СОҲИБКОРОН ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА КАРДАНД

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон дар ҷумҳурӣ технопарк ва минтақаҳои хурди саноатӣ ташкил карда мешаванд.

Шумораи чунин маҷмааҳо дар вилояти Намангон ба 73 адад расидааст. 
Дар маҳаллаи Баркамол авлод низ соҳибкорону ҳунармандон зиёданд. Аз ин рӯ, дар 10 гектари ҳудуди маҳалла маҷмӯи дорои инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида, 46 лоиҳа ҷойгир карда шуд. Дар 18-тои онҳо корҳои сохтмон анҷом ёфта, корхонаҳо ба кор шурӯъ намуданд. Дар натиҷа зиёда аз ду ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд омад. 3 феврали соли равон Сарвари давлат аз ин маҷмаа боздид намуда, бо корҳои анҷомдодашуда шинос шуда, барои рушди минбаъдаи соҳа дастурҳои зарурӣ дод. Эътирофи Сарвари давлатамон, ки «...Намангон ба сарзамини соҳибкорон, ба маркази соҳибкории хурду миёна табдил ёфтааст» шавқу рағбати ҳар як соҳибкори ташаббускорро дар ин соҳа афзун намуд. Пас аз сафари Президент ба корҳое, ки дар ин мавзеъ пеш бурда мешавад, таваҷҷуҳ бештар шуд. Аз ҷумла, аъзои ҳайат бо роҳбарии прокурори вилояти Тошканд Шавкат Раҳимов бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва табодули таҷриба аз минтақаи хурди саноатии ҷавонон – «Баркамол авлод» дидан карданд. Меҳмонон дар маҷмаа бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Balans tex», «Мaster klass dizayn» ва «Sifat yogoch» шинос шуданд. Равандҳои истеҳсолотро дар корхонаҳо, сифати маҳсулот ва шароити барои коргарон фароҳам овардашударо аз назар гузарониданд. Соҳибкорони ҳарду вилоят муносибатҳои ҳамкории мутақобиларо барқарор намуда, ба ҳамкории муштарак мувофиқа карданд. 
Ширкати «Balans tex» асосан маҳсулоти бофандагӣ истеҳсол мекунад. Ин корхона, ки дар майдони 45 сотих ҷойгир аст, ба маблағи 55 миллиард сӯм бунёд шуда, 610 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуд. Маҳсулоти корхона бо иқтидори солонаи 400 ҳазор адад ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содир мешавад.                                                                        
Корхонаи «Мaster klass dizayn» ба истеҳсоли пойафзор тахассус дорад. Ин корхона, ки дар 2 сотих замин ҷойгир аст, иқтидори истеҳсоли 150 ҳазор адад пойафзорро дар як сол дорад. Арзиши умумии корхона, ки дар он 200 ҷойи нави кор таъсис шудааст, 45 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. «Sifat yogoch»  низ яке аз корхонаҳое мебошад, ки бо нақшаҳои калон ба кор шурӯъ намудааст. Арзиши умумии лоиҳаи корхона, ки барои харидорон мебели хушсифат тайёр карданист, 30 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба фаъолият шурӯъ намудани корхона 150 нафар бо кор таъмин шуданд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷо ба анъанаҳои «Устод-шогирд» таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ба ҷавонон асрори касб омӯзонида мешавад. Мебели истеҳсолшуда дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда, дар асоси талабот ба кишварҳои ҳамсоя фиристода мешавад.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: