ЭСТРАДАИ ҚАЗОҚ ДАР «ТУРКИСТОН»
Дар доираи Соли Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ӯзбекистон чорабиниҳои амалӣ андешида мешаванд.
Консерти калони устодони саҳнаи қазоқ дар Кохи санъати «Туркистон»-и пойтахт таҳти роҳбарии ҳунарпешаи мардумии Қазоқистон М. Жунусова яке аз ин гуна тадбирҳо буд. Яке аз ситорагони санъати эстрадии мамлакати ҳамсоя М. Жунусоваро дар бисёр кишварҳои олам чун сарояндаи нотакрор эътироф мекунанд. Консерти ӯ дар пойтахт аз бисёрии мухлисонаш дар Ӯзбекистон низ дарак дод. Қисме аз таронаҳои машҳурашро вай дар ҳамовозӣ бо ҳаводоронаш, ки дар толор ҷамъ омада буданд, замзама намуд.
Ш. МУҲАММАД.
ҶОЗИБАИ РАҚСИ ХАЛҚҲОИ БАРОДАР
Дар Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дар доираи Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон бо иштироки ҷавонони донишҷӯи Академияи хореографияи миллии мамлакати дӯст барномаи консертӣ намоиш дода шуд.
Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон бо рӯҳияи баланду идона, тадбирҳои рангоранг, вусъатнокӣ, барои торафт мустаҳкам гардидани алоқаҳои маданию маърифатии байни ду халқ хизмат мекунад.
Торафт мустаҳкам гардидани риштаҳои ҳамкории байни сохторҳои эҷодӣ ва ҷамоатӣ, донишгоҳҳо, ҷамоаҳои театр, низомнок амалишавии лоиҳаҳои ҳамкорӣ, ҷашнвораҳои санъат, сафарҳо абадӣ будани дӯстии моро бори дигар намоиш медиҳад.
– Нахустин қабул ба академия соли 2016 оғоз шудааст, – мегӯяд проректори якуми он, Арбоби шоистаи санъати Қазоқистон, профессор Бибигул Нусипҷанова. – Аз дар Ӯзбекистон дар рӯҳияи идона баргузор шудани Соли Қазоқистон хабардор ҳастем. Барои тадбири мазкур барномаи махсуси консертӣ тайёр кардем. Он лавҳаҳо асарҳои балети мумтоз, намунаҳои рақси қазоқиро дар худ фаро гирифтааст. Дар давоми сафари худ дар Мактаби олии давлатии рақс ва хореографияи миллии Тошканд ҳам будем. Барои дар ҳаёт татбиқ кардани барномаҳои доир ба ивазкунии ҷавонони донишҷӯ, омӯзгорон аҳду паймон кардем. Барномаи мазкур барои аз ҷониби ҷавонони мо омӯхта шудани санъати рақси миллии ӯзбек низ пойдевор мегузорад. Баромадан ба саҳнае, ки нобиғаҳои санъати Ӯзбекистон мисли Усто Олим Комилов, Муҳиддин Қориёқубов, Тамарахонум, Ҳалима Носирова, Галия Измайлова, Карим Зокиров маҳорати худро намоиш додаанд, барои ҷавонони мо шарафи бузург аст.
Консерте, ки аз ҷониби ҷавонони боиқтидори Академияи хореографияи миллии қазоқ тақдим гардид, ба тамошобинон хеле манзур шуд.
Н. УСМОНОВА, мухбири ӮзА.