СОҲИБЭҲТИРОМ

Азимҷон Ҳасановро дар ноҳияи Сӯх хеле хуб мешиносанд.

Азимҷон Ҳасановро дар ноҳияи Сӯх хеле хуб мешиносанд. Вай аз зумраи инсонҳое муаррифӣ шудааст, ки дар баробари омӯзгорӣ шеър низ машқ мекунад. 
– Халқи тоҷик табиатан шоир аст. Солҳои зиёд машғули таълиму тарбияи мактаббачагон будам. Вақте аз мактаб фориғ шудам, донистам, ки кор бо хонандагон ба кас роҳату фароғат мебахшад. Дуруст аст, ки ба шогирдон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик низ сабақ додам. Аммо ду даҳсолаи ҳаётамро ба синфҳои ибтидоӣ сарф намудам, – мегӯяд Азимҷон Ҳасанов.
Омӯзгори бознишаста гоҳ-гоҳ ба мактабе меояд, ки солҳои дароз дар он ҷо ғайр аз омӯзгорӣ ба ҳайси мудири қисми илмӣ низ кор кардааст. Азимҷон Ҳасанов мегӯяд, омӯзгорӣ касби шарафнок аст ва ҳар кӣ ба ин касб мехоҳад сару кор дошта бошад, бояд аввал худ ба ҳамон дараҷае расад, ки шогирдонаш ӯро гӯш кунанд ва мувофиқи нишондодҳои ӯ амал намоянд.
– Дар ноҳияи Сӯхи мо одамони обрӯманд хеле зиёданд, ки маҳз ба туфайли соҳиби ҳамин касбу кор буданашон дар миёни мардум соҳиби эҳтиром гаштаанд. Бо ифтихор Обидхӯҷа Иброҳимовро пеш аз ҳама ба забон мегирам. Ин устоди равоншоди мо ҳамеша аз мо тақозо менамуданд, ки ба ҳақи кӯдакон хиёнат накунем, онҳоро дуруст таълиму тарбия диҳем. Гузашта аз ин, тамоми мардуми ноҳия бо номи  Бегалӣ Болтаев ва Салоҳиддин Завҳаров ифтихор мекунанд, – мегӯяд Азимҷон Ҳасанов.
Тавре ки вай ёдовар шуд, солҳои аввали ба кор омаданаш, ки ба охири солҳои ҳафтодуми қарни гузашта рост меояд, дарк намуд, ки чи касбу кореро интихоб намудааст. Аммо барои ӯ фориғболӣ бегона буд ва ин хислат ҳанӯз дар ӯ боқӣ мондааст. Вай мегӯяд, ки аз рӯзҳои аввали ба кор омадан талош намуд, ки ба номи пуршарафи омӯзгорӣ сазовор шавад ва то ҳадде ба ин ноил шуд.
– Дар шаҳри Самарқанди бостонӣ аз устодони зиёд илму ҳунар омӯхтам. Ҳамеша номи устодонам Л. Назарова, С.Аслиддинов, Х. Қамариддинов, С. Умарова,  А. Юнусова, М. Адашев ва дигаронро пос медорам. Маҳз онҳо барои як ҷавони деҳотӣ дар он солҳо илму фарҳанг омӯзониданд, – иброз дошт Азимҷон Ҳасанов.
Ногуфта намонад, ки қаҳрамони ин лавҳаи мо соли 1974 мактабро хатм намудааст. Аммо натавонистааст шомили донишгоҳ шавад. Ба деҳа баргашта як соли тамом ба кори кишту парвариши зироат машғул шудааст ва дар айни ҳол барои ба донишгоҳ дохил шудан мустаҳкам тайёрӣ дидааст.
– Як соли кори деҳқонӣ маро хеле пазонд. Сонӣ рафта ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд дохил шудам. Онро бомуваффақият хатм карда, ба деҳа баргаштам. Солҳои зиёд омӯзгор будам. Чанд сол муқаддам саломатиам бад шуд ва тарки кор намудам. Ин бароям хеле мушкилу тоқатнопазир буд, вале илоҷи дигар надоштам,– ёдовар шуд Азимҷон Ҳасанов.
– Вақте ки шеър менависед, бештар Ватани кучаки мо – Сӯхро мадҳ мекунед. Ҳамту не? – пурсидам аз Азимҷон Ҳасанов.
– Бале. Чунки хуни нофи мо дар ҳаминҷо рехтааст  ва чӣ тавр онро мадҳу ситоиш накунам. Диёрам таърихи дуру дароз дорад ва ҳар як фарде, ки дар шаҳраку деҳоти ин ноҳия зиндагӣ мекунад, бояд аз таърихи он ба хубӣ огоҳ бошад, – мегӯяд Азимҷон Ҳасанов ва ин шеъри худро замзама мекунад:
Сарҳади ту аз Ватан гарчи ҷудо, Сӯхи ман,
Дар дили халқи Ватан ҳастӣ ту ҷо, 
Сӯхи ман,
Сарвари донои мо меҳр ба ту додааст,
Баҳри нумӯят намуд хайру сахо, 
Сӯхи ман.
Сӯхи куҳан, аз азал халқи ту 
меҳнатқарин,
Шӯҳрату шаънат расад то ба само, 
Сӯхи ман,
Шод Азимҷон шавад аз ҳама пирӯзият,
Сабт ба дафтар кунад рушди туро, 
Сӯхи ман.
– Офарин! – ситоиш кардам Азимҷон Ҳасановро.
Дарвоқеъ, вай ҳамеша ёвари омӯзгорони ҷавон аст. Ба назди ӯ шогирдонаш омада, роҳу равиши корро мепурсанд, маслиҳату машварат мегиранд. А. Ҳасанов дар нафақа бошад ҳам, як пояш аз мактаби рақами сеюми ноҳия канда нест. Ӯро ҳамаи омӯзгорон бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Муҳаммадисмоил АЮБҶОНОВ,
омӯзгори мактаби рақами 3-юми
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: