллимони фаннӣ, аз ҷумлаи Ҳусниддин Ҳасанов, Бибинисо Масаитова, Рухшона Абдуқодирова, Фирӯза Марипова, Нилуфар Бобораҳимова, Наргиза Юлдошева, Дилафрӯз Исмоилова, Лола Эгамбердиева ва ғайра мебошад. Муаллимаи мо Бибиниссо Масаитова имсол соҳиби нишони сарисинагии Аълочии таълими халқ гардид.

Суҳбаторо 
Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: