Ниёгони мо дар гузаштаҳои дуру наздик барои тарбияи атфол эътибори ҷиддӣ додаанд.
Чун решапайвандони онҳо ба синни болиғ мерасиданд, ӯро ба назди устоди донишманде вогузошта, барои омӯхтани илмҳои замони хеш имкониятҳо фароҳам меоварданд. Агар фарзанд ба ин ё он касбу кор шавқу завқи беандоза дошта бошад, ӯро ба назди соҳибҳунаре ба шогирдӣ гузошта, хоҳиш мекарданд, ки асрори касбҳои гуногунро омӯзонад, то дар зиндагӣ як пора нони хешро бе миннат пайдо кунад.
Чун бо кору рӯзгори усто Тошмуҳаммади деҳиболоӣ (ноҳияи Бойсун) аз наздик ошно шудем, огоҳӣ ёфтем, ки аслу насаби ин марди шариф аз устоҳои номии кӯҳистон буда, ҳамеша дар хидмати мардум камарбаста будаанд. Усто Тошмуҳаммад касби устоиро аз падари хеш усто Яҳё, усто Яҳё бошад, аз қиблагоҳаш – усто Бекмурод омӯхтааст. Яъне ин касб барои ин оила меросист. Мо дар бораи сифати ин марди шариф, устои гулдаст бисёр шунидаем. Нақши дастони ӯро дар пештоқи кӯшку чойхонаҳо, масҷиду маърифатгоҳҳои ноҳияамон дидаем. Бовар дорам, агар аз чойхонаи мӯйсафедони ноҳияамон дидан кунед, аз тамошои нақшу нигори сутуну айвонҳои он ангушти ҳайрат мегазед. Ё худ, агар гузоратон ба масҷиди ҷомеи ноҳия, масҷидҳои ҷомеи деҳаи Назарӣ, Хӯҷаипок, Оқолтин, Қӯрғонча боре афтода бошад, дидагистед, ки ин марди соҳибҳунар чӣ мӯъҷизаҳо офаридааст. Тамошои нақшу нигорҳои ин кошонаҳо ба дили кас як ҷаҳон шодӣ мебахшад. Усто Тошмуҳаммад барои ҳар як пораи ин нақшу нигорҳо чӣ қадар заҳмат кашида, нури чашми хешро рехтааст. Барои бунёди ин биноҳо моҳу солҳои умри хешро дареғ надоштааст.
– Ҳар гоҳ, ки ягон кори хайрро анҷом медиҳам ва одамон аз заҳматҳои ман қонеъ мегарданд, хеле хушҳол мегардам. Шукргузорӣ мекунам, ки мардум офаридаҳои маро дида завқ мебаранд. Барои ман ин подош аз ганҷи Қорун беҳ аст. Бовар мекунед, писар, – суханашро идома медиҳад Усто Тошмуҳаммад, – шояд он таъсири куҳансолӣ бошад, намедонам, чун кӯдак гиря мекунам. Ин гиря шояд аз он боис бошад, ки як замон хурд будам, қиблагоҳам ин дунёро падруд гуфта, моро дар чорсӯи зиндагӣ тани танҳо гузоштанд. Ғамҳои падарам кӯҳна нашуда, хонаи меҳру вафои мо – модари муштипарам аз ин олам даргузашт. Ман бо ду бародарам дар зери гунбади гардун тани танҳо мондам. Бо муруввати чанд тан пирони накӯкор дар зиндагӣ роҳи хешро дарёфтем. Азбаски касби устогӣ дар шарёни мо буд, касби ниёгони хешро идома додем. Худоро сад шукр, ки аз паси ин касбу кор як пора нон ёфта зиндагӣ мекунам. Якеро падар хондем, дигареро бародар. Бо муруввату шафқати бепоёни пирони кор соҳибкасб гашта, дар хидмати мардум камар бастем. Дар ҳамсоягии мо муллои хирадманде мезисту ҳар гоҳу бегоҳ аз ҳоли мо – ятимон хабар мегирифт. Ӯ дар мавридҳои зарурӣ насиҳатҳои падаронаи хешро аз мо дареғ намедошт. Гоҳо аз осори гузаштагон ба тариқи насиҳат байтҳои обдорро қироат мекард. Дар мавриде, ёд дорам, ӯ чанд байт қироат кард, ки то ҳанӯз дар хотир монда.
Ёр шав, то ёр бинӣ беадад,
З-он ки бе ёрон бимонӣ
бемадад.
Боре пурсидам, ки ин байт чӣ бори маънӣ мекашад. Мӯйсафед ба фикр ғӯта зад ва пасон гуфт:
Абёти бузургони мо дурдонаҳои бебаҳоянд. Касе, ки аз оятҳои Қуръони маҷид, ҳадисҳо бархурдор нест, маънии асли онҳоро намефаҳмад. Маънии ин байт чунин аст: гӯянда ҳушдор медиҳад, ки: — эй ҳазрати инсон, ту бо асли хеш зиндаӣ. То тавонӣ бо онҳо дар мурувват бош, дӯст бош, дар ҷавоби ин мурувватҳо подоши зиёде хоҳӣ дид. Дар акси ҳол дар зиндагӣ яккаву танҳо монда, дар рӯзи сахтӣ, ҳатто дӯстонат ба ту мадад намекунанд.
Бубахшед, ки гапро хеле ғоз додам. Ҳамин тариқ дар домани кӯҳи баланд ба воя расидем. Бародаронамро хонадор кардем. Худам низ оила барпо кардам. Худоро шукр, ки соҳиби ҳашт фарзандам. Писаронам Сайдаливу Нуралӣ касби бобоёнро пеша кардаанд. Аз ҳеҷ чиз камӣ надорем. Фақат муаммои роҳ мардуми моро сахт азоб медиҳад. Ҳар сол баъди анҷоми тирамоҳ ба таъмири роҳ шурӯъ мекунем. Худо умри бепоён диҳад, раиси маҳаллаамон Содиқбой Ҷӯраев, сарвари пиру барнои деҳа Нурулло Зиёдуллоев дар ин кори хайр камари ҳиммат бастаанд. Чанд сол қабл аз ин Зиннат Муртазоқулова захираи маблағи сафари ҳаҷҷашро ба таъмири роҳ ҳадя кард. Зиёда аз 70 метр роҳро мо бо ин маблағ таъмир намудем. Бубинед, як зани муштипар чӣ саховате намуд. Ин барои дигар бошандагон намунаи ибрат бояд бошад. Боре дар масҷиди Хӯҷаипок кор мекардем, ки суҳбат дар бораи симу зар, боигарӣ, ҳирси молу давлат буд. Мӯйсафеде ин байтро қироат кард:
Дило, то кай хӯрӣ андӯҳ,
фалонӣ симу зар дорад,
Бо чашми сар бубин, охир,
ки ин зар дарди сар дорад.
Дар ин байт як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. Мо бояд дар ин дунёи дурӯза ба симу зар дил набандем. Саховатмандиро пеша кунем, касро наёзорем, роҳатрасони одамон бошем.
Ман аз он сарфарозам, ки Президент барои ободии кишварамон ҷидду ҷаҳди зиёд мекунад. Махсусан, барои барқарор кардани обидаҳои таърихӣ дар сартосари кишвар хидматҳои бедареғ дорад. Мо бояд пиру барно аз ин бунёдкориҳо рӯҳбаланд гашта, аз рӯйи тавони хеш дар ободии манзилу маконамон ҳиссагузор бошем.
Ҳоло синни ман ба ҳаштод расидааст. Худоро шукр, ки ҳанӯз қувватам ҳаст. Орзу дорам, ки барои таъмири роҳи деҳаамон ва ободии масҷиди деҳа саҳм гузорам. Боқӣ ба ҳамагон бахту саодати бепоён орзу мекунам, – гуфт дар поёни суҳбат бобои Тошмуҳаммад.
Нуралӣ РАҶАБ.