СОЛИМИИ ХАЛҚ – БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ

Ислоҳоти кулл дар тамоми соҳаҳо татбиқи амалии худ ёфта, ба тағйироти азим, минҷумла, ободии рӯзгору болоравии сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат сабаб мегарданд.

Хусусан, ба рушди соҳаи тандурустӣ, ба хидмати босифати тиббӣ фарогирии аҳолии ҳудудҳо, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои табобатӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Танҳо дар соли 2018 назар ба соли 2017 аз Буҷаи давлатӣ 40 фоиз бештар ҷудо карда шудани маблағ ба соҳаи тандурустӣ аз мавриди ғамхориҳои ҷиддӣ будани соҳа дарак медиҳад. Дар соли 2019 ба боз ҳам мустаҳкамсозии пойгоҳи моддию техникӣ, таъминсозии муассисаҳои табобатӣ бо кадрҳои малаканок, расонидани хидматҳои замонавии тиббӣ ба аҳолӣ ҳаракатҳо самара мебахшанд.
Бо вуҷуди ин, дар фарогирии умум ба хидматҳои босифати тиббӣ дар баъзе ҳудудҳо ҳанӯз мушкилиҳо бартараф карда нашудаанд. Кори профилактика ва муоинаи тиббӣ дар қисме аз маҳалҳои навоҳии дурдаст ба талаботи давр ҷавобгӯ нест. Байни бунгоҳҳои тиббии деҳот, поликлиникаҳои оилавӣ ва муассисаҳои марказии тиббӣ гоҳо сарсонии беморон ва қарибони онҳо ба мушоҳида мерасад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки байни зинаҳои хидмати тиббии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва деҳот ҳамкориҳо ҳанӯз мувофиқи матлаб ба роҳ гузошта нашудаанд. Баъзан беморе, ки мумкин аст дар шифохонаи ноҳиявӣ солимии худ барқарор созад, бинобар роҳ гузошта шудан ба лоқайдиҳо, ба маркази вилоят ё ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Аснои маслиҳатдиҳӣ ба гӯшаи хотир намеоранд, ки бемор барои ба ҷойҳои дигар рафтан ва муолиҷа гирифтан имкони моддӣ дорад ё не.
Сир нест, ки бисёр бемориҳо дар натиҷаи вайрон шудани асаб ё худ майнаро пармакунии фикру хаёлҳои ногувор, вазнинии бори зиндагӣ, изтироб ва ташвишҳои ҳаёт сар мезананд. Ва табиист, ин шахсони ниёзманд ва дараҷаи зиндагиашон паст бештар ба бемориҳо мепечанд. Ба маблағ вобастагии  табобат бошад, аҳволи онҳоро вазнинтар месозад. Хусусан, ба муассисаҳои тиббии хусусӣ бе маблағи муайян наздик шудан маънӣ надорад. Бинобар ҳамин одамон, дар навбати аввал шахсони оддӣ, мехоҳанд ба муассисаҳои тиббии давлатӣ муроҷиат намоянд. Хуб аст, ки дар поликлиникаҳои оилавию шифохонаҳои давлатӣ, айни замон, барои барқарорсозии солимӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд. Вале бисёр мешавад дар ин гуна масканҳо беморро ба муассисаҳои тиббии хусусӣ фиристанд. Дар натиҷа шахсони камтаъмин бинобар гаронии нархи ташхис ва хидматрасонии тиббӣ ба душвориҳо дучор мешаванд.
Албатта, фаъолияти муассисаҳои тиббии хусусӣ, ки  бештар аз ду даҳсола инҷониб дар тандурустии халқ хидмати босазо мекунад, аз пешравӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқгардии сохтори тиббии мо дарак медиҳад. Даво ҷуста, бахориҷравии қисме аз шаҳрвандонамон ба касе сир нест. Имрӯзҳо имконияти масканҳои тиббии кишварҳои рушдёфта дар худи мо ҳам мавҷуд. Дар як қатор нуқтаҳои тиббии хусусӣ мутахассисони хориҷиро низ мебинем. Ҳатто дар баробари ҳамватанҳоямон шаҳрвандони давлатҳои ҳамсоя аз имкониятҳое, ки оиди хидматрасонии тиббӣ дар мамлакатамон офарида шудаанд, истифода менамоянд.
– Аз эътиборе, ки ба боз ҳам васеънамоии сохтори тиббии хусусӣ нигаронида шудааст, албатта, халқи мо мамнун, – мегӯяд собиқадори меҳнат Султонака Умиров. – Вақтҳои охир қомат рост кардани бинои як қатор маҷмӯъҳои табобатӣ ба шукӯҳу зебоии пойтахт афзуданд. Дар ҳар қадам маскани хусусии шифо бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз – диагностика мегӯед, ё хидмати лабораторию физиотерапӣ, ЭКГ, РЭГ ва ҳоказо, ҳамааш муҳайё. Шифокорони таҷрибанок ҷалб карда шудаанд. Хидматрасонӣ – ба дараҷаи баланд. Вале барои аз ин гуна хидматҳо истифода кардан қурби ҳама ҳам мерасад?
Масканҳои тиббии хусусӣ зиёд шуданду баъзе ходимони поликлиникаҳои оилавӣ ба «маслиҳатдеҳ»-и бемор табдил ёфтанд: «Хубаш, ба маркази саломатие, ки дар ана ин манзил ҷой гирифтааст, равед». 
Маслиҳати хуб, вале нархномаи он масканро кисаи бемор мебардорад? Гуфтем, вакили соҳае, ки даромадаш миёна аст, як илоҷ карданаш мумкин, одами оддии камтаъмин, ногирое, ки қобилияти меҳнатӣ гум кардааст, чӣ кор мекунад?
– Бо ҳамин гуна «роҳхат» набераамонро ба яке аз ин гуна масканҳои тиббии хусусӣ бурдем, – ба суханаш давом медиҳад Султонака. – Бемор аз «аппарат»-и замонавӣ гузашт, натиҷаҳо баромаданд.
Ба фалон хона гузаред, апа мефаҳмонад, гуфт духтари хидматгузор. «Номзади илмҳои тибб» – қайд карда шуда буд дар паси дар. Олимаапаамонро хеле интизор шудем. Омад. Ба даромадан рухсат пурсидем. Ба касса маблағ пардохта, баъд дароед, гуфт вай. Пардохтаем, ана натиҷаҳо, гуфтам коғазҳоро нишон дода. Мебинам, гуфт врач, чӣ хел будани натиҷаҳо, акнун чӣ кор кардан лозим буданашро донистан хоҳед, алоҳида пардозед. Маслиҳат пулакӣ аст. Бе квитансия чизе гӯям, аз кор ронда шуданам мумкин, маро дуруст фаҳмед. Норозӣ бошед, ба соҳиби шифохона вохӯред... Чӣ ҳам мекардам, ноилоҷ боз ба  назди касса рафтам...
Яке аз шиносҳои мо аз хидмати маскани тиббии воқеъ дар вилояти Фарғона он қадар нафъ наёфта ба Тошканд омадааст. Ин коғазҳо намегузаранд, барои ташхис аз аппарати худамон гузаштанатон лозим, гуфтаанд ба вай. Як навъ аппарат-ку, гӯён он шиноси мо дар тааҷҷуб. Мақсад аппаратро истифода бурдан, пул кор кардан аст?
Дигар аз шиносҳоямонро, ки бо роҳхат (ордер) ба кадоме аз масканҳои тиббии пойтахт омадааст, аз муоина гузаронда, «акнун аз ана ин ҷо гузашта оед», гуён ба маскани тиббии хусусии назди касалхона фиристодаанд. Ҳол он ки ускунаҳои тиббии дар сохтори хусусӣ буда дар худи шифохонаи давлатӣ мавҷуд будааст.
Ба фикр меравем: барои он ки одамони оддӣ ба ин гуна муаммоҳо дучор наоянд, имкониятҳои дар масканҳои тиббии хусусӣ  мавҷударо дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ низ  офаридан тақозои давр нест?
Албатта ин тақозои давр ва корҳо бобати ҳалли ин масъала аллакай шурӯъ шудаанд.
Мо инро дар фаъолияти поликлиникаи оилавии рақами 54-уми ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд равшан мушоҳида намудем.
Поликлиникаи мазкур соли 1978 сохта шуда ва дар ин байн чанд бор аз таъмир баромад, вале ба талаботи рӯз ҷавоб намедод. – Аз 25 августи соли 2018 дар асоси барномаи «Маҳаллаи обод» бинои маскани тиббиамон ба таъмири пурра фаро гирифта шуд, – мегӯяд сардухтури поликлиникаи мазкур Дилфуза Абдураҳимова. 
— Ходимонамон ба 22 қитъа дар мавзеъҳои сеюм, ёздаҳум, сенздаҳум, ҳамчунин ҳафт маҳаллаи атроф вобаста буда ва онҳо муроҷиат кардани аҳолиро мунтазир нашуда, аз рӯйи график, ба хонадонҳо мераванд, тарзи солими зист ва нақши маданияти тиббиро таблиғ месозанд. Аз 90 нафар ҷамоаи меҳнатӣ 11 нафар шифокорони мо соҳиби категорияи олӣ. Аҳолӣ, хусусан, аз тарзи қабул, муносибату муомила ва корбарии шоёни Зулфия Ҳазратқулова, Гулнора Ҷамилова, Дилдора Умархонова, Норқӯзӣ Бобоев, Озода Абдусаматова, Моҳинур Исмоилова хеле мамнун. Раҳбар Иброҳимова, Дилдора Аҳмедова, Сурайё Ҳусанова  барин ҳамшираҳои шафқат, айни замон, бо меҳнати софдилона ва муносибати сазовор ба касб ва беморон ба қалби аҳолӣ роҳ ёфтаанд.
Барои таъмири пурраи бинои поликлиникаи оилавии рақами 54  3 миллиарду 850 миллион сӯм ҷудо карда шудааст. Ба хонаи нав – палоси нав, гуфтагӣ барин, маскани тиббии баъди таъмир куллан тағйирёфта ва ба асбобу ускунаҳои ташхисии наву замонавӣ муҷаҳҳазамон бовар дорем, хидматрасонии тиббӣ боз ҳам баланд, одамон аз корҳое, ки пеш бурда мешаванд, розӣ мегарданд.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: