СОҲИБИ МӮЙҚАЛАМИ СЕҲРАНГЕЗ

Тавре ки хабар дода будем, аз 27 май дар хонаи фотосуратҳои шаҳри Тошканд намоиши расмҳои дар солҳои охир офаридаи Зебинисо Шарифова рӯйи кор омад, ки имрӯз рӯзи охирини он мебошад. Намоишгоҳ бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Иттифоқи эҷодии рассомони Ӯзбекистон ва Академияи рассомони кишварамон ба вуқӯъ пайваст.

Зебинисо Шарифова аз зумраи рассомҳое мебошад, ки килкашро «ором намебахшад« ва ин боиси он мегардад, ки мухлисон зуд-зуд аз қаламиҳои нави ӯ баҳрабардорӣ кунанд. Дар намоишгоҳ расмҳои дар жанри портрет ва асосан ба мавзӯи тасаввуфи ирфонӣ бахшидашудаи муаллиф ҷойгузин шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар кишвари мо Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки дар маросими кушодашавии намоишгоҳ иштирок кард, доир ба дӯстии ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек, саъю кӯшиши сарварони ҳар ду мамлакат дар мустаҳкамсозии дӯстиву рафоқати мардуми ин ду кишвар, ба имзо расидани созишномаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дар байни ҳар ду мамлакат суханронӣ кард.
— Зебинисо рассоми беназир аст. Ӯ бо офаридаҳои бебаҳои худ дар байни бонувони эҷодкори ин соҳа ҷойгаҳи алоҳида дорад, — гуфт сафир. – Ӯ натанҳо рассоми хуб, пайваста сермутолиа низ мебошад. Асарҳои ба маърази тамошо гузоштаи З. Шарифова бардоштаҳои ӯ аз эҷодиёти орифонаи Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Алишери Навоӣ, Бобораҳим Машраб мебошад. Ин суратҳо ба ман офаридаҳои Камолиддини Беҳзоди бузургворро ба хотир овард, ки ҳанӯз дар асри XV дар ин сабк эҷод карда буд.
Дарҳақиқат, «Водии талаб», «Пир», «Нигоҳ», «Водии фано», «Водии ҳайрат», «Девона», «Бархезии дарвеш», »Шикор», «Шайх Санъон ва маъшуқаи насронӣ», «Майи илоҳӣ», «Таҷаллӣ» ном расмҳо, ки аксаран солҳои охир офарида шудаанд, доираи фикрронии мухлисонро васеъ гардонда, онҳоро бо асрори қазову қадар ошно месозад.
— Расмшинос нестам, аммо тамошои портрету пейзажро дӯст медорам, хусусан қаламиҳои Зебинисо ба олами рӯҳонии ман наздик аст, — гуфт Зулола Ҳасанова ном мухлиси З. Шарифова, ки ба намоишгоҳ аз шаҳри Самарқанд омадааст,  – ба фикрам, расмҳое, ки имрӯз ба маърази тамошо гузошта шудаанд, эҳсосоти ботинии рассомро инъикос намудааст. 
Бояд тазаккур намуд, ки Зебинисо дар оилаи зиёиён ба воя расидааст. Ба хусус, модаркалони ӯ, ки сӯзанидӯзи моҳир буд, бо хоҳиши занони деҳа ба матоъҳои онҳо низ нақшу нигорҳои гулу гулзор, себу анор ва ҳайвонотро мекашид, ки Зебинисои кунҷков бо диққат ин ҷараёнро меомӯхт. Аз ин ҷиҳат гуфтан мумкин аст, ки истеъдоди рассом ҳам худодод ва ҳам натиҷаи кӯшишҳои худи ӯст.  
Барандаи медали «Шӯҳрат» ва нишони сарисинагии нуқрагини Академияи бадеии Ӯзбекистон Зебинисо Шарифова дар Маскаву Олмону Фаронса намоиши инфиродии худро баргузор намудааст.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: