СОҲИБКОРОНИ САЙЁҲИИ ДУ КИШВАР ДАР БОРАИ ҲАМКОРӢ БА ТАВОФУҚ РАСИДАНД

Дар Тошканд мулоқоти кушоди дуҷонибаи соҳибкорони соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон ва Ветнам баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси ширкати сайёҳии «Prestige Travel»-и Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар айни ҳол ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории байни Ӯзбекистон ва Ветнам тавсеа меёбад. Дар ин замина ташрифи сайёҳон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ башиддат афзоиш ёфтааст. Тибқи натиҷаҳои соли 2022 аз Ветнам ба Ӯзбекистон 10 ҳазор сайёҳ омадаанд ва аз минтақаҳои гуногун боздид кардаанд.
Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ ба сифати маълумот таъкид меварзад, ки аз 2 июни соли 2023 байни шаҳрҳои Ӯзбекистон ва шаҳри Нячанги Ветнам ба таври мустақиму мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда мешаванд. Ин, дар навбати худ, барои соҳибкороне, ки дар соҳаи сайёҳии ду кишвар фаъолият мекунанд, имкониятҳои нав ва муҳимро фароҳам меорад.
– Мо талош мекунем, ки сокинони кишварамон ба Ветнам саёҳат кунанд ва шаҳрвандони Ветнам бидуни монеаву мушкилот ба Ӯзбекистон ҳамчун сайёҳ ташриф оваранд. Соли гузашта ширкати «Prestige Travel» барои сафари тақрибан 10 ҳазор нафар саёҳони ӯзбекистонӣ ба Ветнам мусоидат намуд. Ғайр аз ин, мо ҳазорҳо ветнамиҳоро ҳамчун сайёҳ пазируфтем. Маҳз ширкати мо бори нахуст дар Ӯзбекистон парвозҳои мустақимро ба Миср, Черногория, Ветнам ва як қатор кишварҳои аврупоӣ боз кард, – мегӯяд раиси ширкати мазкур Ойбек Аҳмедов.

Ризо МУҲАММАДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: