СОҲИБКОРОНИ АФҒОН БА ТИРМИЗ ОМАДАНД

25 май дар шаҳри Тирмиз анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву афғонистонӣ, Бозори байниҳудудиву байнисоҳавии саноатӣ ва биржаи кооператсионӣ, ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти миллии Made in Uzbekistan баргузор гардид.

25 май дар шаҳри Тирмиз анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву афғонистонӣ, Бозори байниҳудудиву байнисоҳавии саноатӣ ва биржаи кооператсионӣ, ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти миллии Made in Uzbekistan баргузор гардид.

24 май ҳайати Афғонистонро, ки барои иштирок дар ин чорабиниҳо омадааст, дар посгоҳи гумрукии «Айритом»-и сарҳад истиқбол карданд. Дар таркиби ҳайат – соҳибкороне ҳастанд, ки дар Афғонистон фаъолият доранд ва мехоҳанд бо тоҷирони кишвари мо ҳамкорӣ кунанд.
Дар ҳудуди Қасри санъати Тирмиз барои баргузор кардани анҷумани тиҷоратӣ, бозори саноатӣ, биржаи кооператсионӣ ва намоишгоҳ дар сатҳи зарурӣ тайёрӣ дида шуд. Дар кӯчаву хиёбонҳо оид ба робитаҳои корчаллонии байни Ӯзбекистон ва Афғонистон баннерҳо устувор карда шуданд. Ҳудуде, ки дар он чорабинӣ баргузор мегардад, обод карда, барои иштирокдорони маҳаллӣ ва хориҷӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар намоишгоҳи Made in Uzbekistan, ки дар доираи анҷумани тиҷоратӣ ташкил карда мешавад, маводи сохтмон, маҳсулоти электротехникӣ, доруворӣ, чарб ва саноати бофандагӣ, хоҷагии қишлоқ, автомобилсозӣ, ки дар мамлакати мо истеҳсол мешаванд, ҳамчунин маснуоти ҳунармандии миллӣ гузошта хоҳанд шуд. Дар байни соҳибкорони ду мамлакат вохӯриҳо дар шакли В2В ва G2В ба амал меоянд.
Пешбинӣ мегардад, ки дар ҷараёни чорабиниҳо муоҳидаҳои муфиди тарафайн ба имзо расанд.

Х.МАМАДРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: