СОЛИ САРМОЯГУЗОРИИ ФАЪОЛ ВА РУШДИ ИҶТИМОӢ ДАР ҲАЁТИ МАМЛАКАТ ВОҚЕАИ МУҲИМ ГАРДИД

Дар таърихи Ӯзбекистони мустақил боз як сол анҷом меёбад. Аксарияти шаҳрвандони мамлакат бар онанд, ки соли 2019-ум дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт аз тағйироти мусбат саршор буд.

Онҳо тавонистанд нақшаҳои пешбиникардаашонро дар ин ё он сатҳ иҷро кунанд ва барои истиқболи соли нави 2020-ум бо кайфияти хубу рӯҳбаландӣ тайёрӣ мебинанд. Аз ин натиҷаҳои пурсише, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши афкори умуми ҷумҳуриявӣ «Ижтимоий фикр» гузаронида шуд, низ дарак медиҳад. 
Пурсиши иҷтимоии  «Ӯзбекистон: афкори умум-2019» ба омӯхтани кайфияти иҷтимоии ӯзбекистониён ва дараҷаи қаноатмандии аҳолӣ аз натиҷаҳое, ки дар Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ дар соҳаҳои асосии ҳаёти давлат ва ҷамъият ба даст омадаанд, мусоидат кард.
Дар пурсише, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, мардон ва занони аз 18 сола боло, сокинони шаҳру деҳот, вакилони гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва иҷтимоӣ, ки дар соҳа ва ҷанбаҳои гуногун кор мекунанд, иштирок карданд.
Тадқиқот нишон дод, ки Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ дар ҳаёти мамлакат воқеаи муҳим гардид. 84,6 фоизи иштирокдорони пурсиш ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии давлат баҳои мусбат медиҳанд ва онро «хуб ва муътадил» мешуморанд. Дар ҷараёни пурсиш шаҳрвандон қайд карданд, ки тӯли солҳои охир бобати такмил додани идораи давлатӣ, озодкунии иқтисодиёт, рушди иқтидори сармоягузорӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва таълим, баланд бардоштани дараҷаи некӯҳолии аҳолӣ дар Ӯзбекистон комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. 
Тавре ки натиҷаҳои пурсиши афкори умум шаҳодат медиҳанд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар байни халқ соҳиби нуфузи баланд ва эътимоди хуб мебошад. 96,3 фоизи иштирокдорони пурсиш – намояндагони табақаҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ, мардон ва занон, ҷавонон, шаҳрвандони синни миёна ва куҳансол, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, изҳор доштанд, ки роҳбари давлатро дастгирӣ мекунанд ва ба он муътақиданд, ки чораҳои бо ташаббуси ӯ амалишудаистода ба беҳтар гардидани ҳаёти мардум мусоидат менамоянд, сифати онро беҳтар мекунанд. Аҳолӣ ба дурустӣ ва саривақтӣ будани қарорҳои қабулкардаи Президент бовар доранд, зеро онҳо суръати баланди ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамоянд, эътимод ва эътиқоди онҳоро ба фардо ва обрӯи Ӯзбекистонро дар ҷомеаи ҷаҳон мустаҳкам мекунанд.
Бинобар ақидаи 79,4 фоизи шаҳрвандон дар соли сипаришудаистода бобати таъмин сохтани дараҷаи зарурии маблағгузорӣ дар иқтисодиёти мамлакат ва соҳаву ҷанбаҳои алоҳидаи он корҳои самарабахш анҷом пазируфтанд. Шаҳрвандон бар онанд, ки беҳтар шудани иқлими сармоявӣ ва татбиқ гардидани барномаҳои сармоягузорӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии рушди иқтисодиёт дар соли гузаранда, рушди истеҳсолот, ҳоҷагии қишлоқ, сохтмони манзил, соҳаҳои энергетикӣ ва сайёҳӣ буданд. 72,5 фоизи пурсидашудагон таъкид карданд, ки сиёсати татбиқнамудаи давлат ба беҳшавии шароити мусоиди рушди соҳибкории фаъол мусоидат кард. 
Дар соли 2019-ум, бинобар ақидаи аксар иштирокдорони пурсиш (88,5 фоиз), чорабиниҳои самарабахш амалӣ гардиданд, ки ба таҳкими нуфузи байналхалқӣ ва боло рафтани обрӯи Ӯзбекистон дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шуданд. Ба шарофати сиёсати ошкоро ва пурмуҳтавои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташаббусҳои ӯ бинобар таҳкими муносибатҳои тарафайн бо кишварҳои хориҷи наздик ва дур механизмҳои замонавии ҳамкории байналхалқӣ ҷорӣ мегарданд, самтҳои нави он ва имкониятҳои васеъ барои шарикии муфиди тарафайн фароҳам меоянд. Иштирокдорони пурсиш қайд мекунанд, ки дар соли сипаришаванда пешрафти  фаъол, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷи наздик ва дур, рушди имкониятҳои содиротии Ӯзбекистон аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ гардиданд. Аҳолӣ сиёсати хориҷии роҳбари давлатро бинобар ҳаллу фасли, аз ҷумла, маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба тақсим ва марзбандии сарҳадҳо, идораи захираҳои об ва энергетика фаъолона дастгирӣ менамояд.
Иштирокдорони пурсиш таъкид карданд, ки дар мамлакат бобати роҳ надодан ба маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки ногиро мебошанд, барои онҳо фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои баробар, ки ба қаробаташон бо ҷамъият мусоидат менамоянд, чораҳои бемисл андешида мешаванд.
Мувофиқи ақидаи 80,9 фоизи шаҳрвандон сохтмони манзилҳои арзон ва фурӯши он бо нархи имтиёзнок, ободонии шаҳру деҳот, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, муассисаҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла, поликлиникаҳо, беморхона, мактаб ва кӯдакистонҳо дар соли сипаришудаистода муҳим ба шумор мераванд.
72,1 фоизи пурсидашудагон дигаргуниҳои соҳаи тиб, беҳтар шудани низоми кӯмакрасонии тиббӣ, ҷорӣ гардидани технологияҳои нав ва усулҳои нави ташхису табобатро таъкид карданд. Ислоҳоте, ки дар низоми нигаҳдории тандурустӣ татбиқ мешаванд, ба такмилёбии инфрасохтор, ташаккулёбии муҳити ягона барои пешгирӣ ва ошкоркунии бемориҳо, баландшавии сифати кӯмаки тиббӣ, дараҷаи тайёркунии мутахассисон ва пардохти меҳнати кормандони тиббӣ, коҳиш ёфтани нарх барои дору ва техникаҳои тиббӣ мусоидат менамоянд.
Бинобар ақидаи 68,7 фоизи пурсидашудагон, дар соли 2019 бобати мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии кӯдакистонҳо, мактабҳо, мактабҳои олӣ бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ ва лабораторӣ, техникаҳои компутерӣ ва аёниятҳои услубӣ муҷаҳҳаз сохтани онҳо тағйироти назаррас ба амал омаданд, миқдори кӯдаконе, ки ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб мешаванд хеле афзуд. Дар ҷараёни пурсиш шаҳрвандон махсус зикр намуданд, ки қабул гардидани Консепсияи рушди низоми таълими томактабӣ то соли 2030-юм ба рушди минбаъдаву ҳамаҷонибаи насли наврас, таъмин шудани ӯ бо хӯроки муътадил, хидмати босифати тиббӣ ва тайёркунии кӯдакон ба мактаб мусоидат хоҳад кард.
Мониторинги пурсиши афкори умум нишон дод, ки тӯли солҳои охир, бинобар ақидаи шаҳрвандон, масъалаи рӯзмарратарин мушкилоти корёбӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, афзоиши нарх ба маҳсулоти хӯрокворӣ, меваву сабзавот, молҳои зарурияти аввалин ва сарулибос таъкид гардид. 
Дар ҷараёни тадқиқот 68,1 фоизи шаҳрвандони пурсидашуда қайд сохтанд, ки дар соли гузаранда  таъсири мусбати ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодиеро, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, дар аҳволи моддии оилаҳояшон эҳсос кардаанд. 84,1 фоиз пурсидашудагон гуфтанд, ки дар соли 2019-ум аҳволи моддии оилаҳои онҳо хуб шудааст ё худ дар дараҷаи муътадил боқӣ мондааст. Тӯли соли сипаришудаистода дар аксарияти ӯзбекистониён, мувофиқи пурсиш, афзоиши миқдори умумии даромад ба буҷаи оила, музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, фоидаашон аз соҳибкорӣ ва фаъолияти фермерӣ таъкид мегардад,
Тавре ки пурсиш нишон дод, беҳбуди аҳволи моддии оилаҳо ва  баланд шудани сатҳи ҳаёт бо афзудани миқдори ӯзбекистониёне, ки манзили худӣ, автомобил, компутери шахсӣ (ноутбук ва планшет) доранд, собит мегардад.
Омилҳои асосие, ки кайфияти мусбатро дар ҷамъият ташаккул медиҳанд, воқеаҳое ба шумор мераванд, ки бевосита ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд, инҳо: муносибатҳои хуби тарафайни оилавӣ, саломатии хуб, комёбиҳо дар хониш ва фаъолияти касбӣ, мавҷуд будани имконияти машғул шудан бо кори маъқул ва ғайраанд.  Аксари иштирокдорони пурсиш бовар доранд, ки дар соли нав мушкилотеро, ки онҳоро ба ташвиш меоваранд, метавонанд ҳаллу фасл кунанд. 
Бинобар ақидаи шаҳрвандон баргузинии пешистода боз як қадами амалӣ дар роҳи таҳкими минбаъдаи истиқлолияти миллӣ, татбиқшавии ислоҳоти демократӣ, ба даст омадани ҳадафҳои стратегии  пешрафт ҳам барои ояндаи наздик ва ҳам барои минбаъда мегардад.
Натиҷаҳои пурсиш аз он шаҳодат медиҳанд, ки дигаргуниҳои дар мамлакат дар пояи ғояи афзалиятноки «Аз эҳёи миллӣ – ба пешрафти миллӣ» амалишудаистода ба кайфияти иҷтимоӣ ва саломатии шаҳрвандон таъсири бевосита мерасонанд, симои нави ӯзбекистониёнро ташаккул медиҳанд, ки сафарбарӣ ва омодагӣ ба худогоҳӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва саъю кӯшиш ба саҳми муносиб гузоштан баҳри шукуфоии Ӯзбекистони азиз, бо меҳнати сазовор афзудани азамати мардуми Ӯзбекистон ҷиҳатҳои муҳими он мебошанд.
Аксарияти кулли иштирокдорони пурсиш изҳори бовар намуданд, ки мамлакат дар соли 2020 на фақат суръати ислоҳотро нигоҳ медорад, балки ба дараҷаи сифатан нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ мерасад. 

 Дар асоси маводи Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр»
хабарнигори ӮзА О. ХАРЧЕНКО тайёр кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: