СОЗУ ОВОЗЕ, КИ МЕБАХШАД БА ДИЛҲО ШАВҚУ ШӮР...

Рӯзе яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо мекардам.

Дар ин асно ровӣ водорам кард, ки ба суханони ӯ бештар  диққат диҳам. Ровӣ эълон кард, ки ҳамсӯҳбаташ ҳунарманд аз водии зарбахши Вахш  Амриддини Кабир мебошад ва илова намуд, ки бинандагон дар ин чанд лаҳза метавонанд аз суруду таронаҳои ҷаззоби ӯ низ баҳраманд шаванд. Ин барномаро то охир бо шавқу завқ тамошо кардам ва ин беҳуда набуд. 
Таронаҳои Амриддини Кабирро борҳо шунида будам. Аммо ҳаргиз иттифоқ наафтода буд, ки бевосита ҳамсуҳбат бошам ва дар ҳузураш аз садои марғуладору ҷарангосиаш баҳра барам. Чунин иттифоқ дар шаҳри Бишкек рух дод. Дар яке аз маросимҳои хурсандии тоҷикони ин шаҳр, ки онро Амриддини Кабир ба хондани таронаҳои марғубу  дилпазир гарм мекард, ширкат доштам. Баъди анҷоми он бо ҳам каме суҳбат кардем.  
Воқеан,  Амриддин таронаҳои марғуб мехонад ва дили шавқмандони созу сурудро сурур мебахшад. Ман дар ҳар маҳфилу маросим сурудаҳои Амриддинро бо диққати том гӯш мекардам. Ин таронаҳои ҷаззоб  эҳсосоти наҷиберо ҳамеша дар ман  бедор мекард ва  манзараҳои зодгоҳам – Сӯхро  пеши назар ҷилва медод гӯям, муҳобот нахоҳад шуд.
Вақте ки  мулоқотҳои мо бо ин ҳунарманди мумтоз аз лаҳзавӣ ба давомдор табдил ёфт, аз кору фаъолияти якдигар бештар бохабар шудем. То охири соли 2010  байни ману вай риштаи дӯстиву рафоқат хеле мустаҳкам гардид.
Бояд иқрор шавам, ки аз суҳбату боздидҳои нахустин фурӯтанӣ, хоксорӣ ва нармгуфтории Амриддини Кабир аксариятро ба худ ром мекард. Муштарии рӯзнома  огаҳ аст, ки дар зиндагӣ овозхонҳои мақому манзалатталаб кам нестанд. Аммо Амриддин  аз ҳамин гуна хислатҳои номатлуб ҳамеша парҳез мекард, барои ҳамин дар миёни ҳаводоронаш ҳурмату иззаташ  меафзуд. 
Рӯзе Амриддин хоҳиш кард, ки ба ҳузураш биёям ва чанд суруди нави таҳиякардаашро гӯш кунам. Вай мехост бидонад, ки  фикри ман   пиромуни оҳангҳо ва мувофиқати он бо ашъоре, ки аз шоирони классик ва  муосири форсу тоҷик интихоб кардааст, чӣ гуна  аст. Баъд Амриддин ба тор нохун зад. Чунин менамуд, ки садои он ҳатто  паррандаҳои атрофро муддате аз чир-киркунӣ боздошта бошад, баъд овози марғуладори ӯ баланд шуд. Шеър аз Ҷалолиддини Балхӣ буд, ки матлаъаш ин аст: 
Мо зи болоем, боло меравем,
Мо зи беҷоем, беҷо меравем.
Оҳанг ончунон ба матни шеър пайваставу омезиш ёфта буд, ки гӯё як ҷисму як тан бошанд. Ман бо завқи том ба оҳангҳо ва таронаҳои Амриддин гӯш додам. Ҳамин тавр, сурудҳои нави ӯ «Ҳангоми дидан дер шуд», «Модар», «Дӯстӣ» ва амсоли он арзи вуҷуд карданд, ки вай дар маҳфилу маросимҳо онро пешкаши мардум мегардонид. 
Амриддини Кабир дар интихоби шеър заковати баланд дорад. Вай  бештар ба ашъори классикони адабиётамон рӯй меоварад, дар радифи он шеърҳои шоирони муосирро низ хеле устокорона интихоб менамояд, ки барои шунавандаҳо низ ҷаззобу форам аст. Шумори сурудҳояш хеле зиёданд: «Ошиқ шав, эй дил», «Кабки дарӣ», «Тоҷикистонам», «Гар тавонӣ, гиря кун», «Гул ба ганҷина», «Месӯзад» аз зумраи он буда, дар дили  ҳаводоронаш маъво гирифтаанд.
Қобил ба ёдоварист, ки дар Қирғизистони ҳамҷавор, айёме ки Амриддини Кабир ба ҳайси паноҳанда он ҷо муддати дароз зиндагиву эҷод кардааст, тоҷиктаборон зуд-зуд ҷамъ омада, маҳфили шеъру суруд баргузор мекарданд. Албатта, баргузории ин  маҳфилро бидуни  суруду таронаҳои Амриддин тасаввур кардан душвор буд. Вай  ҳамчунин дар маросимҳои тантанавӣ низ аз аҳли ҳунари тоҷик намояндагӣ мекард.
Рӯзе Амриддини Кабир ба ноҳияи Сӯх омад. Вай  гуфт, ки барои хидмат ба сокинони  ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд равона аст. Як шаб меҳмони сӯхиён шуд. Дӯстони зиёд ҷамъ омаданд ва суҳбатҳои самимӣ, суруду мусиқӣ то ними шаб давом кард.
Амриддини Кабир баъди бозгашт аз муҳоҷирати Қирғизистон дар вилояти Хатлон машғули кору зиндагӣ мебошад. Тавре ки вай гуфт, баъди бозгашт аз Бишкек, дубора ба эҷоди таронаҳои нав машғул шудааст.
Соли 2010 Амриддини Кабир бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон ба унвони «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» сазовор дониста шуд. 
Амриддини Кабир ҳини суҳбат  зикр намуд, ки дар ин айёми нарму гарм шудани робитаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамтояш Матлуба Дадабоева аз шарафи дастёбӣ ба унвони «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» комёб гардид ва ин яке аз ҳодисаҳои нодири ду даҳсолаи охир мебошад.
Соли 2011 дар ширкати садову симои вилояти Фарғона ба кор сар кардам. Бо  машварати роҳбарияти он ва талошҳои банда барномаҳои тоҷикии радио, ки моҳҳои тӯлонӣ хомӯш буд, дубора эҳё гардид. 
Аз ҳамон вақт то кунун барномаҳои тоҷики радиои Фарғонаро пораи оҳанги яке аз сурудаҳои Амриддини Кабир ҳусни оғоз мебахшад. Оҳанги хубу ҷаззоб ва шуниданист. Ҳаводорони мо бо шунидани он огаҳ мешаванд, ки дар пахши ҳаво барномаи тоҷикии радио садо медиҳад,–  мегӯяд масъули барномаҳои тоҷикии Ширкати садову симои вилояти Фарғона Масъуд Мирзоев. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: