СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ АГЕНТИҲОИ АХБОРИ «ДУНЁ» ВА «NATIONAL HERALD TRIBUNE»-И ПОКИСТОН

Дар сафоратхонаи мамлакатамон дар Покистон маросими ба имзо расондани Муоҳида дар бораи ҳусни тафоҳум байни Агентии ахбори «Дунё»-и ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва рӯзномаи ҳаррӯзаи англисии «National Herald Tribune» ба амал омад.

Рӯзномаи «National Herald Tribune» соли 2008-ум таъсис ёфта, яке аз нашрҳои чопии оммавии Покистон ба шумор меравад. Аз моҳи декабри соли гузашта нашр бахшида ба Осиёи Марказӣ боби нав боз кард, ки дар бораи мамлакатҳои минтақа хабарҳо чоп мешаванд.
Асосгузор ва сармуҳаррири рӯзнома Г. Акбар таъкид намуд, ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳон, аз он ҷумла, Покистон дигаргунсозиҳои Ӯзбекистони нав, ислоҳоти асосӣ ва бисёрнақшаеро, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ гардида, ба раванди минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд, бо шавқу рағбати баланд мушоҳида менамояд. 
Бинобар суханони ӯ, мероси таърихӣ, маданиву инсонпарварии халқи Ӯзбекистонро ҷомеаи Покистон баланд қадр менамояд. Дар ҷанбаи мазкур ташаббусҳои роҳбарияти Ӯзбекистон бинобар дастгирӣ кардан  ва тарғиби исломи маърифатнок, ки маркази асосии он Самарқанд ва Бухоро буд ва хоҳад монд, алоҳида таъкид гардидааст. 
Рушди муназзами  сайёҳии зиёратӣ дар Ӯзбекистон дар олами исломӣ мамлакатро ба самти ҷолиби сайёҳӣ  баровард ва ба оммавӣ гардондани арзишҳои исломи кушодадил мусоидат менамояд, менигорад сармуҳаррири  нашр.
Бо назардошти фикрҳои изҳоршуда, чӣ хеле ки Г. Акбар қайд менамояд, ба имзо расонда шудани созишнома байни ОИ «Дунё» ва «National Herald Tribune» дар рушди ба ном дипломатияи халқии байни мамлакатҳоямон қадами муҳим мебошад. 
Дар рӯзҳои ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонандагони нашр бо материалҳо бахшида ба санаи муҳими ҳаёти мамлакат шинос шуданд. Аз ҷумла, дар яке аз онҳо дар бораи тантанаҳои ҷашнӣ, ки дар Қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» ба амал омад, нақл карда мешавад.
«Ӯзбекистон 28 сол қабл истиқлолияти давлатиашро эълон кард. Ин рӯз барои таҷассуми орзуву омол  ва комёб шудан дар роҳи бунёди ҳаёти озод ва фаровон нуқтаи асосӣ гардид, ба ҷашни аз ҳама бузург, аз ҳама азизи халқи Ӯзбекистон табдил ёфт» – менигорад рӯзнома.
«Имрӯз мо тамоми асосҳоро дорем бо ифтихор бигӯем, ки: халқи марду олиҷаноби мо, сарфи назар аз озмоишҳои мураккаб иродаи мустаҳкам нишон дода, дар роҳи интихобнамудаи мустақил содиқ монд. Дар айни ҳол Ӯзбекистон ба зинаи нави рушди худ қадами қатъӣ гузошт», суханони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро меорад нашр. 
Дар материал дар бораи  таҳти роҳбарии сарвари давлат  татбиқ гардидани ислоҳоти пайваста дар соҳаҳои мухталиф, рӯҳи навсозии ҳаёти ҷамъият муфассал нақл карда мешавад.
Мувофиқи созишнома, рӯзномаи «National Herald Tribune» ҳар рӯз бахшида ба Ӯзбекистон бе пул мақолаву маводҳои дигар чоп мекунад. 

ОИ «Дунё», 
ИСЛОМОБОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: