СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ ВА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛИИ ОН САҲМИ ШОИСТА МЕГУЗОРАНД

Дар ноҳияи Тошлоқ теъдоди зиёди соҳибкорон фаъолият мекунанд, ки бо татбиқи лоиҳаҳо ва таъсиси корхонаҳои хурду бузург барои пешрафт ва ривоҷи ноҳияи худ саҳми калон мегузоранд.

Дар ноҳияи Тошлоқ теъдоди зиёди соҳибкорон фаъолият мекунанд, ки бо татбиқи лоиҳаҳо ва таъсиси корхонаҳои хурду бузург барои пешрафт ва ривоҷи ноҳияи худ саҳми калон мегузоранд. Онҳо ба беҳбуди ҳаёти мардум ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор низ мусоидат менамоянд. Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар ноҳияи Тошлоқ маҳз бо ҷараёни чунин корҳои истиқболашон дурахшон ошно шуд.
Яке аз чунин соҳибкорон Азимҷон Мирзоалиев мебошад. Вай дар ҷамоати шаҳрвандони Юқориқишлоқ, воқеъ дар маҳаллаи Қалъача, гармхонаи парвариши лимӯ ба роҳ мондааст. Корҳои сохтмон дар ин гармхона бо суръат пеш мераванд. 
Дар айни ҳол ин соҳибкор ғайр аз ташкили гармхона, дар назди кластери меваву сабзавоти “Exsport Import Quality” коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, интиқол ва нигаҳдории онро ташкил намуда, ҷойҳои бештари кор низ фароҳам оварданист.
Барои татбиқи лоиҳа 46 миллиард сӯм тақозо мегардад. Як қисми ин маблағ аз ҳисоби сармояи хусусии ӯст ва як қисми онро сармояи хориҷӣ ташкил мекунад.
– Корҳои барномарезишуда моҳи марти соли равон ба анҷом мерасанд ва имкон фароҳам меояд, ки  300 нафар одамони маҳаллиро ба кори доимиву мавсимӣ таъмин кунам,– мегӯяд Азимҷон Мирзоалиев.
Маълум шуд, ки ин гармхона дар минтақаи заминҳои бекорхобидаи ноҳия бунёд мегардад. Соҳибкор Азимҷон Мирзоалиев бар ивази меҳнати пурмашаққат ва талошҳои зиёди худ тавонистааст, ки замини сангу шағалпӯшро ба замини нарму ҳосилҳез табдил диҳад. 
– То сояафкан шудани ниҳолҳои лимӯ дар байни ҷӯякҳои гармхона тути заминӣ, помидор, қаламфур, кабудиҳои гуногун парвариш мекунем ва ба бозорҳои ноҳияву вилоят бароварда мефурӯшем,– мегӯяд Азимҷон Мирзоалиев.
Соҳибкор бо ташкили ин гармхона қонеъ шудани нест, балки агар ҳокими вилоят ба гирифтани 3 миллион доллар қарзи дарозмуддат кӯмак расонад, як лоиҳаи хосро таҳти иҷро қарор хоҳад дод, ки ба корҳои хушку қадоқкунии мева ихтисос хоҳад дошт. 
– Ин масъала низ ҳаллу фасл гардид. Бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии “Туронбанк” ин маблағро барои ман ҷудо хоҳад кард. Барои   ба ҳокими вилоят ибрози сипос мекунам, – изҳор намуд  Азимҷон Мирзоалиев.
Дар ҷараёни боздид аз ноҳияи Тошлоқ ҳокими вилоят корҳои аъзои хонаводаҳои эҳтиёҷмандро низ аз назар гузаронд. Онҳо бо истифода аз майдонҳое, ки дар ихтиёрашон мебошанд, ба парвариши кӯчати ниҳолҳои гуногун машғул буданд. 
– Парвариши кӯчат яке аз манбаъҳои сердаромад барои аҳолии маҳаллӣ маҳсуб меёбад. Аммо ба кор бояд бо масъулият ва ҷидду ҷаҳд машғул шуд. Дар он сурат натиҷаи меҳнати шумо бештар самараву натиҷа хоҳад дод, – гуфт Хайрулло Бозоров зимни мулоқот бо кӯчатпарварон. 
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Янги йӯл дар ҳудуди 4 ҳазору 300 нафар аҳолии ин ноҳияро муттаҳид намудааст. Мардуми он бештар дар замини ҳавлиашон ба кишт машғуланд. Аммо аҳолии ҷамоат барои худ манбаи дигари даромадро кашф намудаанд. Аз 668 хонавода 200-то дар ҳавлии худ гармхонаҳо бунёд кардаанд.
– Ман дар 8 сотих замини ҳавлиам гармхона ташкил кардам ва ба он кӯчати лимӯ харида шинонидам. Аммо парвариши кӯчатҳои ниҳоли писта дар айни ҳол манбаи асосии оилаи ман мебошад. Соли гузашта аз ҳисоби фурӯши кӯчати писта 200 миллион сӯм даромад гирифтам,– мегӯяд бо ифтихор сокини ҷамоати Янги йӯл Зикрулло Раҳмонов.
Ташрифи ҳокими вилоят ба якчанд ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ноҳияи Тошлоқ боис гардид, ки талабу дархост ва арзу шикоятҳои мардуми он шунида шавад. Ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок барои роҳандозии соҳибкорӣ, мумфарш гардонидани кӯчаҳои маҳаллаҳо, аз ҳисоби субсид харидани манзил, таъмин ба ҷои кор аз муроҷиатҳое буданд, ки бидуни кӯмаки ҳокими вилоят ҳаллу фасли он мушкил будааст. Ҳокими вилоят аз роҳбарони идораҳои давлатӣ тақозо намуд, ки дар ҳалли ин масъалаҳо чораҷӯӣ кунанд, то ки мардум аз давлат розӣ бошанд. 
Дар ҷараёни ин ташриф ҳокими вилоят ба мавзеи Бешолиш омад ва бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “ Toshloq AIS fruit servis” ошно шуд. Дар ин ҷо соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Дадаҷонов бо татбиқи лоиҳае, ки 21,8 миллиард сӯмро фаро гирифтааст, ба коркарди мева ва сабзавот машғул мебошад. Ба гуфтаи Илҳом Дадаҷонов аллакай ба содири маҳсулот шурӯъ намудааст ва ба Куриёи Ҷанубӣ намунаҳои аввалини маҳсулоташро содир кардааст.
Хайрулло Бозоров аз минтақаи хурди саноатии “Келажак” низ боздид кард. Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “Zamin Aziya Farm” бар ивази 40 миллиарду 315 миллион сӯм корхонаи истеҳсоли доруву дармонро ба роҳ мондааст. Дар минтақа Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Expo Kollor Print Teks» рангубор, гуландозии калоба ва матоъву трикотаж истеҳсол мекунад. Маълум шуд, ки ин корхонаҳо садҳо нафар одамони маҳаллиро ба ҷои кор таъмин кардаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: