СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ ИЛМӢ БА ИМЗО РАСИД

Байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ ба имзо расид.

Байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ ба имзо расид. 
Ба иттилои директори Институти  физика ва техникаи  ба номи С. Умаров Фарҳод Шокир Созишнома ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии якҷояро дар самтҳои афзалиятнок барои рушди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла дар самти физикаи ядроӣ, физикаи назариявӣ, физикаи ҳолатҳои конденсӣ, оптика, электроникаи квантӣ, мушкилоти физикӣ-техникии энергетика, татбиқи методҳои таҳқиқоти физикӣ дар соҳаи тиб, методҳои ядроӣ-физикии таҳқиқот, физикаи нурҳои кайҳонӣ ва энергияҳои фавқулбаланд, физикаи нимноқилҳо, шаклбандӣ ва сохтори кристаллҳо, спектроскопия, физикаи сегнетоэлектрикҳо ва диэлектрикҳо пешбинӣ менамояд.
Созишномаи мазкур дар доираи Конференсияи илмию амалӣ, ки 14-15 сентябр таҳти унвони «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматӣ ва олимони институтҳои тадқиқотии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид, ба имзо расид.
Дар доираи конференсияи мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040, инчунин вохӯриҳои намояндагони институтҳои физика, математика, химия, геология ва техникаи ҳарду давлат доир карда шуд.
— Дар ҷаҳони муосир, таҳқиқот дар соҳаи илмҳои дақиқ дар самти тезонидани пешрафти илмӣ-техникӣ ва таҷрибаи фаровони баргузории тадқиқоти илмӣ дар институтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мо имконият медиҳад, ки мушкилоти муосири илмиро якҷоя ҳал намоем, сифат ва умқи таҳқиқоти илмиро мунтазам баланд бардорем, — гуфт директори Институти  физика ва техникаи  ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Шокир.

АМИТ «Ховар».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: