СОҲИБКОРИИ БОНУВОН ВУСЪАТ МЕЁБАД

Ҷонишини Сарвазири Ӯзбекистон Зулайхо Маҳкамова бо кору фаъолияти занони соҳибкор, занон-роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ва вусъати корхонаҳои оилавии ноҳияи Уйчии вилояти Намангон шинос шуд. Рафти бо кор таъминшавии бонувонро аз назар гузаронд.

Коргарони корхонаи «Уйчи нутс»-и маҳаллаи Исломобод бо қадоккунии мағзи чормағз машғул мебошанд. Маҳсулоти тайёршуда ба Туркия содир мешавад. Ин ҷараён асосан кори дастӣ буда, коргарон имконият доранд, ки бо усули хонакорӣ ин корро дар хонаашон низ иҷро кунанд.

Ҳуснида Юсупова яке аз тадбиркорони пешқадами ноҳия ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Ӯнҳаят зиндагӣ мекунад ва дар сехи ташкилкардаи худ  ба 30 нафар занону духтарони  маҳалла ҳунари кулолгариро меомӯзад.

Ойдина Наҷмиддинова низ дар ин маҳалла «Маркази саломатӣ» ташкил кардааст, ки бонувон дар ин ҷо маслиҳатҳои тиббӣ гирифта, аз масҳ, физиотерапия баҳра бурда, бо варзиш машғул мешаванд.

Машғулоти дӯстдоштаи Раънохон Акбарова бошад – гулпарварӣ. Ӯ дар ҳавлии худ  гармхона ташкил карда, аз сад зиёд намуди гулҳои ноёбро парвариш менамояд. 

– Гул ба инсон нафақат завқи эстетикӣ мебахшад, ҳатто  ба бюҷети оила низ фоидаи калон меоварад, – мегӯяд ӯ. – Харидорон барои хариди гул ба хонаам  меоянд.

Зулайхо Маҳкамова бо рафти кори занони соҳибкор шинос шуда, ба фаъолияташон баҳои баланд дод, дар ҷамъомаде, ки бо иштироки фаъолони ноҳия баргузор гардид, оиди боз ҳам вусъату дастгирии тадбиркорӣ ва фаъолнокии бонувон дар соҳаҳои гуногун  фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошт.

Шоҳида ДАМИНОВА, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: