СОҲИБИ ИРОДАИ МУСТАҲКАМ

Асарҳои устод Матёқуб Қӯшҷоновро аз оғози солҳои донишҷӯӣ мутолиа мекардам.

Тадқиқоти фундаменталии ӯ бо номи «Хусусиятҳои бадеии зарбулмасал», ки солҳои 70-уми асри гузашта ба миён омада буд, таваҷҷуҳи маро ба эҷодиёти олим боз ҳам зиёдтар намуд. Зеро муаллим дар он намунаи баланди таҳлили шеърияти адабиёти классикиро нишон дода буд.
Дар охири солҳои навадум ман ҳам ба шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ФУ Ӯзбекистон, ки ба додани дараҷаи илмӣ ихтисосонида шуда буд, аъзо шудам. Иттифоқо, дар яке аз чорабиниҳои шӯро бобати ҳимояи рисолаи докторӣ баромад кардам. Баъди анҷоми ҷамъомад дар роҳрав Матёқубака аз дастам дошта гуфт:
– Баромадат ба ман маъқул, ба суханҳоят ҳаваси кас меояд. 
Баъд аз ин муносибати ман бо устод боз ҳам наздиктар шуд.
Моҳи майи соли 2005 дар санаторияи «Чинобод» дам мегирифтам. Рӯзе ҳангоми суҳбат яке аз мусоҳибонам гуфт:
– Ба бинои мо академики номдор омадаанд.
– Номашон чӣ будааст, дар куҷо кор мекардаанд? – кунҷкобӣ кардам.
– Адабиётшинос Матёқуб Қӯшҷонов будаанд, – ҷавоб дод ӯ.
Ман хурсанд шуда гуфтам, ки он кас устоди ман мебошанд. Бо мусоҳибам ба хонаи 13-уми  истироҳатгоҳ рафтем. Устод моро гарм пешвоз гирифт. Сипас пурсид:
– «Дидор»-ро хондед? 
– Он чӣ хел китоб, асари кӣ? – ҳайрон шуда савол додам.
– Хотираҳоямро дар як китоб ҷамъ карда будам. Нашриёти «Шарқ» онҳоро бо номи «Дидор» аз чоп баровард, – гуфт ӯ. 
– Устод, албатта, пайдо карда мехонам, – гуфтам бо хиҷолат.
Рӯзи дигар устод китобро бо дастхаташ оварда дод. Баъзан дар давоми суҳбат монда шавад: «Ҳамидҷон, давомаш дар шумораи оянда», гуфта, ба хонааш даромада мерафт. Рӯзи дигар боз дар ҳамон вақт омада, сухан оғоз мекард:
– Маҷлиси илмӣ давом мекунад...
Рӯзе аз Намангон таҳти сарварии Мӯъминҷон Сулаймонов, Комилҷон Абдуллоев, Абдулҳамид Қурбонов, Музаффар Алиқуловҳо омада, дар чойхонаи назди оромгоҳ ош доданд. Ҳамроҳ бо устод он ҷо рафтем. Пешин онҳо хайрбод гуфта, ба роҳ баромаданд.
– Ҳамидҷон, шогирдонат садоқатнок будаанд. Аз Намангон барин ҷо омада, ба мо ош пухта, хӯронда рафтанд, барака ёбанд! – дуо кард устод. 
Рӯзе ҳангоми суҳбат аз бом тароша афтидагӣ барин пурсидам:
– Устод, дар чунин синну сол ҳоло ҳам бақувват ҳастед, ранги рӯятон ҷавонон барин, сирри ин дар чист?
– Сирри ин дар покию ҳалолӣ. Дар давоми умр луқмаи ҳаром нахӯрдам, ба роҳи каҷ нарафтам. Дар оила, дар корхона ба касе бо овози баланд гап назадам, – бо вазнинии ба худ хос ҷавоб дод ӯ. Баъди муолиҷаю истироҳат ҳам бо устод робита доштем. Саломатиаш хуб набошад ҳам, боре устодро барои вохӯрӣ бо донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд таклиф намудам. Ҳамон рӯз дар донишгоҳ иди ҳақиқии адабиёт баргузор шуд. Суҳбат ва саволу ҷавоб хеле шавқовар гузашт. Талабагон аз асарҳои устод порчаҳо қироат карданд. Дар поёни вохӯрӣ устод ба сухан баромада, изҳор дошт:
– Бачаҳои азизам, дар ин даргоҳи куҳнаи дониш Абдурауф Фитрат, Олим Шарофиддинов, Мақсуд Шайхзода, Ҳамид Сулаймон, Натан Маллаев барин донишмандон ба ҷавонон дарс додаанд. Шумоён бояд ворисони муносиби чунин бузургон бошед!
«Маърифати «Дидор» ном тақризам дар рӯзнома чоп шуд. Рӯзе дар рафти суҳбат устод гуфт:
– Тақриз ба ман маъқул шуд,  раҳмат.
– Устод, куҷои он маъқул шуд?
– Дар мақола академик Матёқуб Қӯшҷоновро не, адиб Қӯшҷоновро муаррифӣ карда тавонистаед, – ҷавоб дод ӯ. 
Дертар ба мутолиаи давоми ёддоштҳои ӯ «Армон» муяссар шудам. Устод услуби ба худ хос дошт. Ӯ дидаю шунидаҳояшро ба сифати фарзанди забардасту пуртаҳаммул ва ҷонфидои замонааш дар шууру қалби худ аз нав тасвир менамояд. Ин аст, ки симои М.Қӯшҷонов дар назари хонанда ҳамчун иштирокчии ҷанг, донишҷӯ, омӯзгор, ходими илмӣ, шахсе, ки дар қӯраи ҳаёт пухта шудааст, намоён мегардад. Ҷабру беадолатиҳое, ки ӯ аз амалдорони давр, дӯстон ва нотавонбинон дидааст, бурдборона, бо маданият ва нафис ба қалам додааст. «Армон» ба хонанда аз таърих сабақ медиҳад, ӯро ба фикру мулоҳиза рондан водор месозад.
Нависандаи нозукбин М.Қӯшҷонов соли 1918 дар вилояти  Тошҳавузи Туркманистон дида ба дунё кушод. Донишкадаи омӯзгории Тошҳавуз, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистонро хатм намуд. Ӯ иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Устод баъди хатми донишкада бо корҳои илмӣ машғул шуд. Рисолаи докториро ҳимоя намуда, дар донишкада чун дотсент, дертар дар Институти забон ва адабиёти ФУ Ӯзбекистон ба сифати ходими калони илмӣ ва директор кору фаъолият нишон дод. Тадқиқотҳои ӯ дар бораи Абдулло Қодирӣ, Абдулло Қаҳҳор, Пиримқул Қодиров, Одил Ёқубов, Абдулло Орипов ва дигар адибон муваффақияти бузурги ӯ дар адабиётшиносии давр ба шумор мераванд. М.Қӯшҷонов яке аз адабиётшиносони  барҷастаи кишварамон буд. Устод дар солҳои 70-уми асри гузашта доир ба шеърияти «Зарбулмасал»-и Гулханӣ асари махсус навиштааст. Ӯ барандаи мукофоти давлатии ба номи Ҳамза, соҳиби орденҳои «Эл-юрт ҳурмати», «Буюк хизматлари учун», роҳнамои беминнати олимону нависандагон буд. Адиби заҳматкаш соли 2005 дар Тошканд вафот кард.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
номзади илмҳои филологӣ, профессор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: