СОҲИБКОРОНИ СУҒД ДАР САМАРҚАНД

Дар рӯзҳои ташрифи давлатии сарвари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аҳднома оид ба як қатор масъалаҳои дутарафа, аз ҷумла, оиди савдову иқтисодиёт ба имзо расида буд. Мувофиқи он ҳамоиши аввалини тоҷирони вилояти Суғд дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид.

Дар рӯзҳои ташрифи давлатии сарвари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аҳднома оид ба як қатор масъалаҳои дутарафа, аз ҷумла, оиди савдову иқтисодиёт ба имзо расида буд. Мувофиқи он ҳамоиши аввалини тоҷирони вилояти Суғд дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид. 
20-уми апрели соли равон тоҷирони тадбиркор бо сарварии раиси ҳукумати вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Самарқанд ташриф фармуданд. Меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа– Саразм ҳокими вилоят Туробҷон Ҷӯраев ва вакилони васеи ҷамоатӣ бо нону намак пешвоз гирифтанд.
Дар доираи чорабинӣ соҳибкорони тоҷик дар як қатор корхонаҳои саноатию хоҷагиҳо шуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд. Меҳмонон ба ёдгориҳову зиёратгоҳҳои Самарқанд қадам ранҷа  карданд. Барномаи консертӣ бо сарварии Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев ба тамошобинон рӯҳи тоза бахшид.
Вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи «Динамо»-и Самарқанд бо «Хуҷанд»-и вилояти Суғд ба ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
–Аз вилояти Суғд беш аз 20 корхона бо маҳсулоти худ дар бизнес-форуми соҳибкорон ширкат варзиданд, – гуфт муовини раиси Палатаи савдову саноати вилояти Суғд Ғайрат Қобилов. – Бисёр шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Вохӯрии мухлисони каломи бадеъ бо раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фарзона, шоир Озарахш (Толиб Каримов), Саиди Юнусиён ва дигарон хеле хотирнишон буд.
Меҳмонон инчунин бо сарварии муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» Фарҳод Ҷӯраев ба идораи рӯзномаҳои «Овози Самарқанд» ва «Зарафшон» ташриф оварда, ба фаъолияти ин нашрҳо шинос гардиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: