СОЛИ ПУРФАЙЗУ ФУТӮҲРО ИСТИҚБОЛ ГИРИФТЕМ

Мо бо соли 2022 хайрухуш кардаву соли 2023-ро истиқбол гирифтем.

Дар арафаи Соли нав бо чанде аз аҳли фарҳанг ҳамсуҳбат шуда, фикру ақидаашонро доир ба соли сипаришуда ва интизориҳояшонро аз соли 2023 пурсидем. 
Шоир ва омӯзгор, директори мактаби рақами 3-юми ноҳияи Сӯх Расулбеки Аҳмадзод гуфт, ки барояш соли 2022 аз як ҷиҳат, хеле соли  бобарор, аз ҷиҳати дигар, соли андак пурташвиш низ буд. Аз ин ҷиҳат бобарор буд, ки дар соли хониши 2021-2022 вай бо нишони сарисинагии “30-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон” сарфароз гардид.
– Мақолаҳои илмиам дар китоби бахшида ба 81-солагии устод Лоиқ – «Ман намемирам» таҳти унвони «Ғазалиёти Лоиқ» ва мақолаи услубиам дар китоби дастҷамъии  «Муаллим ва таълим»  зери унвони «Таълими муаммоӣ дар дарси забони тоҷикӣ»  аз чоп баромад, – изофа намуд Р. Аҳмадзод.
– Чанд шеъру ғазал ва мухаммасоти  навам дар саҳифаи рӯзномаҳои даврӣ, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ  эълон шуданд, ки боиси сарфарозии ман аст. Аз ҳама муҳимаш, маҷмӯаи нави ашъорам иборат аз ғазал, мухаммас, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ ва тарҷумаи шеърҳо ҳамин шабу рӯз нашр ва ба дасти шефтагони шеъри ноби форсӣ хоҳад расид.
– Гуфтед, ки соли 2022 дар баробари дастовардҳо аз ташвиш низ орӣ набуд...
– Бале. Ин ташвишҳо бевосита ба вазифаам тааллуқ дошт. Соли хониши 2021-2022 нотавонбинони забону фарҳангамон, ки пайваста дар пайи маҳв сохтани он талош мекунанд, ба ман хеле фишор оварданд, аммо ҳамаи талошҳояшон ноком анҷомид.  Рӯзи аввали соли хониши 2021-2022, пеш аз оғози «Занги аввал», даҳ нафар  хонандагони синфи якумро маъмурияти мактаби махсусгардонидашудаи рақами 2, ки дар ҳамсоягии мо қарор дорад, бидуни мувофиқа ба  ин мактаб ҷалб намудааст, то ки аз ҳисоби ин даҳ нафар як синфи ӯзбекӣ ифтитоҳ кунад,– мегӯяд Расулбеки Аҳмадзод.
Ҳарчанд вай бо ду-се нафар омӯзгорони мактаб нодурустии ин корашонро баён кардааст, аммо директори он Хурсанд  Ҳамроалиев «Ин бачаҳо дар мактаби махсусгардонидашуда таҳсил мекунанд», гӯён талабашонро қатъиян рад кардааст. Дар идома Х. Ҳамроалиев онҳоро муттаҳам намудааст, ки  тантанаи  «Занги аввал»-и  мактабашро вайрон карданд. Баъд ба суди маъмурӣ муроҷиат кардааст ва суди маъмурӣ низ қилро аз хамир ҷудо накарда, Р. Аҳмадзодро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. 
Ба таъкиди Р. Аҳмадзод ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки вай аз вазифаи директори мактаби рақами 3 сабукдӯш шуда, ба ҷояш Х. Ҳамроалиев директор таъин гардидааст. Ин дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки Р. Аҳмадзод имтиҳоноти тестро дар АРГОС муваффақона супурдааст ва холҳои  баланд ба даст овардааст. 
– Медонистам, ки ин ҳаракатҳо зидди қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Барои ҳамин ба суди шаҳрвандӣ шикоят кардам ва суд холисона адолатро барқарор намуд. Ман дубора ба сари кори худ баргаштам. Воқеан, ба устувории қонун дар Ӯзбекистон бори дигар амин гаштам, – хушҳолона изҳор намуд ҳамсуҳбати мо.
Р. Аҳмадзод боз тазаккур дод, ки ҳифзи забону фарҳанги миллӣ бештар бар дӯши аҳли адабу фарҳанг ва равшанзамирон вогузор мебошад. Онҳо бояд талош намоянд, ки забони ноби форсии тоҷикӣ пойдор бошад, аммо донистани забони давлатӣ низ вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. 
– Дастгирӣ аз рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Садои Сӯх” ва “Овози Самарқанд”, тарғибу ташвиқи он низ аз рисолатҳое маҳсуб меёбад, ки ҳар як равшанзамир, хусусан аҳли адабу фарҳанги тоҷики муқими Ӯзбекистон бояд инро дарку эҳсос намояд, сари вақт худаш ба ин рӯзномаҳо обуна шавад ва аз дигарон низ даъват ба амал оварад, ки ин рисолатро сарбаландона иҷро кунанд. Дар акси ҳол ҳар гуна доду валвала нисбати ватанхоҳиву забондӯстӣ бепояву асос хоҳад буд. 
– Шумо аз соли нав чӣ интизориҳо доред?
– «Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост», гуфтааст мардуми мо. Соли 2023 бо ташаббуси Президенти муҳтарам Ш.Мирзиёев «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон карда шуд. Бигзор соли нави 2023 соли амну осоиш, дӯстиву рафоқату ҳамгироӣ, соли бобарору  фаровонӣ ва ободӣ, соли тантанаи адолату ҳақиқат гардад. Итминони комил дорам, ки дар соли нави 2023 сифати таълиму тарбия боз ҳам баландтар бардошта мешавад. Омӯзгорони мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 3 дар ин ҷода ҳатман дар сафи пеш қарор хоҳад гирифт.  
– Ман наздики бист сол аст, ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 14 аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳам. Аз шогирдони профессори равоншод, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдуманнони Насриддин мебошам, ки дар рушди  илму фарҳанг саҳми бузург гузоштааст. Вай ҳамеша аз мо талқин менамуд, ки дар тадриси мероси ниёкон ва адабиёти муосир масъулиятшинос бошем. Забони ноби форсиро, ки ҳатто онро забони аҳли биҳишт низ меноманд, ба шогирдон дурусту комил омӯзонем ва фаромӯш накунем, ки он забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Хайёму Румӣ, Турсунзодаву Миршакар, Лоиқу Бозор Собир мебошад. Масъулияти рушду такомули ин забонро маҳз пеш аз ҳама мо, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик бар дӯш дорем, – мегӯяд Зарифҷон Ботиров.
Вай меафзояд, ки солҳои пеш соатҳои дарси забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишварамон хеле зиёд буд ва маъмурияти мактаб ҷиҳати тақсимоти дарс барои омӯзгорони ин фанҳо ба ягон мушкилӣ дучор намегардид. Аммо ҳоло соатҳои дарси забон ва адабиёти тоҷик, ки барои мактабҳои тоҷикӣ басо муҳим ва аввалдараҷа мебошад, тамоман кам шудааст. Ҳатто бархе аз омӯзгорони соҳиби маълумоти олӣ бо 8-10 соати дарс мондаанд, ки маишати оилавии онҳоро таъмин нахоҳад кард.
Президенти мамлакат зимни Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ва мардуми кишвар боло бурдани сифати таълимро дар мадди аввал гузошт. Моро лозим меояд, ки ҷавобан ба ин Муроҷиатнома нисбати кору вазифа масъулияти бештар зоҳир кунем. Аммо агар омӯзгори мактаб ҳадди ақал ба як ставкаи дарс таъмин карда нашавад, вай наметавонад сифати таълимро боло барад. Зеро маҷбур аст, ки машғули корҳои дигар низ шавад ва барои зиндагии аҳли байташ қути лоямути иловагӣ пайдо кунад, – таъкид намуд Зарифҷон Ботиров.
Зиндагӣ одамро ба маҷрои гуногун мебарад. Агар инсон аз сабру тоқат орӣ мебуд, дунё валангор ва ҳаёт маънӣ пайдо намекард. Шукр, ки ҷумҳурии мо таҳти роҳнамоии Шавкат Мирзиёев сол аз сол рушду ривоҷ меёбад ва ба дастовардҳои наҷиб ноил мешавад. Албатта, он дархостҳои омӯзгорони фидокори мо, инчунин камбудиҳои ҳаёти иҷтимоӣ оҳиста рафъ хоҳанд шуд. Зеро Президент ҷиҳати боло бурдани қадру манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити беҳтар беш аз пеш ҷидду ҷаҳд менамояд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: