Соҳибкорӣ ҳамчун самти асосии рушди Қашқадарё муайян шудааст

Дар мулоқоти дар Қаршӣ баргузоршуда, масъалаҳои рушди комплексии вилояти Қашқадарё муҳокима шуданд.

-- Вазъият дар Қашқадарё бояд дар тамоми соҳаҳо ба куллӣ тағйир ёбад. Дар вилоят барои ин ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд. Ҳама бояд аз хоби гарон хезанд, -- гуфт Президент.

Дар асоси пешниҳодҳои ҳокимон ва таҳлили мушкилот дар вилоят, соҳибкорӣ ҳамчун самти асосии кор муайян карда шудааст. Соли 2021 дар вилояти Қашқадарё соли рушди соҳибкорӣ эълон шуд. Барои кори мақсаднок ба ноҳияҳо ва шаҳрҳо вазирон, роҳбарони соҳаҳо ва бонкҳо вобаста карда шудаанд.

Сарвари давлат зарурати махсусгардонии минтақаҳоро ба самтҳои мушаххаси иқтисодиёт бо назардошти шароити бозор ва "нуқтаҳои рушд" қайд кард.

Аз ҷумла, ноҳияҳои Яккабоғ, Қамашӣ, Чироқчӣ, Шаҳрисабз ва Китоб ба боғдорӣ ва токпарварӣ ихтисосонида мешаванд. Дар ноҳияҳои Ғузор ва Муборак дар самти нафту кимиё, дар ноҳияҳои Чироқчӣ ва Деҳқонобод -- бинобар истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ корхонаҳои зиёд бунёд кардан мумкин аст.

Ноҳияҳои Касбӣ, Нишон, Миришкор ва Косон ба чорводорӣ ихтисос хоҳанд ёфт. Вазифа ба миён гузошта шуд, ки комплексхои калон ва фермаҳои хурди чорводорӣ ташкил карда, барои базаи хӯроки чорво замин чудо карда шавад.

Ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки механизми пешниҳоди субсидияро барои азхудкунии заминҳо таҳти чорводорӣ ва парвариши чорвои калони шохдор фароҳам орад.

Барои солҳои 2021-2022 дар минтақа татбиқ намудан 950 лоиҳа ба маблағи 28 триллион сӯм таҳия шудааст. Дар натиҷа, ташкили 15 ҳазор ҷои корӣ ба назар гирифта шудааст.

Тадбирҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани манбаи даромад барои шахсони ниёзманд ва бекорон баррасӣ шуданд.

Ба масъулин супориш дода шуд, ки соли оянда дар 50 ҳазор гектар замин технологияҳои сарфаи обро ҷорӣ кунанд.

Президент ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо манзил, сохтани роҳҳо ва шабакаҳои оби нӯшокӣ диққати махсус дод. Вазифа гузошта шуд, ки сатҳи таъмини марказонидашудаи оби нӯшокӣ дар минтақа ба 79 фоиз, аз ҷумла дар ноҳияи Ғузор, ки вазъият бениҳоят душвор аст, ба 50 фоиз расонида шавад.

Масъалаи таъмини манфиатҳои ҷавонон ва занон амиқ таҳлил гардиданд.

Дар вилоят низоми нави кор бо ҷавонон ҷорӣ карда мешавад. Роҳбари давлат гуфт, ки ҳокимон як рӯзи ҳафтаро рӯзи кор бо ҷавонон эълон намуда, бо мушкилоти онҳо сарукор хоҳанд шуд.

Тадбирҳо оид ба беҳтар намудани шароити зиндагии 2 815 зани ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, ҷалби занони бекор ба ҳунарҳои дастӣ дар асоси анъанаи «устод-шогирд» муайян карда шуданд.

-- Роҳи интихобкардаи мо роҳи пурмашаққат аст. Мо оид ба Қашқадарё нақшаҳои калон дорем, маблағҳои хеле калон ҷудо карда мешаванд. Ҳоло вазифаи асосӣ ва талабот ин дуруст ба кор андохтани ин захираҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои мардум мебошад, -- таъкид кард роҳбари давлат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: