АСЛО КАМБАҒАЛ НАМЕШАВАНД
Имрӯзҳо дар бозори меҳнат ба пайвандгар, бинокор, андовагар, мутахассиси соҳаи сантехника ва системаи гармӣ, ошпаз барин касбу ҳунарҳо талабот зиёд. Аз ин боис, дар мактабҳои таълими умумӣ ва оила ҷонноксозии корҳое, ки ба касбомӯзии ҷавонон нигаронида шудаанд, рушди сохтори «оила – мактаб – мактаби касбу ҳунар», ҷалбсозии ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ, дар мактабҳои касбу ҳунар ба ҷавонон ба дараҷаи воридшавӣ ба бозори меҳнати ҷаҳон дониш додан, баробари бозори дохилӣ дар вазъи омӯзиши бозори меҳнати беруна ба роҳ гузоштани омодасозии онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.
Вақте захираҳои меҳнатӣ сарпуранд ва номутаносибӣ дар бозори меҳнат ба чашм мерасад, бисёр ҷавонон берун аз ҷои зисти худ, бо роҳи муҳоҷират ҷои кор меҷӯянд. Ин ба бозори меҳнати беруна вобастагии бозори меҳнати дохилиро нишон медиҳад.
Хӯш, барои пешгирии ин гуна мушкилот дар соҳа чӣ бояд кард?
Барои беҳсозии сохтори муҳоҷирати муташаккил, дар доираи қонунгузории давлатӣ ба тарзи масофавӣ номнависсозии ҳуҷҷатҳои муҳоҷир, гирифтани аввалин варианти рухсатнома баҳри оғози кор ва пешгирии ҳолати вайроннамоии қонунҳои ин давлат ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи агентиҳои шуғли хусусӣ» ва қабул кардани қонун «Дар бораи мигратсияи меҳнатӣ» ба мақсад мувофиқ мебошад.
Айни замон, дар ташкили ҷойҳои нави корӣ дар бозори меҳнати дохилӣ арзиш ва самаранокии онҳо аҳамияти калонро молик аст. Арзиши ҷойҳои нави корие, ки офарида мешаванд, аз рӯи самтҳои асосии таъминоти аҳолӣ бо кор гуногун буда, арзишноктарин ҷойҳои нави корӣ ба инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҳама арзон бошад, ба хонакорӣ, хусусан, ба ҳиссаи худкорӣ мувофиқ меояд. Ин ҳолат аз самаранокии истифодаи шаклҳои ғайрианъанавӣ дар таъмин бо шуғл далолат медиҳад.
Дар ин бобат қарорҳои роҳбари давлати мо «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди дастгирии соҳибони қитъаи наздиҳавлӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл» (18 майи соли 2020) ва «Дар бораи чораҳои соддагардонии аз ҷониби давлат ба тартиб андохтани фаъолияти соҳибкорӣ ва худкорӣ» (8 июни соли 2020) қабул карда шуданд, ки асоснок ва бамавқеъ мебошанд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки таҳти ташаббуси Президентамон дар шакл, мазмун ва принсипҳои таълими раҳнамунсозӣ ва омоданамоии ҷавонон ба касбу ҳунар дигаргунӣ рӯй дод.
Аз стандартҳои таълими сесола даст кашида, дар асоси барномаҳои таълими умумии дусола ва интегратсияшудаи фанҳои мутахассисӣ омодасозии кадрҳо ба роҳ гузошта шуд.
Ҷавононе, ки имрӯзҳо дар мактабҳои касбу ҳунар мехонанд, ба ҷои корӣ, аз рӯи самтҳои худ бо дониш ва малакаи зарурӣ молик бояд бошанд. Бинобар ин принсипи асосии сохтори нав – дар навбати аввал ҷои корӣ аниқ мегардад, баъд кордиҳанда талабҳои малакавии худ, илм ва технологияи омӯзиши ҳамин касбу ҳунарро тақдим месозад, баъди он мутахассис тайёр карда мешавад.
Мазмуни ин сохтор лаҳзаҳои такмили ихтисос намуданам дар коллеҷи техникии Архуси давлати Данияро ба хотирам расонд. Дар онҳо низ айнан ҳамин гуна тартиб. Аз ин мебарояд, мо мувофиқ ба андозаҳои ҷаҳонӣ, дар асоси талаботи бозори меҳнат ба омодасозии кадрҳо гузаштаем. Соҳибони касбу ҳунар, ки талаботи бозорро ба ҳисоб мегиранд, асло камбағал намешаванд.
Воқеан, ҷавонони азиз, дар мамлакатамон ба мактабҳои касбу ҳунар қабул оғоз ёфт. Рӯзҳои 5-20 июли соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои хатмкардагони синфи 9-ум, ки ба соҳиби касбу ҳунар шудан хоҳиш доранд, бо тарзи онлайн тавассути платформаи электронии kasb.edu.uz қабул карда мешаванд.
Ояндаатон дар дасти худатон!
Тавре ки мегӯянд, камбағал шуда таваллуд ёфтани инсон айб нест, балки камбағал шуда зиндагӣ кардан ва аз дунё ночор гузаштан айб аст!
Зафар ХУДОЙБЕРДИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.