СОҲИБКОРОНИ МАЪРИФАТПАРВАР

Ислоҳоти ояндасоз дар кишвар самара мебахшанд.

Ягон соҳа дар канор намонда. Чорводорӣ низ соҳаи муҳими хоҷагии қишлоқ мебошад. Ҳоло дар вилояти Навоӣ дар партави қарору нишондодҳои Сарвари давлат ва Девони Вазирон лоиҳаи рушд бахшидан ба соҳаи чорводорӣ ба тасвиб расида, дар амал татбиқ меёбад. Бо ин мақсад дар ҳудудҳо чарогоҳҳо ҷудо мегарданд. Барои бо озуқа таъмин кардани чорво хоҷагиҳои фермерӣ тахассусонида мешаванд. Ин амал дар ҳудуди ҶММ «Нурато» хуб ба роҳ монда шудааст. Чандин хоҷагии фермерии ба соҳаи гӯсфандпарварӣ тахассусонида ташкил ёфтаанд. Хоҷагии фермерии серсоҳаи «Ҷамол» аз зумраи онҳо мебошад.

Ба хоҷагии фермерии серсоҳаи «Ҷамол» Ҷамоли Орзумурод асос гузоштааст. Ба ӯ аз ҳудуди ҶММ «Нурато» аз байни Айдаркӯл ва деҳаи Сойхурд (деҳае дар бағали силсилакӯҳҳои Нурато) чарогоҳи гӯсфандпарварӣ ҷудо мекунанд. Ҷамол дар дили саҳрои хушк бинои истиқоматӣ ва молхона барои гӯсфандон бунёд намуд. Бо гулӯлаҳои полуэтилинӣ ба ин манзил об овард. Дар ин макон парвариши гӯсфанди  қарокӯлиро ба роҳ монд.
Ҷамоли Орзумурод (равонаш шод бод) пас аз хатми факултаи ҳисобдории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба зодгоҳи худ деҳаи Эҷ бармегардад. Сараввал дар идораҳои давлатии ширкати «Нурато» ҳисобдорӣ мекунад. 
Таҷрибаи ҳаёт, фаъолияти корӣ ва ислоҳоти ояндасоз ба Ҷамоли Орзумурод имконият дод, ки гузашта аз кори давлатӣ ба соҳибкорӣ шуғл варзид. Вале нияту орзуҳои ӯ дар нимароҳ монд. 26 сентябри соли 2018 дар як тасодуми автомобилӣ риштаи ҳаёташ гусаст... Ҷомии бузургвор фармудааст, ки:
Ҳосил аз фарзанд гардад 
коми мард,
Зинда аз фарзанд монад 
номи мард.
Муносибати Ҷамоли Орзумурод  дар тарбияи фарзанд низ сабақест моро. Писараш Ҷалоли Ҷамол доири таъсири падар ба тарбияи фарзанд  дар шарҳи рӯйи кор омадани китоби «Гули санг» менависад: «Асло аз ёдам намеравад, вақте ки дар хурдсолӣ бо бачаи ҳамсояамон муноқиша карда будам, падарам маро садо зада, гӯшмол дода гуфта буд: «Мо ҳамеша дар бачагӣ ҷанги сагҳоро тамошо мекардем, ҳоло мебинам, ки он одат ба одамҳо низ гузаштааст. Шарм намекунӣ бо ҳамсоябача дасту гиребон мешавӣ? Пас, меҳру оқибат куҷо шуд, ҳаққи ҳамсоягӣ дар куҷо монд? Ё барои ту ин чизҳо аҳамият надоранд?» Аз он ба баъд, дигар асло бо бачаҳо хушунат накардаам ва ба ин монанд гӯшмолу насиҳатҳои падарамро борҳо шунида, пайрави гуфтаҳояш амал кардам.» 
Ҷамоли Орзумурод соҳибкори олиҳиммату дурандеш, сахиву меҳрубон буд. Ҳамчун соҳибкор пайваста ба мактабу кӯдакистонҳо ҳадяю туҳфаҳо медод, саховатманд буд. Писаронаш Хайём ва Ҷалол аз пайи падар рафта, пешаи соҳибкории ӯро идома доданд. Хайём фаъолияти хоҷагии фермерии «Ҷамол»-ро босамар рушд мебахшад. Ҷалоли Ҷамол мудирии омили намояндагии «Мерседес Бенс»-ро дар Ал-Айни АМА-ро ба ӯҳда дорад.
Пас аз он ки Ҷамоли Орзумурод аз олам чашм мепӯшад, аҳли оилаи ӯ бо сарварии фарзандони накӯхислату вафодори соҳибкораш – Хайём ва Ҷалол ба хотири зинда нигаҳ доштани рӯҳи падари бузургвори худ сандуқи хайрияи хусусии «Мероси Ҷамол»-ро таъсис медиҳанд. Борҳо дар баргузор намудани бозиҳои миллӣ ба мисли гӯштингирӣ, пойга, бозиҳои наврӯзӣ саҳм гирифтаанд. Ин гуна тадбирҳо дӯстиву рафоқат ва меҳрубонии халқҳои ӯзбеку тоҷику қазоқро боз ҳам қавӣ мегардонад. Дар ҳудуди хоҷагӣ намояндагони ин халқҳо дастҷамъона ҳаёт ба сар мебаранд. Ҷавонони соҳибкор мехоҳанд дар мустаҳкамсозии дӯстӣ саҳм дошта бошанд. Ҳар гуна чораву тадбир омили муҳими ин нияту орзуи нек мебошад.
Ҷалоли Ҷамол таъкид дорад: «... дар ҳоле ки сарро миёни ду даст гузошта бо ёди падар менишастам, ҳис кардам аз ғайб касе бо ман ҳарф мезанад. Намедонам, гӯё овози ғайб бароям хеле шинос менамуд, ба мисли садои падарам хеле муассир ба гӯшҳоям менишаст: »Биё, бо ҳам ба орзуҳои нимароҳи падарат мерасем, – овози маҳину тасаллибахш маро ғарқи худ сохт, – суханҳои ноби кӯҳистони Нураторо ҷамъ карда ба мардум мерасонем. Мебинӣ, ки бо ин ҳиммат ҳам рӯҳи падар шод шудаасту ҳам мардуми бисёр аз калому сухани нек бархурдор. Ё Аллоҳ, кори хайрро ба таъхир магузор!»
Он овози ғайб, намедонам хоб буд ё рӯъё, маро водор кард бо устоди сухан, адиб Юнуси Имомназар мулоқот кунам. Ва ҳоло, Худоро шукр, бо эҳтимоми эшон ва ёрию дастгирии шоирони маҳбуб Паймон ва Абдулло Субҳон яке аз орзуҳои падари бузургворамро рӯйи об баровардам. Беҳтарин осори назму насри эҷодкорони кӯҳистони Нураторо ҷамъоварӣ намуда, онро бо ҳамдастии модарам Муҳаббат, бародарам Хайём ва хоҳаронам аз ҳисоби мероси падарам бо номи «Гули санг» ба табъ расонидем. Умедворам, бо ин китоб ёдгоре барои зинда нигаҳ доштани рӯҳу хотири падарам – Ҷамоли Орзумурод аст, ҳамчун як манбаи судманду дардхури адабиву бадеӣ, намунаи боризи адабиёти тоҷик ва ҳамчун китоби дӯстдоштаи халқамон низ рӯнамоӣ мегардад ва хурду калон, донишомӯзу донишҷӯён, ҳама гуна касоне, ки ба забону адабиёт меҳр доранд, аз он баҳра хоҳанд бурд». Бале, иқдомест неку мондагор.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
мухбири 
«Овози тоҷик».            
                         
Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: