СОҲИБИРФОНЕ РАФТ

Беш аз 45 сол аст, ки яке аз фарзандони фарзонаи Самарқанд, журналисти бебок, ҷонсӯзи миллат Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода дар байни мо нест.

Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳаме номи некӯ бувад ёдгор.
 (Фирдавсӣ)
Беш аз 45 сол аст, ки яке аз фарзандони фарзонаи Самарқанд, журналисти бебок, ҷонсӯзи миллат Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода дар байни мо нест. 
Инак, чанд хати мустанад дар нигориши чеҳраи марди шариф Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, ки дар айёми иди касбӣ ба муштариён ҳавола мегардад.
Ҳоҷиқурбон панҷсола буду китобҳои хоҳарашро бо шавқ варақ мезад, аз расмҳояш чашм намеканд.
Арафаи соли нави таҳсил буд. Хоҳари калониаш тараддуди мактабравӣ дошт.
– Дада, ман ҳам ба мактаб равам? – гуфт писарча. – Апем катӣ мехонам.
Сарвари оила аз хоҳиши писар ба андеша рафт. Зеро Ҳоҷиқурбон бачаи хеле хурдҷусса, камқувват, лоғар ва як пояш обиладор, ки буд, озод гашта наметавонист. Падар барои наранҷондани фарзанд назди муаллим рафт.
– Кӯдак шавқи хондан дошта бошад хеле хуб, – гуфт омӯзгор Ҳасан Нуруллоев. – Масъалаи омадану рафтанаш чӣ тавр мешавад?
– Ҳар пагоҳ бардошта меоям, – ваъда дод Ҳамидамак, – фақат шумо барои хондан иҷозат диҳед.
Аз якуми сентябр Ҳоҷиқурбон ба мактаб рафт. Вай зоҳиран аз дигарон фарқ кунад ҳам, аммо бо хушзеҳнӣ, кӯшишу ғайрат, қобилияту гаправӣ устодашро дар ҳайрат мегузошт. Бо ҳаваси зиёд дарс мехонд. Пайваста рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал»-ро мутолиа мекард. Рӯз аз рӯз меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба хондан бештар мегардид.
Боре аз назди клубе, ки дер боз сохтмонаш чала буд, гузашта азм кард, ки дар ин бора чизе нависад. Мушоҳидаҳои худро навишта, ба идораи рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» (ҳоло «Овози тоҷик») фиристод. Хабари танқидии «Клуби гӯшти уштурхӯрда» чоп шуду барои тафтиши он ба деҳаи Боғи Майдон аз Тошканд, кумитаи ҳизбии вилоят, хоҷагии ҷамоатии ба номи Пушкин (ҳоло Фотима Қосимова) вакилҳо омаданд. Онҳо боварӣ ҳосил намуданд, ки танқид дуруст аст. Вакили марказ роҳбарони хоҷагӣ ва ноҳияро барои бепарвоӣ коҳиш намуда, хоҳиш кард, ки бо муаллифи мақола ҳам шинос шавад.
Дар як дам Ҳоҷиқурбонро аз дарс оварданд. Вакил бо писараки даҳсола рӯ ба рӯ шуда, дар ҳайрат монд.
– Ҳамидов ту ҳастӣ? – нобоварона пурсид вай.
– Бале, – кӯтоҳакак ҷавоб дод Ҳоҷиқурбон.
– Мақоларо кӣ навишт? – тааҷҷубомез боз пурсид вакил.
– Ман навиштам, – гуфт писарча ва ба вакил рост нигоҳ кард. — Кори бад кардам?
– Офарин, ба ту! – вакил дасти ӯро самимона фишурд.  — Ҳамин хел камбудиҳоро навишта ист. Мухбирон мардуми нотарс мешаванд. Далер бош! Дар оянда аз ту журналисти зӯр мебарояд.
Ҳамин воқеа сабаб шуду Ҳоҷиқурбон бо номи «мухбирча» машҳур гардид. Хабару мақолаҳои вай доир ба навигариҳои мактабу деҳа зуд-зуд дар рӯзномаю маҷаллаҳо пайдо мешуданд.
Муаллимон қобилияташро пай бурда, ӯро ба рӯзномаи девории мактаб муҳаррир таъин карданд. Вай кӯшиш мекард, ки рӯзномаи деворӣ аз ҳар ҷиҳат хоно, шавқовар ва ҷолиби диққат бошад. Барои ҳамин худ бисёр мехонд, таҳлил мекард, аз китобу адабиёти гуногун истифода мебурд. Дар мактаби тоҷикӣ таҳсил мекарду илова бар ин забонҳои русӣ ва ӯзбекиро низ пайваста меомӯхт. Мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуд.
Бидуни имтиҳонсупорӣ ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил гардид. Дар солҳои донишҷӯӣ низ дар матбуоти ҷумҳурӣ ва марказӣ бо хабар, мақола, очерк, репортаж, мусоҳиба, фелетонҳо иштирок менамуд. 
Аз ҳисоби ҳаққи қалам зиндагӣ ба сар мебурд ва маблағро пасандоз карда, китоб мехарид. Барои волидон ва додару хоҳаронаш аз Тошканд тӯҳфаҳо меовард.
Ҳоҷиқурбон факултаи журналистикаро бо дипломи сурх ба итмом расонд. Бо пешниҳоди устодонаш дар аспирантураи донишгоҳ таҳсилро давом дод. Пайваста бо редаксияҳо ҳамкорӣ дошт. Баъди ҳимояи рисолаи номзади фанҳои фалсафа дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба кор шурӯъ намуд. Ба ҳайси хабарнигори хоссаи рӯзнома ба гӯшаю канори Ӯзбекистон сафар карда, дар бораи мардуми касбу корашон гуногун очерку ҳикоя, лавҳаю репортажҳои дилчасп эҷод намуд. Вале ҳамин, ки ба Самарқанд ояд, падараш ба ӯ пазмон шуданашро мегуфт.
– Акнун саёҳати дунё бас аст, – гуфт рӯзе модараш, – ман ҳам мехоҳам келин биёрам, ки хидматамро кунад. Охир кору хондан ҳам ҳудуд дорад.
Вай бо дархости волидайн ба шаҳри Самарқанд омада, дар идораи рӯзномаи «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон») ба кор даромад. 
Дере нагузашта, ӯро дар кумитаи вилоятии ҳизб ҳамчун мушовири корҳои матбуот пазируфтанд. Вай дар ин вазифа бо ҳавсалаи том кор мекард. Дар идораи рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ, кумитаи радио ва телевизион ҳамсӯҳбат шуда, барои беҳтар намудани корҳои эҷодӣ маслиҳатҳои муфид медод. 
Худ низ пайваста эҷод мекард. Ӯ мехост, ки дар бораи шаҳри бостонӣ китоби «1001 ҳақиқат дар бораи Самарқанд»-ро нависад. Ба ин мақсад дар матбуоти вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва марказӣ аз ҳаёт, таърих, осорхона ва анъанаҳои неки халқи шаҳри бостонӣ чанд мақола ва сафарномаҳо чоп кард.
Ӯ инчунин шогирдони хеле зиёд дошт, ки ҳоло ҳам дар соҳаи гуногун пурсамар меҳнат мекунанд. 
– Замоне дар Регистон музейи устод Айнӣ кушода шуд, ки дар ин кори хайр ҳам хидмати ӯ хеле калон аст. Лекин ҳангоми сохтмони хонаҳои истиқоматӣ баъзе «калоншаванда»-ҳои шаҳр музейро аз байн бурданӣ шуданд. Аммо барои аз вайроншавӣ нигоҳ доштан ӯ ба Маскаву Тошканд, Душанбе, ба рӯзномаҳо хату телеграммаҳо ирсол намуд. Сонӣ хона-музей расман тантанавор кушода шуд, ки дар он ҳатто собиқ роҳбари Ӯзбекистон, шогирди устод Айнӣ Шароф Рашидов ташриф овард, – ба ёд меорад собиқ директори музей Абдукарим Ғанизода. – Дертар қабулхонаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба ин ҷо кӯчонда шуд. Рӯзҳои якшанбе Ҳ. Ҳамидзода яке аз аввалинҳо шуда, меомад. Бо экспонатҳои нав шинос шуда, чӣ тавр ҷойгир кардани онҳоро маслиҳат медод.
– Қабри Ҳамидзода хеле хоксорона менамуд. Дӯстону шогирдон маблағ ҷамъ карда, сари қабраш муҷассамаи ӯро гузоштанд. Ҳамон чеҳраи кушод, нигоҳи пурмаънӣ, чашмони меҳрбор. Мо назди пайкара муддате чанд сар ба суҷуд меоварем. Камина бо устоди худ ҳамчун бо одами ҳамеша зинда сухан мегӯям. Ба вай мужда расонданиам, ки шаш ҳаҷвияи ӯ бо номи «Хотири қалб» интишор шуд. Дар деҳаи Боғи Майдон як кӯча ва як мактаб бо номи вай гузошта шуда буд, ҳоло аз байн бардошта шудааст. Дар хона-музейи устод Айнӣ дӯстон, қаламкашон, ҳамкасбон ҳанӯз ҳам ҷамъ омада, номи неки ӯро ба забон меоваранд. Аз ҳама муҳимаш, дар вилояти Самарқанд рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Овози Самарқанд» рӯйи чопро дид. Як саҳифаи рӯзномаи ҳокимияти ноҳияи Самарқанд – «Гулобод тонги» ба забони модарии мо нашр мегардад. Ҳеч аз хотирам фаромӯш намешавад. Пас аз баровардани саҳифаи аввалини он шахсони гуногун табрику таҳният мегуфтанд. Муборакбодиҳо аз ҳар куҷо ва ҳар хел буданд. Қалбамро ҳиссиёти аҷибе пахш карда, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, барои нишаст ҷойи муносибе ёфта наметавонистам. Аммо дар байни табрикот сухани устоди ғамхору меҳрубон, ҷоннисори миллат, инсони дарёдилу дурандеш Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода набуд, – бо ҳасрат нақл мекунад Мирсафо Камолӣ. – Аз як ҷиҳат орзуи мардуми Самарқанд ба шарофати вай ҷомаи амал пӯшид ва хоҳад пӯшид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
вилояти Самарқанд.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: