СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОНӢ БО ТАҶРИБАИ ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ШИНОС ШУДАНД

Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Афина якҷоя бо ширкати инжинирингии Юнон «Oros» боздиди ҳайати доираҳои корчаллони мамлакатамонро ба Юнон ташкил кард.

Дар рафти ташриф ҳайати ширкати BMB Trade Group-и Ӯзбекистон ба як қатор корхонаҳои бузурги маҷмӯи агросаноатии Македонияи марказӣ ташриф оварданд. Бо роҳбарияти ширкатҳои Ttchno Plastica Hellas, Rossana, Adritec Europe, Palaplast, Nitro Farm вохӯриҳои самарабахш ба амал омаданд.
Дар доираи ташриф ҳайати вакилон бо таҷрибаи юнонӣ бинобар ҷорӣ намудани технологияҳои обсарфакунанда дар рӯёндани пахта, ки истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва афзудани ҳосилнокиро дар кишоварзӣ пешбинӣ менамоянд, шинос шуданд.
Инчунин, ба масъалаҳои ташкил кардани ҳамлу нақли маҳсулоти меваву сабзавот аз истеҳсолгар то истеъмолгари охирин, нигоҳ доштани сифати он эътибори алоҳида дода шуд.
Бинобар натиҷаи музокирот бо ширкатҳои юнонӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар чунин самтҳо, мисли ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадами обёрикунии қатрагӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои кашондани сабзавоту мева, сохтмони заводи истеҳсоли маҳсулоти консервӣ, истеҳсоли поруҳои кимёвӣ шартномаҳо ба даст омаданд.
Ҷонибҳо қарор доданд, ки ташрифи ҷавобии ҳайати намояндагони маҷмӯи агросаноати Юнонро ба Ӯзбекистон ташкил намоянд. Дар доираи  ташриф ба имзо расондани шартномаҳо бинобар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин созмон додани шӯрои кории Ӯзбекистону Юнон, ки ба васеъ гардондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни мамлакатҳо ҳисса мегузоранд, ба нақша гирифта шудааст.

АА «Дунё»,
АФИНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: