СОҲАИ САЙЁҲӢ БА ЯКЕ АЗ ДРАЙВЕРҲОИ ИҚТИСОДИ КИШВАР ТАБДИЛ МЕЁБАД

Туризм яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад

Тараққиёти васеъмиқёси он барои бисёр мамлакатҳо манбаи асосии даромад шуда истодааст. Аз ин рӯ, дар кишварамон низ  оид ба минбаъд ривоҷ додани соҳа, дар ин бобат дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ офаридани инфрасохтори зарурӣ, зиёд гардондани шумораи сайёҳон чорабиниҳои васеъмиқёс татбиқ карда мешаванд.  
Аз ҷумла,  барои озодгардонии тартиби додани раводид, сода гардондани тартиби барӯйхатгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ имтиёзу сабукиҳо дода шуданд. Инчунин, заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳа такмил дода, барои таблиғи самараноки иқтидори сайёҳӣ шароит фароҳам оварда шуд. Дар натиҷа, дар соли 2023 ба кишварамон аз хориҷ қариб 7 миллион сайёҳ омада, нишондиҳандаи сайёҳони хориҷӣ нисбат ба соли 2022 қариб 1,3 баробар афзуд.
Чанд рӯз қабл дар ҷаласаи видеоселекторӣ оид ба чораҳои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳо ва афзоиши гардиши сайёҳони хориҷӣ, ки таҳти раёсати Президент баргузор шуд, вазъи кор дар соҳаи рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бобати рушди соҳа, васеъ намудани шабакаи объектҳои сайёҳӣ, беҳтар намудани инфрасохтори туризм як қатор вазифаҳо муайян карда шуданд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Шаҳрисабз ва ноҳияи Шаҳрисабз кластери сайёҳӣ таъсис дода мешавад. 33 километр роҳҳои Ҳисорак — Ғелон ва Ҳисорак — Сарчашма васеъ ва таъмир карда мешаванд. Роҳи мошингарди «Чироқчӣ-Шӯрқудуқ» беҳбуд ёфта, вақти сафар аз Самарқанд то Шаҳрисабз кам мешавад.  Дар доираи таъсиси кластери сайёҳӣ дар Шаҳрисабз дар соли 2025 дар дарёи Оқсу, ки аз Ғелон мегузарад, ба кор андохтани 3 неругоҳи барқи обии иқтидораш 24 мегаватт ва омода намудани 100 нафар мутахассисон дар техникуми сайёҳии Шаҳрисабз дар асоси барномаи Швейтсария дар назар аст. 
Бар замми ин, 20 ноҳияи иқтидори сайёҳиашон баланд интихоб карда, оиди таҳияи нақшаи маҳорати онҳо ва пешниҳодҳо бобати ба ҳар яки онҳо ҷалб намудани  сармоя ба миқдори 50 миллион доллар, инчунин барои ба таври лозимӣ истифода бурдан аз имкониятҳои сайёҳӣ дар атрофи аквапаркҳо ва ҳавзҳои шиноварии кишварамон, туризми гастрономӣ, этнотуризм, туризми экстремалӣ ва кӯлҳои табиӣ супоришот дода шуданд. 
Оид ба азнав дида баромадани тақвими фестивалҳои дар кишвари мо баргузоршаванда, андешидани чораҳои боз ҳам сабук гардондани убури сарҳадҳо, ба роҳ мондани маъракаи тарғиботи ҷаҳонӣ, ки иқтидори сайёҳиро пурра кушода медиҳад, ба кор андохтани платформаи ягонаи онлайн, ки имкони гирифтани маълумотро дар бораи тамоми сафарҳо ва чиптаҳо, мундариҷа фароҳам меорад,  баргузор намудани озмун ҷиҳати офаридани контент дар бораи «бренди туризми миллӣ», ба роҳ мондани тарғибот дар платформаҳои байналмилалӣ супоришот дода, имсол ба ин мақсад 5 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Масъалаи дигар ин аст, ки солҳои охир дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба васеъ намудани шабакаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ, фаъолияти онҳо, таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо вуҷуди ин, ҳамагӣ 2 клиникаи хусусӣ сертификати байналмилалӣ гирифтааст ва ҳиссаи бемороне, ки аз хориҷ барои табобат меоянд, ҳатто дар муосиртарин клиникаҳои хусусӣ ба 12 фоиз нарасидааст.
Агар соли гузашта дар 86 санаторияю муассисаҳои тиббии мамлакатамон зиёда аз 60 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ табобат гирифта бошанд, бо зиёд кардани ин гуна муассисаҳо мо боз 100 ҳазор нафар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунем, ки соле аз худи туризми табобатӣ 300 миллион доллар содир карда метавонем ва оғози барномаи «Меҳмоннавозии хидматрасонии тиббӣ» дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ эълон шуд.
Ҳоло талошҳои клиникаҳои хусусӣ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба сайёҳии табобатӣ ва солимгардонии кишвари мо, аз ҷумла аз стандартҳои байналмилалӣ гузаштани онҳо, хароҷоти ширкат дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва хароҷоти роҳкиро ва зисти табибоне, ки барои таблиғот ва хидматрасонии ташхис ба хориҷ рафтаанд, аз ҳисоби буҷет пӯшонда мешавад, барои хориҷиёне, ки бо ин мақсад меоянд, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда муқаррар шудааст. Ба ин мақсад ҳар сол 10 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Бояд гуфт, ки сарвари давлатамон дар ҷамъомад бо соҳибкорон мулоқот намуда, як қатор пешниҳоду андешаҳои онҳоро маъқул донист ва вазифаҳои дахлдор гузошт.
Рушди сайёҳӣ сармоягузориро ба рушди инфрасохтор, аз қабили сохтмону таҷдиди фурудгоҳҳо, роҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар иншоот ҷалб намуда, дар тамоми манотиқи кишварамон корҳои густурдаи созандагӣ ба роҳ монда мешавад. Ин, дар навбати худ, шароити зиндагии сокинони маҳаллӣ ва сайёҳонро беҳтар намуда, сатҳи зиндагии мардумро боло мебарад.
Оммавӣ гардидани сайёҳии дохилӣ барои фароғати фаъоли шаҳрвандони мо, ваҳдати миллати сермиллатамон замина фароҳам меорад, имкониятҳои аҳолӣ, бахусус ҷавононро барои ошноӣ аз мероси ғании табиию фарҳангӣ ва таърихии кишварамон васеъ менамояд,  барои ташаккул додани ҳисси ифтихор аз онҳо  замина фароҳам меорад.
Бо як сухан ифода намоем, ба ҳаёт татбиқ шудани вазифаҳои муайяншуда ба воситаи намоиш додани иқтидори мавҷудаи сайёҳии кишварамон,  офаридани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани ҳаҷми сармоя ва содирот ва диверсификатсияи даромадҳо ба рушди устувори иқтисод хидмат мекунад.

Зумрад БЕКАТОВА,
депутати Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲДЭМ Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: