СОҲАИ МУҲИМ ВА МАСЪУЛИЯТНОК

Яке аз масъалаҳои мубраму муҳим, ки мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор гирифтааст, ба бозорҳои мамолики хориҷӣ содир намудани маҳсулоти рақобатпазир ва сифатан ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобдиҳанда мебошад.

Маҳсулоти содиротӣ баъди таҳқиқи сифати он дар лабораторияҳои аккредитатсияшуда ба хориҷ интиқол меёбад ва ба дасти мизоҷони худ мерасад. 
Дар як чорабинии минтақавие, ки корхонаи воҳиди давлатии «Маркази аккредитатсияи Ӯзбекистон» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Ҳамкориҳои минтақавии Осиё ва уқёнуси Ором оид ба аккредитатсия»(AРAS) баргузор намуд, 21 нафар вакилон ба он даъват шуда буданд. Он таҳти унвони «Аккредитатсияи провайдерҳои санҷиши салоҳиятнок аз рӯи меъёрҳои байналмилалии ISO/IEC 17043:2023" ба вуқӯъ пайваст. 
Иштирокчиёни чорабинӣ талабҳои стандарти байналмилалӣ, дуруст санҷидани маҳсулот ва муайян намудани сифати он аз тариқи лабораторияҳоро дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд ва перомуни он табодули назар намуданд. 
Дар ҷараёни чорабинӣ дар атрофи ҳолатҳое низ ибрози назар сурат гирифт, ки бар асоси нодуруст муайян намудани сифати маҳсулот аз тарафи провайдерҳои санҷанда метавонад иштибоҳҳои зиёде ба вуҷуд ояд ва рақобатпазирии маҳсулот ба мушкил мувоҷеҳ шавад.
– Дар шаҳри Тошканд баргузор намудани ин чорабинии минтақавӣ бесабаб нест. Президент Қонун дар бораи «Аккредитатсияи мақомоти арзёбии мутобиқат»-ро баъди баррасиҳо дар Палатаи қонунгузорӣ ва тасдиқи Сенати Олий Маҷлис ба имзо расонид. Ин ҳуҷҷат фаъолияти ниҳодҳои аккредитатсиякунандаро ба тартиб медарорад, – гуфт директори Маркази аккредитатсияи Ӯзбекистон Ансабхон Зокиров.
Вай афзуд, ки Ӯзбекистон ба созмони Ҳамкории аккредитатсияи Осиё ва уқёнуси Ором пайвастааст. Дар ин замина ҳар маҳсулоте, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, бояд аз лабораторияҳои салоҳиятнок гузаронида шаванд ва ба андозаҳои байналмилалӣ ҷавоб дода тавонанд.
Ба сифати маълумот метавон илова намуд, ки ташкилоти APAC 1 январи соли 2019 дар натиҷаи муттаҳидшавии ташкилотҳои «Ҳамкориҳои аккредитатсияи ҳавзаи уқёнуси Ором» ва «Ҳамкориҳои аккредитатсияи лабораторияҳои Осиё ва уқёнуси Ором» таъсис дода шудааст. APAC ассотсиатсияи минтақавии аккредитатсия барои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором мебошад, ки аз ҷониби Форуми байналмилалии аккредитатсия (IAF) ва Шарики байналмилалии аккредитатсияи лабораторияҳо (ILAC) эътироф шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: