СОҲИБҚИРОН – ОЙИНАИ ТАЪРИХ

Дар Донишкадаи сохтмону муҳандисии Намангон бо ташаббуси Маркази ахбору захираҳои вилоят бахшида ба 687-солагии Амир Темур чорабинӣ таҳти мавзӯи «Фактҳо доир ба Амир Темур: оё шумо ҳам медонед?» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҷонишини якуми кор бо ҷавонон ва корҳои маънавию маърифатии институт О. Ҷакбаров, дотсенти кафедраи математика О. Эгамбердиев, мудири кафедра А. Ҷӯраев, номзади фанҳои таърих, дотсент С. Каримбоева, номзади фанҳои таърих Б. Аббосов ва муаллими калон Б. Исҳоқов иштирок намуда, доир ба ҷавонии Амир Темур, идоракунии давлати адолатнок, инчунин дар бораи асари «Тузукоти Темур» маълумот доданд. 
Нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар давлатҳои хориҷӣ низ доир ба ҳиссаи бузурги Темуриён дар тамаддуни ҷаҳонӣ асарҳо офарида шуда истодааст, тадқиқотҳои илмӣ беш аз пеш рӯйи кор меоянд. Таъкид гардид, ки осори Амир Темур – ҳамчун намунаи шуҷоат, мардонагӣ ва адолат дар ташаккули маънавияти халқ ҳиссаи бузург дорад.  
Бо ташаббуси мудири шуъбаи хидмати ахбору захираҳои китобхона Норинисо Ғойибназарова намоиши китоби «Соҳибқирон Амир Темур – ойинаи таърих» баргузор гардид. Тақдимоти видеоролик бахшида ба ҳаёт ва осори Амир Темур, ки аз ҷониби мудири шуъбаи ахбору захираҳои электронӣ М. Мадраҳимова тайёр карда шудааст, ба ҳозирон шавқи зиёд бахшид. 

Фирӯза ҚАЮМОВА, 
директори маркази ахбору 
захираҳои ДСМН,
Муяссархон МАДРАҲИМОВА.            
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: