“СОЛҲО БОЗ МОДАРАМРО ИНТИЗОРӢ МЕКАШАМ”

Бо Шаҳло дар озмуни “Дӯзандагони моҳир”-и пойтахт вохӯрда будам.

Бо Шаҳло дар озмуни “Дӯзандагони моҳир”-и пойтахт вохӯрда будам. Донистам, ки вай дар хонаи кӯдакон тарбия меёфтааст. Дар озмун аз номи хонаи кӯдакон иштирок мекард. Шаҳло либосҳои барои духтарчаҳо дӯхтаашро ба доварон намоиш додаву талош мекард, ки онҳо ҳарчи бештар ба маҳсули дастонаш ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Вақте ки дақиқаҳои эълони натиҷаи озмун фаро расид, духтарон бесаброна мехостанд донанд, ки се ҷои аввал ба киҳо насиб мекарда бошад ва дар ин феҳраст ҳар кадом номи худро пайдо карда метавонанд ё на. Аз се ғолиб танҳо як нафар метавонист дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат кунад. Доварони озмун аввал номи ду духтаронро эълон карданд, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд. 
Номи Шаҳло дар сархати ин озмун қарор гирифт ва ӯ байни онҳо ғолиби озмун гардид. Вай ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳхат гирифт. Акнун мебоист боз тӯли як моҳ ба ин озмун ҷиддан омодагӣ гирад ва беҳтарин намунаи либосҳояшро пешниҳод намояд.    
Баъди ин озмун гоҳ-гоҳ Шаҳлоро медидам ва кӯшиш мекардам, ки ин духтар кай ва чаро ба хонаи кӯдакон афтодааст. Ба гуфтаи Шаҳло, симои модарашро хира-хира дар ёд дорад, аммо ба ҳарос афтодааст, ки бо гузашти айём ҳамин симо низ аз ёдаш зудуда мешавад. Ҳарчанд кайҳо умедашро кандааст, бо вуҷуди ин боз роҳи модарро интизорӣ мекашад. Баъзан ба хонаи бачагон ягон зан даромада ояд, дилаш сахт ба тапиш даромада, гумон мекунад, ки ин зан модари ӯст ва ба суроғи вай омадааст. Аммо...
– Вақте ки ба синни 16 расидам, соҳиби шиноснома гаштам. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳамон симои хира-хираи дар ёдам мондаи модарамро дубора равшан кунам. Бовар дорам, ки тасодуф рух медиҳаду дар ягон ҷои шаҳр модарамро дучор меоям, аммо бо мурури вақт мушкилтар мешавад, ки ҳамон симои дар кӯдакӣ дидаамро дар зеҳнам барқарор кунам, – мегӯяд Шаҳло маҳзунона. 
Ӯ падарашро тамоман надидааст ва намедонист, ки вай киву аз куҷост ва аз духтараш хабар дорад ё на. Агар ҳоло мураббии куҳансоли хонаи бачагон, ки Тӯхтахола ном дошт, зинда мебуд, шояд ба воситаи ӯ модарашро пайдо мекард. Тӯхтахолаву шавҳараш солҳои зиёд боҳам зистаанд, вале соҳиби фарзанд нашудаанд. Барои ҳамин Тӯхтахола баъзан аз рафтан ба хонааш худдорӣ мекарду дар хонаи кӯдакон мемонд.
Шаҳло мегӯяд, ки муносибати Тӯхтахола бо ҳамаи сокинони хонаи кӯдакон хеле хуб буд. Вай ҳамеша кӯшиш мекард, ки дили ҳамаи онҳоро ба даст оварад.
– Боре ин кампири нармдилу нармгуфтор оҳиста дилашро ба ман кафонд  ва аз ҳаёту зиндагиаш бароям нақлҳои аҷиб кард. Вай рӯзе гуфт, ки модарамро дидааст, аммо аз ному насаб ва ҷои зисташ дарак надорад. Бино ба нақли Тӯхтахола чанд сол муқаддам аз кор ба хона бармегашт. Вақте ки ба дами дарвоза баромад, дид, ки зане духтарчаи хурдакакро назди дарвозаи хонаи кӯдакон гузошта, мехоҳад зуд аз он ҷо бадар равад. Якбора рӯймоли сараш афтода, рӯяш бараҳна мегардад. Тӯхтахола чеҳраи ин занро мебинад ва ҳарчанд “Як лаҳза истед, хоҳарам! Чаро кӯдакро ин ҷо гузошта меравед?” гуфтанҳои ӯ нигоҳ накарда, худро гирифта гурехтааст,– ба ёд меорад Шаҳло.
Баъди гурехтани модар духтарча бо тамоми овоз гиряро сар додааст. Тӯхтахола духтарчаро ором карданӣ шуда:
– Номи ту чист? – гуфта оҳиста пурсидааст.
Духтарчаи ба ҳаросафтода аввал хомӯш ба чеҳраи ин кампир нигоҳ карда шиштааст ва баъди он ки Тӯхтахола вайро ба канор гирифтааст, гуфтааст, ки номаш “Саҳло” аст. Тӯхтахола даррав фаҳмидааст, ки номи духтарча Шаҳлост. Баъд вайро ба назди мудири хонаи кӯдакон овардааст ва аз ҳамон вақт ба ин сӯ он духтарча дар ҳамин ҷо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
– Тӯхтахола бештар аз ин чизҳо дигар ягон маълумоти иловагӣ бароям надодааст, – мегӯяд Шаҳло. 
Тӯхтахола боре барои харид ба бозори маркази шаҳр рафтааст. Вай дар хамин яке аз кӯчаҳои назди бозор занеро дучор омадааст, ки ба модари Шаҳло хеле шабоҳат дошт. Он зан низ ба мураббии хонаи кӯдакон синчакорона нигаристааст ва баъд чизе ба ёдаш расидагӣ барин ҳадаҳа аз он ҷо нопадид шудааст. Тӯхтахола ҳамеша умедвор будааст, ки ин зан барои бурдани духтарчааш ҳатман ба хонаи кӯдакон меояд. 
– Ин барои Тӯхтахола ба армон табдил ёфт. Ҳамаи интизориҳои Тӯхтахола барабас рафтанд ва худи ӯ низ бо ин дунё падруд гуфт. Вай зани хеле сода, вале беозору нармдил буд, – боз ба ёд меорад Шаҳло ва ашкони чашмонашро оҳиста ба нӯги рӯймолчаи дасташ пок карда.
Тӯхтахола дар байни кӯдакон Шаҳлоро хеле дӯст медошт. Ӯ талош мекард, ки вақти Шаҳло хуш гузарад ва бо вай худро андармон мекард. Аммо ҳамеша дар пайи он буд, ки ягон оилаи рӯзгораш босуботу ором  ин духтараки ситорагарм ва дар ҳама кор чаққону ҳамакораро ба фарзандӣ бипазирад. 
– Вале аксари зану шавҳарҳои фарзандталаб ба писарбачаҳо ҳусни таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекардаанд. Дили мураббии солхӯрдаи моро ин ҳол ба танг меовардааст, – мегӯяд Шаҳло боз чашмонаш лиққи об шуда.
Маълум мешуд, ки Шаҳло низ ин мураббиро хеле дӯст медошту ҳурмат мекард. Ба гуфтаи Шаҳло марги Тӯхтахолаи солхӯрдаро чанд муддат ҳазм карда натавониста, азоб кашидааст. 
Боре Шаҳло нақл кард, ки баъди ба охир расидани дарсу машғулиятҳо китобу дафтарҳояшро бурда болои мизи утоқаш гузошт. Ҳамроҳи дугонаи наздикаш– Ёсуман аз сармураббии гурӯҳашон иҷоза хоста шаҳрро давр мезананд.
Дугонаҳо кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро давр задаанд. Баъд ба қаҳвахонае даромада, қаҳва нӯшидаанд. Ин дам пешхизматзан рӯи мизҳои атрофро тамиз мекардааст. Ҳарду бидуни он ки ба вай эътибор диҳанд, қаҳванӯшон суҳбати худро идома додаанд. Аммо баъди чашмҳо боҳам бархӯрдан зан ба канор  рафта, ба Шаҳло бодиққат разм андохтааст. Баъд ҳолаташ фавран тағйир ёфта, ба назди онҳо омада:
– Духтарам, номи ту чист? – пурсидааст аз Шаҳло.
– Ман Шаҳло ҳастам. Ин – Ёсуман, дугонаам. Чӣ, холаҷон?
– Ҳеҷ. Ҳамту. Ба касе монанд кардам. Бубахшед маро, – гуфтаасту аз пеши онҳо дур шудааст.
– Мо ҳамон рӯз дигар ин занро дар қаҳвахона надидем. Фикр кардем, ки  шояд навбати кораш тамом шуда бошад. Сонӣ ба хона баргаштем,– бо хаёли парешон гуфт Шаҳло.
Ман ҳам ором нашишта:
– Шаҳло, ту мехоҳӣ донӣ, ки он зан кист? 
– Чӣ лозим барои  ман ин кор? – ҳайрон шуда пурсид Шаҳло.
– Раваду ҳамон зан модари ту бошад, чӣ кор мекунӣ? – истинтоқро давом додам ман.
– Ин имкон надорад. Маълум нест, ки модари ман зиндааст ё...  Агар зинда мебуд, шояд як бор ба суроғам меомад.  Ё дар ягон шаҳр машғули кору зиндагиаш аст. Беҳтараш, ҳаловаташро вайрон намекунам,– гуфт Шаҳло.
Аммо ҳувайдо буд, ки ин ҳарфҳояш чандон қатъӣ нестанд ва дар як гӯшаи қалбаш барои модари солҳо надидааш ҳанӯз ҷойгоҳе боқӣ мондааст...

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: