СОЯ ВА РАВШАНИҲО ДАР ТИБ

Агар гӯем, ки ҳаракатҳои ҷиддӣ дар роҳи ислоҳоти тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ дар мамлакати мо ҳанӯз 20 сол муқаддам оғоз ёфта буданд, хато намекунем.

Агар гӯем, ки ҳаракатҳои ҷиддӣ дар роҳи ислоҳоти тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ дар мамлакати мо ҳанӯз 20 сол муқаддам оғоз ёфта буданд, хато намекунем. Соли 2000-ум дар кишвар «Соли авлоди солим» эълон гашт, як қатор корҳо бобати ҳарҷиҳата солим ва баркамол тарбия намудани фарзандон ба амал бароварда шуданд, баҳри ташаккул додани оилаи солим дастуру барномаҳо ҷорӣ гардиданд. Соли «Модар ва тифл» давоми мантиқии он қарор гирифт. Дар ҷараёни ба амал баровардани Дастури давлатӣ 580 ҳазор нафар бонувонамон дар маркази «Скрининги модар ва тифл» аз назорати тиббӣ гузаронида шуданд. «Соли саломатӣ» эълон гардидани соли 2005 ба рушди тиббиёти мо такони тоза бахшид. Баҳри ташаккули ҷаҳонбинӣ ва афкори вобаста ба тарзи солими ҳаёт корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар миқёси васеъ корбаст гаштанд. Солҳои 2008-2017 эътибор ба тиббиёт муттасил идома ёфт. Саломатӣ, ки неъмати бебаҳост, солимии мардуми ин диёр боигарии асосии мамлакат арзёбӣ гашт. Дар натиҷаи ба амал баровардани чорабиниҳое, ки дар барномаҳои давлатӣ муайян шудаанд, муносибат ба масъалаи авлоди солим, аз патронажҳои тиббӣ гузаронидани писарону духтароне, ки дар остонаи ҳаёти мустақил қарор доранд, куллан тағйир ёфт. Се соли охир бошад куллан ислоҳсозии системаи хидматтрасонии тиббӣ яке аз масъалаҳои устувор қарор гирифт. Сарвари мамлакат Шавкат Мирзиёев ҳанӯз рӯзҳои аввали шурӯъ ба президентӣ ба як гурӯҳ ходимони  шоистаи соҳаи тиббиёт мулоқот намуд. Масъала ва мушкилот доири соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Президент арзу ниёз, таклифу пешниҳодоти посбонҳои саломатиро шунид. Изҳор кард барои раҳоӣ аз иллатҳое, ки ба пешравии корҳо халал мерасонанд, дар навбати аввал офаридани шароити мусоиди корӣ, таъмин сохтани муассисаҳои муолиҷавӣ бо технологияҳои тиббии асрӣ ё худ мустаҳкамсозии базаи моддӣ-техникии шифохонаҳо хеле зарур. Баланд бардоштани маоши кормандони тиб ва нуфузу эътибори онҳо дар ҷамъият, айни замон, яке аз муҳимтарин вазифаҳо, таъкид намуд Президент.
Ду-се соли охир маош баланд ва шароити корӣ беҳтар гардид. Бинои муассисаҳои муолиҷавӣ қад рост кард. Дар доираи ба амал бароварда шудани барномаҳои давлатии «Маҳаллаи обод», «Маркази обод» ободониҳо дар тиббиёт низ инъикос ва намуди замонавӣ гирифтани биноҳои муолиҷавӣ ҳусни ҳудудҳоро афзуданд.
Дар соли 2020 барои таъмини муассисаҳои давлатӣ ва аҳолӣ бо дорувору лавозимоти тиббӣ 1,5 триллион сӯм ҷудо карда шудааст.
Айни замон дар мамлакати мо барпо ва таъмири 281 муассисаи тиббӣ ба нақша дароварда ва барои  ин ҷудо гардидани 1,1 триллион сӯм мавриди назар қарор гирифтааст. Чӣ тавр идора шудани марказҳои илмию амалии тиббӣ низ аз эътибор дур нест. Ҷорӣ карда шудани системаси муосири идоракунӣ дар 17 маркази илмию амалӣ, баҳри пешгирии ҳар гуна бемориҳо, дар навбати аввал, касалиҳои гемотологӣ ва сирояткунанда чораю тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Президентамон дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис, аз ҷумла, изҳор дошт, барои ислоҳоти кулли системаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ зарур аст, ки дар соли 2020 қонун дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ қабул карда шавад ва тамоми чораҳои ташкилӣ барои ҷорӣ кардани системаи нав таҳия карда шаванд.
Ба иҷрорасии корҳои муҳим – айни муддао. Вале, айни замон, бачашмхӯрии норасоиҳо – ташвишангез. Баробари дорувори хушсифат дар растаи дорухонаҳо ҷой пайдо кардани дорувори пастсифат ва барои истеъмол пешниҳод карда шудани онҳо аз ҷониби шифокорон сир нест. Пешгирии гардиши маҳсулоти қалбакӣ, ки ба ҷойи фоида зарар меоварад, ниҳоят зарур. Дар тартиби «онлайн» гузошта шудани нархҳои воқеии дорувор, ташкил намудани ин гуна система дар ҳар як дорухона – бисёр муҳим. 
Ду даҳсола қабл дорухонаҳо башумор буданд. Ҳоло дар ҳар қадам як дорухона. Бисёр шудани миқдори онҳо, албатта, ба манфитаи кор. Таҳти назорати қатъӣ гирифта шудани нархномаҳо аз рӯйи як қатор номгӯйи дорувор, саъйҳо дар роҳи таъмини дастрасии нарх ва гирифтани пеши роҳи воридшавии дорувори қалбакӣ самара мебахшанд. Вале дорувор ҳамон аз масъалаҳои дарднок. Дар қуттичаҳои доруворе, ки аз дорухонаҳои шаҳр мехаред, ба ҳар ҳол, нархи онҳо сабт шудааст. Вале дар дорухонаҳои деҳот на ҳамеша инро мушоҳида мекунед. Албатта, духтурони соҳибтаҷриба, фидоӣ ва бовиҷдон бисёр. Фориғбол, таваккалан ба ташхис ва табобат муносибат мекардагӣ «хилъати сафедпӯш»-ҳо, айни замон, кам не. Ҷуз ин «ҳамкорӣ» миёни баъзе ходимони тиббиёт ва доруфурӯшҳо сир нест. Ин ҳабдоруро аз фалон дорухона пайдо карданатон мумкин – адреси аниқро нишон медиҳанд «сафедпӯш»-ҳо.
Хуб мешуд духтур қабл аз варақро бо ретсеп (рӯйхати доруҳо) пур кардан аввал хуб фикр кунад, ки тавсияаш ба дарди бемор мехӯрад ё не. Таваккалан корбариҳо нафақат ба зарари моддии корафтода, балки ба «касалии навхари»-и бемор сабаб шуданаш мумкин.
Вақтҳои охир чун марказҳои муолиҷавии хусусӣ шароити созгор ва замонавиро моликгардии муассисаҳои тиббии давлатӣ воқеаи хурсандибахш. Бигузор, бемор ба ҷои дилхоҳаш муроҷиат кунад. Мешавад, ки гоҳо аз деҳ ба шаҳр меҳмонӣ омада, ба поликлиникаҳои оилавӣ рӯйи ниёз оранд. Не нагуфта, кӯмак расонданашон мумкин ходимони ин даргоҳ, вале бетамаъ не...
Порахӯрӣ мавзӯи гуфтугӯи алоҳида. Шунидам, ки фалон духтур аз вилояте ба пойтахт овардааст писарашро, ба фалон ҳазор доллар ӯро бо коллеҷи тиббӣ гапзанон кардааст. Бовар кардан душвор: ба институт не, ба коллеҷ ин қадар ришват...
Баъдтар ошкор гашт омӯзгори коллеҷ бачаро алоҳида тайёр ва ба институти тиббӣ дохил шудан, диплом гирифтани ӯро «гарантия» медодааст ба ивази он чанд ҳазор долларе, ки гирифт.
Чанд ҳазор доллар... То ду-се соли охир маоши ночиз мегирифтанд ходимони тиб. Духтуре, ки писарашро хонондан хост, ин миқдор пулро чӣ тавр ғун кард?
Дар муассисаҳои тиббӣ нарасидани шифокорони соҳибтаҷриба, дар шароити деҳот камшумории кадрҳои ихтисоснок як масъала бошад, бо пора ба институтҳо дохил ва соҳиби диплом шуда, дар беморхонаҳо фаъолият бурдани кадрҳои бесалоҳият – масъалаи дигар. Сӯзандору гузарондан ба бемор – ба зиммаи ҳамшира ё бародари шафқат. Онҳо ҳузур дошта бошанд, хуб, набошанд-чӣ? Духтур «укол» карда метавонад ё не? Мутаассифона, на ҳама духтурон аз ӯҳдаи ин кори оддӣ мебароянд ё сӯзандору гузаронданро ба худ раво мебинанд.
Байни  се соҳае, ки коррупсия бисёртар ба мушоҳида мерасад, соҳаи тиб низ қарор доштааст, ки ин ҳолати бисёр ногувор. Ба наздикӣ оиди масъалаи коррупсия дар сохтори нигаҳдории тандурустӣ ва пешгирии он дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ҷамъомад баргузор ва дар он таъкид гашт, тӯли ду соли охир дар соҳа камбудӣ ва норасоиҳои зиёди молиявӣ ба андозаи 36 миллиарду 200 миллион сӯм ошкор гардиданд. Барои роҳ гузоштан ба қонуншиканӣ 581 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки аз онҳо 111-то каҷ по ниҳоданҳо дар коррупсия арзёбӣ гардиданд.
Коррупсия дар соҳаи тиб... Тамаъгариҳо дар соҳа мақоли «буз дар ғами ҷон, қассоб дар ғами чарбу»-ро ба хотир намеоранд?
Дар фуроварди сухан чӣ қадар вазнин, масъулиятталабии касби шифокорӣ, фаъолият бурда истодани ҳазорҳо духтурону хоҳарони шафқатро дигарбора таъкид карда гузаштанро лозим мешуморем. Хусусан, дар ин рӯзҳо, ки коронавирус касро нороҳат месозад, ташвишу тараддуди пизишкон боз зиёд. Мешавад, ки дар як шабонарӯз 24 соат солимии мо посбонӣ намоянд онҳо. Сиҳат бошанд!
Боз мехостем ҳамкории шифокорон бо табибони халқӣ мустаҳкам бошад. Қарори ду сол қабл қабулкардаи Президент марбут ба дастгирии тибби мардумӣ татбиқи амалии худ ёбад. Дар институтҳои тиббӣ самт ва нозукиҳои  табобати мардумӣ низ омӯзонида шаванд. Баробари рекламаи дорувор ва масканҳои шифоии хусусӣ ба рекламаи рустаниҳои шифобахш ва табибони ҳозиқи мардумӣ, ки илми Абуалӣ Синоро зинда медоранд, роҳи васеъ кушода шавад.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: